11:36:36 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАЗИЯИ ХАЛАБОНҲО ВА МУНОҚИШАИ МУФТӢ БО ЭШОН: УМУМИЯТ ВА ХАТАРИ ОНҲО

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Чандест фазои сиёсиву иҷтимоии Ватани азизи моро абрҳои тираву сиёҳи нороҳаткунандаву ташвишоранда фаро гирифтааст. Худо кунад, ки ин абрҳои сиёҳ балоҳоеро дар пай надошта бошанд, ки ҷомеъаи мо баъди тӯфони солҳои 90-уми асри гузашта тобу тоқат ва ё омодагии паси сар кардани чунин як имтиҳони сангинеро дигар нахоҳад дошт. Мепурсед, ки кадом абрҳои сиёҳро дар назар дорам? Хуб, посух медиҳам ва барои шарҳи он Шуморо, муштариёни гиромӣ, ба осмонҳо намебарам.

/images/stories/2011/12/26_ruzgor.tj_261211.jpg

Қазияи халабонҳо тасодуфӣ буд ё тарҳрезишуда?

Қазияи халабонҳоро мегирем. Касе агар фикр кунад, ки мушкили халабонҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари мо як амри тасодуф буд, мулоимтар карда бигӯем, ӯ хато мекунад. Шояд ба Тоҷикистон фирор кардани халабонҳо аз Афғонистон тасодуф буд. Дар ҳамин ҳам шак дорам, чунки тибқи хабарҳо тарафи Тоҷикистон ба талаби халабонҳо дар бораи додани иҷозати фурӯд ба яке аз майдонҳои ҳавоии Тоҷикистон борҳо ҷавоби рад додааст. Яъне ба он маъно ки «шумо мушкил доред, мо намехоҳем дар он шарик бошем, ба кишвари мо наоед».

Вале барои чӣ онҳо ин ҷавоби радро нодида гирифтанду боз ҳам дар майдони ҳавоии Қӯрғонтеппа поин шуданд? Хуб, фарз кардем, барои ба Кобул бозгаштан сӯзишвориашон намерасид. Чаро ба Қундузи Афғонистон ва ё Тирмизи Ӯзбекистон, ки аз Қӯрғонтеппа чандон дур нестанд, нарафтанд? Хайр, ба ҳар ҳол, дар майдони ҳавоии Қӯрғонтеппа фурӯд омадани тайёраҳои марзшиканро ҳамчун амри тасодуф бо як мушкилӣ қабул мекунем. Вале он чи ки баъди фурӯд омадани ҳавопаймоҳо дар Қӯрғонтеппа гузашт, бе шакку шубҳа ҳама тарҳрезишуда буданд.

Варна чаро рӯзу моҳҳои аввали боздошт шудани халабони рус тарафи Русия -на раҳбарияти кишвар, на вазорати хориҷии он, ҳатто на сафорати онҳо дар Тоҷикистон, ки бешубҳа аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ доштанд, ки чунин як иттифоқе бо шаҳрванди онҳо дар Тоҷикистон рух додааст, дар ҳимояи ӯ садо баланд накарданд? Чаро бо каналҳои дипломатӣ пайи дарёфти роҳҳои ҳалли барои ҳарду ҷониб муносиб ва қобили қабул нашуданд?

Ёдам меояд дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дақиқан нимаи аввали соли 1993, чанд нафар марзбони русиро аз сарҳад муҷоҳиддони афғон асир гирифта ба дарунтари Афғонистон бурданд. Он вақт Президенти Русия Борис Елтсин аз раҳбари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки дар раҳоии онҳо мусоидат кунад. Президент дар сафари нахустини худ ба Афғонистон августи соли 1993 бо кӯмаки шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд ва шодравон Бурҳониддин Раббонӣ ин корро иҷро кард. Асиронро озод кард, овард ва ба Русия супурд.

Ё чанде пештар, дар ҳамин рӯзҳои мо, бо дархости Эмомалӣ Раҳмон Хомид Карзай, Президенти Афғонистон, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар зиндони Кобул маҳбус буд, афв намуда озод кард ва ба Тоҷикистон фиристод. Оё Д. Медведев, Президенти Русия, кишвари «шарики стратегии мо», наметавонист, ки баъди шунидани ин хабар ба Президенти Тоҷикистон занг бизанаду дархости мусоидат кунад? Метавонист, вале ин корро накард. Зеро мақсадаш дигар буд.

