23:40:30 27-уми Январи 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР БАДАХШОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

Воридшавии маводи нашъадор ва интиқоли он тавассути ВМКБ мувофиқи нишондодҳои омории идораҳои дахлдор сол то сол зиёд гашта истодааст. Тибқи нишондоди Раёсати агентии маводи нашъадори ВМКБ дар тӯли нӯҳ моҳи соли равон дар вилоят чӣ аз тарафи раёсати номбурда ва чӣ аз ҷониби дигар мақомотҳои дахлдор ҳамагӣ ба миқдори 50 килову 227 гр. маводи нашъадор мусодира карда шуд.

/images/stories/2011/12/26_narkotiki_badakhshan_261211.jpgАз рӯи нишондодҳои соли 2010 дар вилоят ҳамагӣ 16 кг маводи нашъадор гирифта шуда буд, ки ин дар қиёс бо соли равон се маротиба камтар аст. Пас агар аз як тараф пешравии кори мақомоти вобаста ба пешгирии қочоқи нашъаро эътироф кунем, аз ҷониби дигар назаррас аст, ки воридоти ин гуна маводҳо сол аз сол ба вилоят зиёдтар гашта истодааст. Зиёдшавии воридоти маводи нашъадор ба вилоят ба он мерасонад, ки сафи нашъамандон низ бахусус дар шаҳри Хоруғ зиёд мегардад.

Аз рӯи нишондоди маркази наркологии шаҳри Хоруғ ҳоли ҳозир дар вилоят шумораи расмии гирифторони нашъа 894 нафар буда, 6 нафарашон занон мебошанд. Аммо шумораи ғайрирасмии онҳо аз ин дида бисёртар аст. Аз он, ки сатҳи нашъамандӣ дар вилоят боло меравад, паҳншавии бемориҳои инфексионӣ ҳам зиёд мегардад. Албатта барои шахси гирифтори нашъа мушкил аст, ки ҳар вақте лозим ояд, сӯзани нав бихарад ё худ дастрас кунад. Аз ин рӯ аксарияти онҳо барои чанд бор маводро ба бадан гузарондан ҳамон як сӯзанро истифода мебаранд.

Ташкилоти ғайридавлатии «Волонтёр» барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии касалиҳои сироятӣ байни шахсони гирифтори нашъамандӣ лоиҳаеро тартиб додаст, ки натиҷаи назаррас дорад. Аввал ҳар як нашъамандро аз қайди барнома гузаронда, барои онҳо сӯзанҳо ва қуттии сарбаста медиҳанд, то пас аз истифодабарӣ ин сӯзанҳоро ба қуттӣ андозанд ва чӣ қадар сӯзане, ки гирифтанд, бояд ҳамаашро пас аз истифода бозпас гардонанд. Дар ин сурат онҳо метавонанд боз сӯзани нав гиранд. То ба ҳол дар қайди онҳо зиёда аз 30 нафар шаҳрвандони нашъаманд вуҷуд доранд, ки дар барнома иштирок мекунанд. Илова ба ин барои онҳо ҳар рӯз пиёлаи қаҳва бо хӯрданӣ ва маслиҳати ройгон медиҳанд.

Омилҳои гирифторшавии ҷавонон ба кайфияти маводи мухаддир зиёданд ва яке аз онҳо ин аст, ки шаҳри Хоруғ ҳамсарҳади кишвари истеҳсолкунандаи ин гуна мавод – Афғонистон аст. Албатта, бар замми ин сабабҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки ҷавононро аз ширинии ҳаёт маҳрум месозанд. Руслан Шодиков, вакили Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии Маркази Ҷавонони шаҳри Хоруғ тарзи тарбияи насли имрӯзаро камсамар номид. Ӯ гуфта дод, ки пеш аз ҳама системаи таълиму тарбия дар мактабҳо сифатан хуб нест, баъзан муаллимонро дар саҳни мактаб дар пеши толибилмон машғули сигоркашӣ дидан мумкин аст ва ин худ як роҳест, ки хонанда минбаъд онро пешаи худ мекунад.

Аммо дардро хубтар аз бемор касе намедонад. Камол, ҷавони 29 сола, ки гирифтори нашъамандӣ гардидааст, тамоман андешаи дигар дорад:м - Ман намехоҳам аз зиндагии худ чизе бигӯям, чун он барои ман дигар шириниву рангинӣ надорад. Ҳама чиз аз доираи ҳамсинон ва атрофиён сар мезанад. Синну соли мо акнун боло рафт, кор пайдо намешавад. Барои кайфияти ҷавониро аз даст надодан ҳар коре мекунем, ки кисаи мо холӣ набошад. Интиқолу савдои мавод пули калон мебиёрад, аммо акнун, ки медонам, ин кор тарафҳои сиёҳ дорад. Агар бо мавод сару кордор шавӣ, гирифтори он хоҳӣ гашт. Лекин барои гирифторон фақат гирифторони дигар метавонанд дӯст ва наздик бошанд.

Нафари дигаре чунин гуфт: «Ин қисмати мост. Маълум, ки сарнавишти мо ин будааст. Дар зиндагӣ ҳама чизро бояд диду чашид».

Ҳар дард бояд давое дошта бошаду ҳар як ҷавони соҳибхирад мақоме ё ин ки илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст. Барои пеш гирифтани роҳи гирифторшавии ҷавонон ба нашъамандӣ дар шаҳри Хоруғ, ки аксарияти гирифторони ин дард дар он ҷоанд, талошҳо ҳам кам нестанд. Дар муассисаи давлатии Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор иборат аз донишҷӯёну хонандагон гурӯҳи ташабускори «Умед» таъсис ёфтааст, ки 40 нафар ҷавонону наврасонро фаро мегирад.

Руслан Шодиков иброз дошт, ки тавассути ин гурӯҳи махсус ва барномаҳои хос онҳо шумораи аъзоёнашро рӯз то рӯз зиёд намуда истода, онҳоро дар рӯҳияи ҳаёти солим ва бе вобастагӣ тарбия мекунанд. Ба монанди ин идораи Ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят низ барномаҳои зиёди варзиширо байни ҷавонони шаҳр гузаронида истодааст, ки асосан аз шахсони бекора иборатанд. Барои бартараф намуданӣ бекории ҷавонон Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ва агентии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ баргузор мекунанд. Мақсади асосии баргузории ярмарка аз як сӯ агар бо ҷои кор таъмин кардани иддаи аз шахсони бекора бошад, аз сӯи дигар як гурӯҳи одамони дигар барои соҳиби кору касб шудан ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Аммо ба ҳар ҳол аз ин тадбирҳо шумораи нашъамандон дар вилоят кам нагашта истодааст. Маводи нашъадор ба вилоят ҳоло ҳам дохил мешаваду ҳамоно аз ҷониби мақомоти ҳуқуқӣ мусодира мегардад ва шумораи мӯътодон ҳам кам ношуданист.

 Президенти Кумитаи Салиби Сурх Массимо Барра тобистони соли равон ҳангоми сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Хоруғ гуфта буд: «Шумо (мардуми Бадахшонро дар назар дошт) наметавонед бар қочоқи маводи нашъадор ғолиб бароед, зеро шумо ҳамсарҳади Афғонистон ҳастед ва дар сафи пеши майдони интиқол қарор доред».

Алишер Ҷунайдов ,«Рӯзгор», Хоруғ


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi