11:48:18 01-уми Июли 2025 сол

ҲАБСИ АБАДИ 5 НАФАРИ МУТТАҲАМ ДАР ТАРКИШИ ХУҶАНД

Додгоҳи Суғд баррасии парвандаи 53 нафари муттаҳам дар ҳамлаи интиҳории шаҳри Хуҷандро ба поён бурдааст. Масъулони додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, ки 5 нафар аз ин гурӯҳи 53-нафариро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардаанд.

/images/stories/2011/12/26_khujand_271211.jpgБино ба гуфтаи онҳо Фирдавс Каримов, Соҳиб Собитов, Исматулло Додоев, Зафар Каримов (ҳама аз шаҳри Истаравшан) ва Акмал Ҳошимов (аз ноҳияи Спитамен) ба ҷурми даст доштан дар ҳамлаи интиҳории соли гузашта дар Хуҷанд муҷрим шинохта шудаанд. Додгоҳи вилояти Суғд ин ҳукми худро рӯзи ҷумъа, 23-юми декабр, эълон кардааст. Бино ба қавли масъулони додгоҳи Суғд, 48 нафари боқимонда барои аз ҳашт то сӣ сол равонаи зиндон шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Тамара Юсуфова, вакили мудофеи Илҳом Усмонов, як узви ин гурӯҳи 53-нафарӣ мегӯяд, қарори додгоҳ бе ширкати вакилони мудофеъ қироат шудааст ва бархе аз вакилони мудофеъ ҳатто дақиқ намедонанд, ки ҳукми нафари таҳти ҳимояташон чист.

Додгоҳи вилояти Суғд моҳи августи мсоли ҷорӣ ба баррасии парвандаи ин гурӯҳи 53-нафарӣ, ки тақрибан чиҳил нафари онҳо зодаи шаҳри Истаравшананд, оғоз карда буд. Додгоҳ он вақт эълом намуд, ки ин афрод барои даст доштан дар ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд гумонбаранд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд чаҳор кушта ва 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд. Ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар қисмати шимолии кишвар рух дод.

Мақомоти Суғд дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 дар Хуҷанд, аъзои Ҷунбиши исломии Узбакистон ва шарикони онҳоро муттаҳам медонанд. Юсуф Раҳмонов, додситони вилояти Суғд низ мегӯяд, ҳангоми тафтиши аввалияи парванда гуноҳи онҳо дар мавриди содир намудани ин амали террористӣ исботи худро ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тафтишотӣ шахси ҳамлавар ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаро Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд эълон карда буданд.

Вай рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 бо автомобили "ГАЗ-2104", ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои мазкур ворид шуда, худро тарконид. Ба маълумоти Раёсати амнияти Суғд, Акмал Каримов аз соли 2009 бо иттиҳоми "одамрабоӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, муддате дар урдугоҳҳои террористӣ таълим гирифтааст.

Ба дунболи ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта нахуст масъулияти ҳамларо як гурӯҳи мазҳабии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" бо навиштани як нома дар шабакаи Интернет бар дӯш гирифта буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