Мақсад аз ин қазия чӣ буд?

Мақсад ҳамон коре буд, ки баъдан карданд. Яъне а) ба роҳ мондани маъракаи тоҷикситезӣ дар матбуоти Русия, б) ба мақсади фишор овардан сари ҳукумату бесубот сохтани ҷомеъа боздошт ва ихроҷ кардани муҳоҷирони меҳнатии тоҷиктабор аз Русия, в)  бо ҳамон мақсад манъ кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия бо иттиҳоми тавҳиномези ба касалиҳои сирояти бештар гирифтор будани мардикорони тоҷик, г) маҳдуд кардани интиқоли маблағҳои бо заҳмат бадастовардаи муҳоҷирин тавассути бонкҳо аз Русия ба Тоҷикистон ва ғайраву ҳоказо.

Таҳдидҳое ба монанди дар ҳалли қазия истифода бурдани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз сӯи бархе мансабдорон ва сиёсатмадорони он кишвар сурат гирифтанд. Воқеан маҳз дар ҳамин давра дар матбуоти Русия иттилоъ пахш шуд, ки тибқи он вазорати дифои ин кишвар сарбозони лашкари дар ҳудуди Тоҷикистон будаашро бо сарбозони таҷрибадортаре, бо онҳое, ки бо шартнома хизмат мекунанд, иваз хоҳад намуд ва бояд гуфт, ки  ба иҷрои ин кор аллакай шурӯъ карданд. Аз чанд баробар боло бурдани ҳаҷми маоши кормандони мақомоти интизомӣ ва хизматчиёни нирӯҳои мусаллаҳашон низ хабарҳо нашр шуданд.

Маҳз дар ҳамин давра дар ҳудуди Ӯзбекистон роҳи оҳане, ки аз тариқи он ба қисмати ҷанубии Тоҷикистон борҳои барои хоҷагии халқ ҳаётан муҳим бурда мешуданд, тахриб карда шуд ва то ҳоло бо вуҷуди таҷаммӯъи 320 вагони пурбор дар он мавқеъ он роҳ тармим нашудааст. Аз ҳамин роҳ ба вилояти Хатлон тоҷирон маводи хӯрока мефиристоданд. Бовар кунед, тақрибан ду-се моҳ пеш нархи орду равғану қанд дар вилояти Хатлон дар муқоиса бо дигар ҷойҳои кишвар нисбатан арзонтар буд.

Имрӯз нархи ҳамин маҳсулоти барои қишри камбизоати аҳолӣ ҳаётан муҳим дар ин вилоят ба таври қобили мулоҳиза баланд рафтааст. Маҳз дар ҳамин давра бо баҳонаи ташаннуҷи авзо дар сарҳад Ӯзбекистон техникаи низомии хешро ба навоҳии наздик ба марзи Тоҷикистон таҷаммӯъ сохт. Ҳамаи ин корҳо ба он хотир карда мешаванд, ки дар байни мардум тухми нобоварӣ ба оянда ва норозигӣ аз ҳукумат кошта шавад, миёни аҳолӣ тафриқаву ихтилоф эҷод шавад ва дар фурсати муносиб аз он ба нафъи хеш истифода намоянд.

Мавқеи раҳбарияти сиёсӣ равшан ва қобили дарк буд

 «Инқилоби Бухоро», «Кӯмаки интернатсионалистӣ ба Афғонистон», «Инқилобҳои ранга», «Мубориза бо террористони байналмилалӣ», «Мубориза бо дорандагони силоҳи қатли ом», «Пуштибонӣ аз табааи хеш», «Баҳори араб» ҳамаи ин ҳаводиси таърихӣ, ки дар ин ё он мамлакат сурат гирифтанд, натиҷаи ҳамин гуна корҳои қабл аз вуқӯъи ин воқеаҳо анҷом додаи абарқудратҳо ва дигар кишварҳое ҳаст, ки бисёр мехоҳанд низом ва ҳукуматҳоро дар кишварҳои мавриди назарашон ба манфиати хеш табдил бидиҳанд.

Ба сари қудрат онҳоеро биёранд, ки бештар гаправтаранд, манфиатҳои хоҷагони худро бештар ба назар бигиранд. Барои ин кор сурат бигирад онҳо омодаанд, кишварро харобу валангор бисозанд. Аслан агар амиқтар назар афканем харобу валангор кардани кишваре, ки дар он ҳукуматашро мехоҳанд тағйир бидиҳанд,  шояд мақсади асосӣ бошад. Зеро дар ҳамин сурат сарватҳои ии кишварро, махсусан сарватҳои зеризаминии онро, бурдан ба маротиб осонтар мешавад. О, то сохтани заводу фабрикаҳои нав ашёи хомро чӣ гуна метавон дар ин ҷо коркард намуд? Барои сохтани иншоотҳои нави замонавӣ пул даркор аст.

Барои ҳамин ашёи хомро бо нархи арзон ҳам бошад фурӯхтан лозим то як гӯшаи дигарро обод намоӣ. Маъмулан дар чунин шароити вазнини иқтисодӣ сарватҳои маънавӣ, ба хусус «ақлҳо» низ аз кишвари ҷангзада «фирор» карда худ ба худ дар хизмати онҳо қарор мегиранд. Яъне онҳо боз қувваи кории арзон низ пайдо мекунанд. Мардум боз ба кишварҳои мухталиф муҳоҷир мешаванд. Ҳуқуқи муҳоҷири меҳнатӣ нисбат ба ҳуқуқҳои мардуми таҳҷоӣ албатта ба маротиб камтар аст. Ва помол кардани он ба маротиб осонтар.

Чуноне ки ин иттифоқ бо муҳоҷирони меҳнатии мо дар давраи бӯҳрони халабонҳо дар Русия рух дод. Воқеан, ташвиши як иддаъ зиёиёни тоҷикро, к и бо таъсиси созмоне мехостанд ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирин дар рӯзҳои қазияи халабонҳо мусоидат кунанд, метавон фаҳмид. Вале ин корро агар онҳо дар ҳамкорӣ бо ҳукумат мекарданд ҳам самараи дилхоҳ медоду ҳам таъсири он болои Русия шояд бештар мешуд. Ба он маънӣ ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос мардум маъмулан аз як гиребон сар мебардоранд. Мисолаш ҳамон матбуоти Русия аст.

Дидед, ки чи гуна қазияи халабонҳоро инъикос карданд? Як-та-ра-фа. Ва аммо мавқеи он шахсиятҳои алоҳидаи худиро, ки дар чунин лаҳзаи ҳассос ҷониби Русияро беҷурм дониста дар қазияи халабонҳо айбро яктарафа ба гардани мақомоти дахлдори ҳукумати Тоҷикистон бор карданӣ мешуданд, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон фаҳмид.

Мо тоҷикон як мақоли хуб дорем: «Каҷ бишину рост бигӯ». Бояд гуфт, ки дар масъалаи халабонҳо раҳбарияти сиёсии кишвари мо, ҳам вазорати корҳои хориҷӣ, ҳам мақомоти болотар мавқеи рӯшан, мавқеи қобили дарк доштанд. Мавқеи дахолат накардан ба корҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Дар ҳама кишварҳо дар чунин ҳолат дигар мақомот ҳамин хел рафтор мекунанд. Ба хусус вақте, ки дипломатия ва раҳбарияти сиёсии кишвари дигари зидахл мӯҳри хомӯшӣ бар лаб дорад. Намешавад, ки аз пеши худ ба роҳбари дигар давлат занг заду гуфт, ки «мо ҳамин ҷо як шаҳрванди шуморо, ки ҷиноят содир кардааст, дастгир кардаем, чи кораш кунем, сараш диҳем ё не».

Ин корро ягон давлати соҳибистиқлол намекунад. Хосатан вақте, ки дар ин гӯшаву он гӯшаи дунё аҳёнан дар ҳамин шабу рӯзҳо шаҳрвандони Русияро ба иртикоби содир кардани ҳамин гуна ҷурмҳо боздошту зиндонӣ мекунанду раҳбарияти Русия хомӯш аст. Инҳо ҳам аз ҳамон тоифаи одамони машкук буданд.

Ин ҷониби Русия, махсусан президенти он Дмитрий Медведев, буд, ки бархилофи қонунҳои байналмилалӣ, этикаи муносибати байнидавлатҳо рафтор карда дағалона ба корҳои мақомоти ҳифзи як кишвари дигар дахолат кард. Посухи «ассиметрӣ»-и ӯро мо медонем, ки барои ҷомеъаи мо чи паёмадҳои асафбор дар пай дошт. Ин «посухҳо» зарбаи ханҷареро бар пайкари иҷтимоъи кишвари мо мемонанд, ки захми онро то дер даво бояд кард. 

Бисёр таассуфовар аст, ки дар ин қазия созмонҳои бонуфузи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба даҳон об гирифта буданд. Боз ҳам ҳамон Лукашенкое, ки Ғарб ӯро ба ҷурми нақзи ҳуқуқи башар дар кишвараш Белорус муттаҳам мекунад ва «охирин диктатор»-и Аврупо меномад, садо баланд карду роҳбарияти Русияро барои ин амалаш нисбати Тоҷикистон танқид намуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ҳоло ҳам агар бо ҳамон тарзе, ки қазия ҳал шуд, аз ин мушкил берун шуда бошем, хеле гап аст. Худоро шукр.Вале ба ҳар ҳол омодаи дигар дасисаҳо низ бояд буд…

Маншаъи муноқишаи муфтӣ Саидмукаррам бо Эшони Нуриддин

Як абри сиёҳи дигар дар фазои иҷтимоии кишвар ҳамин муноқишаи нобаҳангоми муфтиёти кишвар бо оилаи Тӯраҷонзодаҳо мебошад, ки мутаассифона, он ҳанӯз ҳам давом дорад ва бадхоҳони миллати тоҷик мехоҳанд онро на танҳо дар дохил густариш бидиҳанд, балки ба сатҳи байналмилалӣ бикашанд. Чи тавре, ки аз хабарҳои матбуот бармеояд, ин баҳси муфтӣ Саидмукаррами Абдуқодирзода бо эшони Нуриддин Тӯраҷонзода аз як маъракае оддие, ки дар хонаи Ҳотам ном шахсе  баргузор гардидааст, шурӯъ мешавад.

Дар он ҷо ҳарду суханронӣ кардаанд ва ҳангоми мавъизаҳо дар ҳузури мардум нисбати якдигар суханҳои пасту баланд гуфтаанд. Кореро, ки бояд ҳарду олими рӯҳонӣ миёни мардум намекарданд, карданд. Яъне агар баҳс карданд бояд баҳсе сурат мегирифт, ки дар ҷараёни он мубоҳисон ба иззати нафси ҳамдигар намерасиданд. Аз хабарҳо бармеояд, ки ҳарду ҷониби мубоҳиса ин шартро риоя накардаанд, ки барои ду олими шинохтае, ки ҷонибдорону алоқамандони зиёд доранд ва худро пайрави мазҳаби таҳаммулгарои Имоми Аъзам (р) медонанд, чунин рафтор дар байни мардум кори савобе буда наметавонад.

Хуб, кор аз кор гузашт дигар. Дар ин байн тибқи хабарҳо дар масҷиди «Муҳаммадия»-и мансуб ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо рӯзи дуввуми декабр дар намози ҷумъа аз шаҳодати набераи Пайғабари Акрам (С) Имом Ҳусайн (р) ёд карданду ба қотилони ӯ лаънат фиристоданд. Яъне кореро карданд, ки ба гуфтаи аҳли ин хонавода ва шоҳидон низ, тақрибан 10-12 сол боз дар масҷид ҳар сол мекунанд. Солҳои пеш касе аз Маркази исломии Тоҷиистон, ки бо номи муфтиёт низ онро ёд мебаранд ва Шӯрои уламои исломӣ дар назди он фаъолият мекунад, бо бад ин тарз ёдбуд кардани шаҳодати Имом Ҳусайн (р) дар масҷиди «Муҳаммадия» мухолифат намекард.

