08:54:42 01-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ДАР СУҒД ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО ФАЪОЛАНД» Сиёсат 26.03.2011 14:35 1637
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт: "дар вилояти Суғд, ҳолатҳои фаъолияти ғайриқонунии таблиғотии баъзе иттиҳодияҳои динӣ дар муассисаҳои мактабӣ, инчунин дар маҳалҳои зисту хонаводаҳои шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд ...
АКБАРИ ТУРСОН - НОМЗАД БА МАҚОМИ РАИСИ ПАЖӮҲИШГОҲ Иҷтимоъ 26.03.2011 14:29 1557
Акбари Турсон яке аз номзадҳо ба мақоми раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттист. Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ин хабарро таъйид кард ва гуфт, "яке аз номзадҳо ба ин мақом узи вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа ...
ПИСАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲИЗБИ ҲОКИМРО ТАРК МЕКУНАД Хабар 26.03.2011 14:26 2009
Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, узвияти худ дар ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистонро ба таълиқ даровардааст. Бар асоси иттилоъи як манбаъи ин ҳизб ин амр мутобиқи муқаррарот дар бораи таъиноти вай барои фаъолият дар яке аз идороти давлатӣ сурат мегирад.
САФАРИ ШОҲЗОДА РАҲИМ ОҒОХОН БА ДУШАНБЕ Хабар 26.03.2011 14:23 2027
Тибқи иттилоъи масъулони Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар Тоҷикистон сафари шоҳзода Раҳим Оғохон, писари бузурги Карим Оғохони ҷаҳор, раҳбари исмоъилиҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон як рӯз ба таъвиқ афтодааст. Бино ба иттилоъи ин манобеъ шоҳзода Раҳим Оғохон рӯзи 27 март вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Адабиёт ва фарҳанг 26.03.2011 11:01 3060
Дирӯз, 25-уми март, дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бузурги Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши гиромидошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон, ҳунармандони мусиқӣ ...
МУАММАР ҚАЗЗОФӢ КИСТ? РОҲБАРИ ХУДКОМА, ИНҚИЛОБЧИИ МАТИН… Сиёсат 26.03.2011 10:55 1762
Яке диктатораш мехонаду дигаре пешвои инқилоб ва асосгузори сохти нави давлатдорӣ. Фарзанди биёбон, саги ваҳшӣ, бехирад ва моҷароҷӯяш мегӯянду дар синни 27-солагӣ мардум раҳнамои худаш пазируфта. Ватанашро аз бори мустамликаи Ғарб раҳонидааст. То дирӯз сарварони сатҳи ҷаҳонӣ ...
РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ УКРОИН МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ШУД Хабар 25.03.2011 16:53 1887
Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укроин, ки тавассути додситонҳо барои парвандаи марги хабарнигоре дар соли 2000 мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтааст, мегӯяд расман муттаҳам ба қатл шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз иттиҳомҳои худро нахондааст.
ХУДКУШӢ БАРОИ НАДОШТАНИ КУРТАИ НАВРӮЗӢ Хабар 25.03.2011 16:49 2339
Тибқи иттилоъи бахши Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, надоштани либоси идона дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сабаби ба худкушӣ даст задани як духтар дар ин вилоят шудааст.
ДАР МУНОҚИШАИ МАЗҲАБИИ ПОКИСТОН 8 СУННӢ КУШТА ШУД Хабар 25.03.2011 16:46 2478
Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, имрӯз афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи пайравони мазҳаби шиа тиарандозӣ кардаанд ва дар он 8 нафар кушта, 5 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
БАН КИ МУН: ҚАЗЗОФӢ ОТАШБАСИ СММ САРФИ НАЗАР МЕКУНАД Хабар 25.03.2011 16:42 2280
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, нируҳои ҳукумати Либия аз риояти отшабас сарфи назар кардаанд, бо вуҷуди ин ки ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бар зидди нируҳои Муаммар Қаззофӣ идома дорад.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854