Ҳатто дар замоне (3-4 сол пеш), ки дар ин масҷид ошкоро ба муқобили фаъолияти ҷараёни салафия дар Тоҷикистон мавъизаҳо мекарданд, касе аз салафиҳо ҳам намегуфт, ки чаро дар ин масҷид «Ошуро» таҷлил мегардад. Вале имсол баъди чор рӯзи баргузории ёдбуди шаҳодати Имом Ҳусайн (р) дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо бо имзои аъзои Шӯрои уламои назди Маркази исломӣ дар матбуот баёнияе ба нашр расид, ки дар он бародарон Тӯраҷонзодаҳоро ба хотири дар масҷиди «Муҳаммадия» баргузор кардани маросими «Ошӯро», ки хоси аҳли ташшаюъ ҳаст, муттаҳам карданд.

Саидмукаррам Абдурқодирзода, муфтии ҷавони Тоҷикистон, ки ҳам дар назди уламои кироми Тоҷикистон ва ҳам дар бонуфузтарин Донишгоҳи исломии Покистон таълим дидааст, шояд холисона мӯътақид буд, ки кори ӯ дуруст аст ва бе ягон ғаразҳои шахсӣ Шӯрои уламоро даъват кард то ин ки чунин изҳоротро содир бикунанд. Вале замон, тарзу шеваи иҷрои ин кор нобаҳангому ба фикри мо бе камбудӣ набуд. Зеро ҳанӯз аз зеҳнҳо ҳамон «баҳси чанд рӯз пеши нолозими якдигарсиёҳкунӣ» фаромӯш нашуда буд.

Баъдан бояд ки ба ҷаласаи Шӯрои уламо бародарон Тӯраҷонзодаҳо низ даъват мешуданд то ин ки дар ҷараёни радду бадали бурҳону далелҳо дар доираи уламои киром аниқ мешуд, ки кӣ ҳақ ҳасту ки не. Шояд тарафайн дар ҳамон ҷаласа ба хулосае меомаданд, ки ҳарду ҷонибро қонеъ мекард ва аз идомаи баҳс худдорӣ менамуданд, ки дар натиҷа аз ташаннуҷи авзо дар муҳити мазҳабиёну намозгузорони ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ мешуд. Ин кор ҳам нашуд.

Камбудӣ аз ҳарду ҷониб буд

Ба масҷиди «Муҳаммадия» ба мақсади қироат кардану фаҳмондани моҳияти баёнияи Шӯрои уламо шахсан рафтани муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳам чандон кори дурандешона набуд. Он қадар мушкил набуд тахмин кардан, ки дар ҳаққи имоми як масҷид дар назди қавмаш сухани интиқодӣ гуфтану ӯро дар содир кардани амалҳои ғайримазҳабӣ ҳукм баровардан метавонад аз сӯи қавмаш сари эҳсосот вокунишҳои ғайримунтазираи носолимро ба бор биёрад. Ин чиз ба назар гирифта нашуд. Умуман бетаҷрибагии муфтии ҷавон аз ҳамин баёнияе, к и бо ибтикори ӯ таҳия шудааст, бараъло намудор мешавад.

Агар бетаҷриба намебуд ӯ дар ин баёния ишора ба кишвари Эрон намекард, аз Муҳиддин Кабириву ҳизби наҳзат бо бадӣ ёдовар намешуд, яъне муфтӣ худро ба сиёсат олуда намекард. Ба хусус Тӯраҷонзодаҳоро дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ  дар ҷумҳурӣ гунаҳкор намегуфт. Агар муфтӣ аз ҷанг хабар дорад бояд аз сулҳ низ ӯ ҳатман хабар медошт. Хабар медошт, ки дар хатми ҷанг як санаде бо имзои Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ қабул шуд, ки дар он омадааст: «Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд.

Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд. Мо сӯйистифода аз имконоти расонаҳои омма ва даъвати ошкоро ба нияти халал расондан ба раванди оштии миллӣ, иттиҳоми ҳамдигар ва дар ҳузури ҷамоат аз гузашта ба бадӣ ёд оварданро маҳкум менамоем» ( Аз китоби «Пайки оштӣ (санадҳо)». Тартибдиҳандагон профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Иброҳим Усмонов, Душанбе, 1998, саҳ. 52-54). Ин санад ҳамчун Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар ба қатори санадҳои байналмилалӣ дохил шудааст ва мақомоту мардуми Тоҷикистон онро ҳатман бояд риоя кунанд.

Маҳз ҳамин санади сарнавиштсоз моро маҷбур сохт, ки гунаҳкорони ҷангро фаромӯш кунем. Айбгӯиву гунаҳкорҷӯӣ накунем, ки ин амали беҳудаву хатарнок аст. Зеро дар ин ҷанг як тараф гунаҳкору як тараф бегуноҳ набуд. Дар ин ҷанг яке бо силоҳ одам кушту дигаре бо сухан, саввум бо бетарафияш, чаҳорум бо «ҳезумкашияш», панҷум ғорат кард, шашум таҷовуз намуд, ҳафтум хона сӯхт… Ҳама гунаҳкор будем. Ҳама бо хоре Ватанро озор додем.

Аз ин рӯ вақте, ки он ду марди дурандеш ба ин Санади ҳамдигарбахшӣ имзо мекарданд, ба номи Ватан қасам хӯрданд: «Ба номи Ватанамон-Ҷумҳурии Тоҷикистон-вориси маънавӣ ва ахлоқии сарзамини таърихии тоҷикон»- омадааст дар оғози ин Санади ҳамдигарбахшӣ. Ба номи Худо, ба номи Ватани азиятдидаамон, ба номи ҷавонмардони ҷавонмарг, ба номи ятимону бевагон, ба номи модарони сияҳбахт, ба номи падарони нобишкастаармон кинаҳоро аз синаҳо берун кунед!

Сабр калиди мушкилот аст

 Паҳлӯи дигари масъаларо мебинем. Хуб, муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷавон буданд, бетаҷрибагӣ карданду шахсан бо ҳамроҳии раҳбари ноҳияи Ваҳдату раиси Кумитаи дини ҶТ ва ҷамъи ёронашон ба масҷиди «Муҳаммадия» рафтанд. Дар ин ҳолат, ба фикри ман, бародарон Тӯраҷонзодаҳо агар хафагиву ранҷишҳоро як сӯ мегузоштанду муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ҳамраҳонашро аввал ҳамчун меҳмон ва дуввум ҳамчун намояндаи ҳукумат истиқбол мекарданд, аввалтар аз ҳама ба манфиати худи онҳо ва ҷамъи намозгузорон масҷид мебуд.

Бигузор шароит мусоид мекарданд, ки муфтӣ ва ҳамраҳонашон корашонро анҷом медоданд. Бигузор муфтӣ онҳоро танқид мекард. Бигузор вазифаашро иҷро мекард. Вале бародарон бояд аз худ таҳаммулгароӣ нишон медоданд, сабр мекарданд. Дарахти сабру таҳаммулро об медоданд. Худованд ваъда додааст, ки он дарахт ҳатман самара медиҳад. Намозгузоронро намемонданд, ки садо баланд кунанд. Худашон бо тамкин сухан мегуфтанд. Аз шарри шайтони раҷим паноҳ меҷустанд. Намозро якҷо мегузоштанд. Шояд Худованди бузург ба қалбҳои ҳама равшанӣ ато мекарду занги кудурат аз дилҳо мезудуд.

Бале, сабру таҳаммул кардан корест мушкил. Вале кадом имтиҳони Худовандӣ мушкил набуд?  Агар тоқат мекарданд шояд он гоҳ масҷид ҳам баста намешуд ва ҳам он 9 нафар намозгузор ба муддати 10 шабонарӯзӣ аз озодӣ маҳрум намешуданд, инчунин чанд нафари дигар ба ҷурми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима намепардохтанд. Ин кашмакашиҳои зиёдатӣ, ки ба ҷомеъа ҳам таъсири манфӣ доранд, рух намедоданд. Бубинед, аз чунин ҳодисаҳо чи гуна бар зарари кишвари мо, мардуми мо бадхоҳони миллати мо истифода мебаранд.

Дар рӯзи сафари Президенти Тоҷикистон ба Маскав дар назди сафорати Тоҷикистон дар он ҷо як нафар шахси машкук бо номи Баҳром Ҳамроев, ки шаҳрванди Ӯзбекистон ҳаст, ба тарафдории хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо чанд нафарро бо шиорҳо ба тазоҳурот мекашонад. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳарчанд мегӯяд, ки ин одамро намешиносад, ин кори ӯ дасиса аст, мушкилоти худашонро ин оила дар Тоҷикистон бо роҳи қонунӣ ҳал мекунанд, барои онҳо шуда тазоҳурот накунанд, вале фитнагарон кори худро мекунанд.

Охир баҳонае барои бадном кардани Тоҷикистон ва роҳбари он пайдо шуд, онро истифода бурдан даркор. Оё дар Ӯзбекистон миёни диндорони ин кишвар мушкилот нест? Чаро дар бораи нақзи ҳуқуқи диндорони Ӯзбекистон ин «ҳомии ҳуқуқи башар» чизе намегӯяд? Чаро дар бораи он намегӯяд, ки чанд сол боз ҳукумати Ислом Каримов Тоҷикистонро, ки беш аз 95 дар сади аҳолияш мусалмонанд, аз он ҷумла ӯзбекон низ ҳастанд, дар муҳосираи иқтисодӣ гирифтааст? Чаро дар ин робита «ҳомиёни ҳуқуқи башар» тазоҳурот намекунанд?

Хулоса гуфтаниям, ки душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ва тоҷикистониён ҳамеша дар каминанд ва дар интизори фурсати барояшон мусоид, ки кай он ба вуқӯъ пайвандаду инҳо ниятҳои ифлоси хешро дар қиболи ин миллати азияткашида, вале сарбаланду истиқлолталабу озодихоҳ боз як бори дигар пиёда кунанд.

Ҳамеша ҳушёр будан имрӯз фарз аст

Барои ҳамин ҳам мо тоҷику тоҷикистониён бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Як бор фиреб хӯрдем. Як бор аз заҳри мор андеша накардему даст ба сӯрохӣ бурдем. Бори дигар боз даст бар ҳамон сӯрохӣ бурдан камоли аблаҳист. Бале, дуруст аст, ки ҷанги шаҳрвандии мо таҳмилӣ буд. Вале дар пешгирӣ накардани он ҳама, такрор мекунам, ҳама, муқассир будем. Ҳам ҳукуматдорон, ҳам сиёсатмадорон, ҳам зиёиёну дигар қишри аҳолӣ, ҳатто оммаи васеи мардум ҳам, ки аз ақл, мантиқ кор нагирифту худро бозичаи дасти дигарон кард.

Фиреби сиёсатмадорони бетаҷрибаву кӯтоҳандешро хӯрду аз ҳад зиёд ба митингу митингбозӣ дода шуд. Аз ин рӯ имрӯз бо дарназардошти он воқеаҳои хунборе, ки дар ҷаҳони араб ба вуқӯъ пайвастанду ҳоло ҳам идома доранд, бо дарназардошти он чи имрӯз дар минтақа мегузарад ва ба хусус дар атрофи ҷумҳурии мо, мо бояд аз ақл кор бигирему фирефтаи фитнаву дасиса нашавем. Мансабдорони ҳукуматӣ дар маросимҳои расмиву мазҳабӣ, ки бо иштироки оммаи васеи аҳолӣ мегузаранд, ба иззати нафси мардум нарасанд. Вазифаву ӯҳдадориҳои худро тавре иҷро кунанд, ки мавриди эҳтирому эътироф қарор бигиранд. Дар хизмати мардум бошанд.

Хуб мебуд аҳзоби сиёсӣ дар ин шароити ҳассос дар фаъолиятҳои худ, ба хусус аз тазоҳурот ва эътирозҳои оммавӣ кор нагиранд. Аз ин рӯ паёми раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирро ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизбаш амали дурандешонаву ватандӯстона меҳисобам. Дар он пеш аз ҳама манфиатҳои миллат ва давлат ба назар гирифта шудаанд. Бояд бидонем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем: дар мамлакате, ки пойгоҳи низомии кишвари бегона дар он мустақар аст ва афсарону сарбозонаш дар рафту омадҳо ва буду боши хеш ихтиёроти беҳудуд доранд, ба бетартибиҳои оммавӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ табдил додани гирдиҳамоиҳо ва тазоҳуроти бенизому беиҷозат, чи тавре ки мегӯянд, «ду карат ду» барин кор аст. Воқеаҳои на чандон дури давлати ҳамсояи Қирғизистон мисоли равшани гуфтаҳои моянд.

Идомаи баҳси муфтӣ бо эшон бар зарари миллат аст

Аз ин рӯ идомаи баҳси муфтӣ бо хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, ки ҳам акнун ба маҳкама кашонда шудааст ва як ҷониб- ҷониби Тӯраҷонзодаҳо аллакай ба тариқи ҷарима муҷозо шудааст ва тарафи дигар низ барои аъмоли хеш тибқи шикояти Тӯраҷонзодаҳо дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд, амали хеле ташвишовар ва барои суботи ҷомеъа хатарнок аст. Қариб ҳар рӯз дар матбуот як тараф тарафи дигарро сиёҳ карда истодааст. Ҳарду ҷониб ҳам шогирду муриду тарафдор доранд. Ин баҳс дар байни онҳо низ доман паҳн карда истодааст. Душманони миллати тоҷик маҳз ҳамин чизро мехоҳанд. Ташаннуҷи авзоро. Ё ба ибораи дигар бигӯем «Лой шудани обро».

Ҳайронам, ки чаро дар долонҳои ҳукуматӣ нафаре пайдо нашуда истодааст, ки ҳарду ҷонибро даъват намуда дар як нишаст масъаларо бо роҳи барои ҳарду тараф қобили қабул ҳаллу фасл намоянд. Ин корро ба ҳеҷ ваҷҳ кашол додан даркор нест. Ҳайронам, ки чаро аз миёни уламои исломии кишвар, аз миёни онҳое, ки байни мардум, дар ҳақиқат, обрӯву манзалати хеле баланд доранд, касе кӯшиш ба харҷ намедиҳад, ки ин қазия бо натоиҷи барои миллату мусалмонони кишвар дилхоҳ анҷом бигирад.

Ҳайронам, ки чаро ҳарду ҷониби баҳс, ки пешвои як гурӯҳи мусалмонон ҳисоб меёбанд, талаботи чандин оёту ҳадисро дар бораи барқарор кардани муносиботи ҳасанаи байни якдигарии мусалмонон, байни уламои дин баъди чунин ранҷишҳову хафагиҳо, нодида мегиранд. Оё Худованди бузург ваъда надодааст, ки аз ду нафар мусалмоне, ки байни ҳам хафагӣ кардаанд, касе аз онҳо агар пештар гуноҳ ва ё камбудии бародари мусалмонашро бибахшад ва ё узр бипурсад, савоби азимеро барояш арзонӣ медорам? Ман шахсиятҳои ҳарду ҷониби баҳсро барои мустақим буданашон дар роҳи Худо эҳтиром мекунам.

Бо имоматии ин афроди вориди баҳс чандин намозҳои ҷумъаро, Худованд қабулашон кунад, дар масоҷиди «Муҳаммадия» ва Ҳоҷӣ Яъқуби Чархӣ гузоштаам. Мавъизаҳои пурмазмуни онҳоро гӯш кардаам. Боварӣ дорам, ҳарду ҷониб ҳам сулҳу суботро мехоҳанд. Рушду тараққиёти кишвар, осудагии мардум ва пешрафту густариши дини мубини Исломро хоҳонанд. Ба хотири Худо, ба хотири сулҳу суботи кишвару ба хотири оромиву осудагии мардум, ба хотир ояндаи неки фарзандону набераҳои мову шумо, ай бародарони мусалмон, буғзҳоро аз қалбҳо, кинаҳоро аз синаҳо берун кунеду якдигарро бибахшеду ба оғӯш бикашед. Ҳофизи бузургвор фармудааст: «Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест».



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi