21:19:14 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУАММАР ҚАЗЗОФӢ КИСТ? РОҲБАРИ ХУДКОМА, ИНҚИЛОБЧИИ МАТИН…

Демократи ҳақиқӣ ё ҳарзагӯй?

Яке диктатораш мехонаду дигаре пешвои инқилоб ва асосгузори сохти нави давлатдорӣ. Фарзанди биёбон, саги ваҳшӣ, бехирад ва моҷароҷӯяш мегӯянду дар синни 27-солагӣ мардум раҳнамои худаш пазируфта. Ватанашро аз бори мустамликаи Ғарб раҳонидааст.

То дирӯз сарварони сатҳи ҷаҳонӣ аз шиносоӣ бо ӯ фахр мекарданду муттаҳайири сиёсати аҷибаш буданд. Хаймаи таърихиашро гоҳе дар назди Кремли Маскав мегузошту гоҳе дар Парижу Лондону Рим. Имрӯз дӯстони дерина худкомааш хонда, пайи сарнагуниаш талош доранд. Дарк мекунад, ки абарқудратҳо зидди зимомдории минбаъдааш мебошанду рӯирост худро дар муқобили онҳо гузоштааст. Кист ӯ? Шахсияти дар муборизаҳои инқилобӣ ва сиёсӣ обутобёфта, ё ҳарзагӯю маҷнуни дар шаъну шӯҳрати худ ғарқгашта?

Фарзанди биёбон ё инқилобчии модарзод?

Muammar KaddafiҚабл аз оғози ҷанги якуми ҷаҳон Либия аз ҷониби Италия ғасб гардид ва баъди озодшавии кишвар дар давраи ҳамин ҷанг дар як қисмати он (шаҳри Триполи ва атрофии он) маъмурияти англисҳо ва дар қисмати боқимондаи он идораи фаронсавиҳо ба роҳ монда шуд. Соли 1951 Либия бо сарварии шоҳ Идриси 1, давлати соҳибистиқлол эълон гардид, вале тибқи созишномаҳои таҳмилшуда пойгоҳҳои ҳарбиӣ-ҳавоии Британияи Кабир ва ИМА дар ҳудуди Либия истиқрор ёфтанд.

Ширкатҳои коркарди нафти ғарбӣ ба ғорати боигарии асосии ин кишвар пардохтанд ва ҳамагӣ 10-15 фоизи фоидаи тиҷорати нафтро ба ҳукумати маҳаллӣ медоданду халос, ки он ҳам барои таъмини оилаи шоҳ, маоши аҳли дарбор ва нигаҳдошти артиш истифода мегардид. Мардуми оддӣ дар фақру бечорагӣ ва торикию ҷаҳолат қарор дошту сатҳи саводнокии мардум 2-3 фоизро ташкил мекард. Ин ҳолат то дер давом меёфт агар дар саҳнаи сиёсии Либия фарзанди ҳақиқии биёбон, ҷавоне бо номи Муаммар Қаззофӣ зуҳур намекард.

Муаммар Қаззофӣ  13 сентябри соли 1942 дар хаймаи падари чӯпонаш, ки мутааллиқи қабилаи бодиянишини қаззозифа буд, дар 30-километрии шаҳри Сирти Либия таваллуд ёфт. Ӯ дар раммачаронӣ ба падараш кӯмак мекард вале таҳсилро тарк намекард. Чун падараш дар ҷустуҷӯи заминҳои ҳосилхез ҳамеша ба манотиқи гуногун кӯч мебаст, дар се мактаби шаҳрҳои Сирт, Сибҳа ва Мисурат таҳсил кардааст. Дар айёми наврасӣ кору амали пешвои сотсиалистони Миср Ҷамол Абдуносирро ҳамчун намунаи олии ибрат медонист.

Аз ин рӯ, ҳанӯз дар замони наврасию мактабхонӣ даст ба фаъолияти сиёсӣ мезанад. Соли 1956 бахшида ба бӯҳрони Суетс дар тазоҳуроти зидди Исроил, соли 1959 ҳамчун узви фаъол дар таъсиси ташкилоти сиёсии пинҳонӣ дар Сибҳа ширкат меварзад ва инчунин ба муқобили баромадани Сурия аз Ҷамоҳири Муттаҳидаи Араб баромад мекунад. Барои ин амал ӯро аз мактаб хориҷ мекунанд. Вале даст аз мубориза барнамедорад ва мунтазам эътирозот алайҳи истилои аврупоиҳо ташкил менамуд.

Соли 1961 ташкилоти алоҳидаи сиёсӣ созмон дода, даъвои аз байн бурдани режими шоҳиро дар Миср мекунад. Ҳамчунон  намоиши ҷавононро дар роҳи пуштибонии инқилоби Алҷазоир баргузор мекунад, ки оқибат бо тазоҳуроти зиддишоҳӣ анҷом меёбад. Ӯро ба ҳабс мегиранд ва баъдан аз шаҳр хориҷаш карданд. Қаззофӣ ба шаҳри Мисурат рафта дар литсейи маҳаллӣ таҳсилро идома медиҳад ва соли 1963 онро хатм мекунад. Сипас муддати ду сол дар коллеҷи ҳарбии шаҳри Бенғозӣ таҳсил намуда, соли 1965 бо рутбаи лейтенантӣ онро хатм мекунад. Соли 1966 курси такмили ихтисосро дар Британияи Кабир паси сар мекунад ва ба рутбаи капитанӣ мушарраф мегардад.

Муаммар Қаззофӣ хеле ҷавон дар деги сиёсат пухта мегардад ва ҳисси тарсу ваҳм аз қалбаш берун меравад. Соли 1967, дар рӯзҳои «ҷанги шашрӯзаи Миср», ӯ воҳиди низомии таҳти фармонашро мустақилона ба кӯмаки Носир, ба Миср мефиристад ва дар ҷаҳони араб машҳур мегардад. Ин иқдом, нуфузи ӯро дар байни ҳайати афсарии артиши Либия  бештар мекунад ва пайравонашро зиёд мегардонад.

1 сентябри соли 1969 Шӯрои фармондеҳони инқилобӣ, таҳти роҳбарии капитан Муаммар Қаззофӣ, дар ҳайати 12 афсари низомӣ, тибқи нақшаи пешакӣ тамоми роҳҳоро ҷониби пойгоҳҳои низомии ИМА ва Британияи Кабир баста, бо воҳидҳои низомии худ ба  Бенғозӣ, Триполӣ ва дигар шаҳру иншоотҳои стратегӣ ҳуҷум намуданд ва бидуни  хунрезӣ шоҳ Идриси 1-ро, ки он рӯзҳо дар Туркия истироҳат дошт,  сарнагун карданд. Шӯро капитани 27-сола Муаммар Қаззофиро рутбаи полковникӣ дода, ӯро Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи кишвар таъин кард.

Қаззофӣ: «Ғарбиҳо аз Либия гум шавед!»

Қаззофӣ бо шиори муттаҳидии қавмиятҳо ва ташаккули миллати  ягонаи араб ба сари қудрат омад. Либияро ҷамоҳирия, яъне давлати аз ҷониби омма идорашаванда, эълон кард. 16 январи соли 1970 ӯ нахуствазир ва вазири мудофиаи Либия таъин гардид ва изҳороти аввалинаш чунин буд: «Ё пойгоҳҳои низомии Ғарб  аз хоки мо гум мешаванду инқилоб идома меёбад, ё онҳо мемонанду инқилоб талаф меёбад».

Бо пофишории ӯ, апрели соли 1970 низомиёни англис аз пойгоҳи Тобрук, моҳи июн қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА аз пойгоҳи Уилус-Филд (наздикии Триполи) бароварда шуданд. 7 октябри ҳамон сол 20 ҳазор итолёвии дар Либия истиқоматдошта аз хоки кишвар берун карда шуданд. Ин рӯз, ба хотири ҷанги истилогаронаи Италияи фашистӣ, «Рӯзи интиқом» эълон гардид.

Дар давоми солҳои 1969-1971 тамоми бонкҳои хориҷӣ, заминҳоеро, ки моликияти Италия ҳисобида мешуданд, ширкатҳои хориҷии коркарди нафт, аз ҷумла, корхонаҳои ширкати англисии «Бритиш петролеум», ширкати амрикоии «Банкер Хант», чандин ширкатҳои фаронсавӣ ва 51 фоизи ширкатҳои нафтии дохилиро моликияти миллӣ эълон кард. Кишварҳои ғарбӣ мавқеи монополистонаи худро дар Либия аз даст доданд ва танҳо ҳамчун шарики ҳамкор боқӣ монданд.

Дасти онҳо аз фоидаи чашмрасу ғоратгаронае, ки аз нафти Либия ба даст меомад, бурида шуд. Илова бар ин, талошҳои Қаззофӣ баҳри истиқлолияти ҳар чӣ бештари сиёсӣ ва иқтисодии Либия, комилан муқобили манфиатҳои ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса равона гардида буд ва маҳз аз ҳамин давра, Муаммар Қаззофӣ таҳти назари хадамоти махсуси ин кишварҳо қарор гирифт.

Инқилоби фарҳангии Қаззофӣ ва ҳукумати омма

15 апрели соли 1973, Муаммар Каззофӣ тарҳи ҷадиди инқилоби фарҳангиро дар Либия пешкаш кард. Барнома қабули қавонини навро дар асоси шариати ислом, муборизаро бо нерӯҳои мухолифи инқилоб ва ғарбгаро, додани силоҳро ба мардум дар роҳи ҳифзи инқилоб, решакан кардани бюрократия ва фасод, дастгирии тафаккури наву пешқадам ва инкори ақидаҳои аз тамаддуни ғайр воридшавандаро дар бар мегирифт.

2 марти соли 1977 сессияи ғайринавбатии Конгресси умумихалқии Либия  дар асоси пешниҳоди Муаммар Қаззофӣ таъсиси шакли нави идораи давлатро қабул кард–ҷамоҳирия, яъне идораи давлат аз ҷониби оммаи мардум. Ҷумҳурӣ низ номи нав гирифт – Ҷумҳурии Сотсиалистӣ-халқии арабии Либия. Конгресси умумимардумӣ мақоми олии қонунбарор ва Кумитаи олии халқӣ, мақоми иҷроия таъин гардиданд. Вазоратҳо кумитаи халқӣ номида шуданд ва аз ҷониби мақомоти роҳбарии коллективӣ идора мешаванд. Аз ҳамон  замон, тибқи принсипи ҳокимияти халқӣ, сарвари давлат дар Либия вуҷуд надорад. Қаззофӣ Роҳбари инқилоб эълон гардида аз дигар вазифаҳояш истеъфо дод.

Сохти иҷтимоӣ ва ҷомеасозии Муаммар Қаззофӣ дар ҷаҳон назири худро надорад. Аз рӯзҳои нахустини ба сари давлат омадан, ӯ  нишонаҳои ҳаёти ғарбиро нест намуда, роҳи хоси рушд ва идеологияи расмии  кишварро дар пояи ваҳдати қавму қабилаҳо бо рӯҳияи миллати ягона, сотсиализми нақшавӣ, давлати исломӣ ва диктатураи низомии аз ҷониби мардум  идорашаванда эълон кард. Сиёсати мӯътадили дохилӣ ба роҳ монда шуда, асосан дар пешрафти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ такя ба артиш ва кумитаҳои мардумӣ мекард.

Оғози рақобатҳо бо Ғарб

Баъди инқилоби соли 1969, Муаммар Қаззофӣ тибқи эътиқоде, ки бо Президенти Миср Ҷамол Абдуносир дошт, иртиботашро бо ӯ қавӣ  намуд. Зеро ҳарду талош доштанд ҷамъияти сотсиалистие бунёд кунанд, ки такягоҳи асосиашро ислом, ахлоқ ва ватанпарастӣ  ташкил кунанд. Чун Қаззофӣ ҳамеша ғояҳои панарабиро дар мағзи худ тақвият медод, соли 1971 бо сарони Мисру Судон вохӯрда, пешниҳод кард, ки муттаҳид шуда Федератсияи Ҷамоҳири Арабро асос гузоранд ва дигар кишварҳои дигари арабиро низ ба ин кор моил кунанд.

Он гоҳ метавонанд як абарқудрати минтақаро бо миллати ягона ташкил кунанд. Ӯ розӣ буд, ки худаш дар кишвари навтаъсис роҳбар набошад ва максадаш танҳо ба ҳам овардани миллати араб буд. Қаззофӣ пешниҳод кард, ки давлати ягонаи арабию яҳудӣ бо номи шартии «Изратина» таъсис дода шавад ва бо ин роҳ қазияи Фаластину Изроил хотима дода шавад. Табиист, ки дигарон, алалхусус Ғарб дорои манфиатҳои худ дар минтақа, муқобили таъсисиёбии федератсияи арабҳо ва ин иттиҳод буд.

Баъди вафоти Носир, ИМА ва Изроил ҷойнишини ӯ Анвар Содотро сӯйи худ моил карданд ва нофаҳмию муқовиматҳо миёни кишварҳои арабӣ оғоз ёфтанд. Кӯшишу талошҳои Қаззофӣ баҳри муттаҳид намудани давлатҳои арабӣ ва эъмори кишвари ягона бо шикаст муваҷҷеҳ гаштанд. Ин омил боиси ташаннуҷи авзоъ байни Либияю Миср гашт. Соли 1976 Миср ва дертар Тунису Судон Либияро дар дастгирии  доираҳои мухолифи ҳукуматҳояшон муттаҳам намуданд. Оқибат ин баҳсҳо дар тобистони соли 1977 боиси ҷанги мусаллаҳонаи чаҳоррӯза миёни Либияю Миср гаштанд ва танҳо миёнравии Алҷазоиру Созмони озодихоҳони Фаластин вазъро ба эътидол овард.

Либия – «меҳвари бадӣ» ва Қаззофӣ - саги ваҳшӣ

KaddafiТадриҷан муқовимати Муаммар Қаззофӣ бо ҷаҳони Ғарб вусъат мегирифт ва муборизаи манфиатҳо байни онҳо густариш меёфт. Дастгириҳои Либия аз қувваҳои зиддиҳукуматӣ дар Мароккаш,  Сомалӣ, Никарагуа, Судон, ки ният доштанд дасти Ғарбро аз моликияти иқтисодии худ дур кунанд, торафт оташи ғазаби ИМА ва иттифоқчиёни аврупоиашро боло мекард. Амалҳои Қаззофӣ ба муқобили манофеи ИМА дар Баҳри Миёназамин ва уқёнуси Ҳинд равона шуда буданд. Наздикии ӯ бо Эрону Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин оташ рӯған мерехт.

Дар ин солҳо Қаззофӣ иқдомотеро пеш гирифта буд, ки онҳоро дастгирӣ аз ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳ маънидод мекард Ин амалҳои ӯро Ғарб пуштибонӣ аз ҳаракатҳои террористӣ меномид.  Чунончӣ, соли 1980 дар ҳудуди Либия маркази омодагии низомии аъзоёни ҳаракатҳои озодихоҳи  Африқои Ғарбиро ташкил намуд. Соли 1986 Конгресси Маркази ҷаҳонии мубориза бар зидди империализм ва сионизмро гузаронид, ки дар он ҳатто намояндагони Артиши ҷумҳуриявии Ирландия, гурӯҳи ҷудоихоҳони баск-ЭТА, пешвои созмони радикалӣ – амрикоии «Миллати ислом» иштирок доштанд. Либияро инчунин дар пуштибонии «Артиши сурхи Ҷопон» гунаҳгор мекарданд.  Соли 1984 эълон кард, ки «Нерӯҳои мусаллаҳи Либия барои озод намудани Фаластин, нест кардани сионизм, тақсими нави сарҳадҳо ва таҷдиди харитаи ҷаҳон ташкил шудаанд». Баъди ин изҳорот Изроил дар симои ӯ яке аз душманони ашаддии худро мебинад.

5 апрели соли 1986 дар Олмони Ғарбӣ ҳангоми дискотека дар миёни сарбозони амрикоӣ таркиш ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа 3 нафар кушта шуда 200 нафар захмӣ шуданд. Амрикоиҳо дар он дасти Қаззофиро диданд. Президенти вақти ИМА Роналд Рейган Қаззофиро «саги ваҳшии  Шарқи Наздик» хонд ва фармон дод, ки иншоотҳои низомии  шаҳрҳои Триполи ва Бенғозӣ бомбаборон карда шаванд. Дар асари ҳуҷуми ҳавоӣ шаҳрвандони бегуноҳ низ, аз ҷумла духтарандари чаҳорсолаи Қаззофӣ,  кушта шуданд.

Ғарб дар таркиши ҳавопаймоҳои мусофирбари амрикоии «Боинг-747» (21 декабри соли 1988 мавзеи Локберни Шотландия) ва DC-10-и фаронсавӣ (19 сентябри соли 1989 дар ҳарими ҳавоии Нигер) дасти Либия ва қассоси Қаззофиро барои духтараш дид ва тақозои додани ашхоси муҷримро намуд.  Соли 1992 Шӯрои амнияти СММ нисбати Либия таҳримоти шадид қабул кард.

Соли 1999 Муаммар Қаззофӣ ба наздикони шаҳрвандони Фаронса, ки дар ҳавопаймо кушта шуданд, дар ҳаҷми 31 миллион долларӣ барои ҳар як нафар ҷубронпулӣ дод.  Ҳамзамон изҳор дошт, ки ин амал маънои ҳамдастии кишварашро дар таркиш надорад. Дар ивазаш, прокуратураи Фаронса изҳор дошт, ки  худи Қаззофӣ дар таркиш гунаҳгор нест. Апрели ҳамон сол Либия ду нафареро, ки дар таркиши самолёти Локберӣ гунаҳгор дониста мешуданд, ба ИМА таҳвил дод. Баъди ин, ИМА Либияро ба рӯйхати кишварҳои «меҳвари бадӣ» ворид кард. Соли 2003 Либия дар ивази манъи таҳримот масъулияти таркишро бар дӯш гирифт. Нисбати Қаззофӣ низ чандин маротиба ҳамлаю сӯиқасдҳо амалӣ шуданд, вале бенатиҷа. Исбот шуд, ки хадамоти махсуси хориҷӣ низ дар тарҳрезии ин амалҳо шариканд.

Бо ин ҳама таззодҳо Қаззофӣ кист?

Кист Қаззофӣ?  Ӯро бо кӣ метавон шабеҳ донист? Бо ҳеҷ кас. Шахсиятест, ки ҳамтои худро надорад. Ӯро гоҳе барои «демократияи мустақимаш», барои кӯшишҳояш дар роҳи барқарор намудани давлати ягонаи арабҳо, барои пешниҳодҳояш дар хусуси муттаҳидшавӣ бо Миср, Алҷазоир, Тунис, барои дастгирии қувваҳои озодихоҳ (аз нигоҳи ӯ) ва террорист (аз нигоҳи Ғарб) девона мехонанд. Гуфтаю пешниҳодҳояшро аксар вақт ҷиддӣ намепазиранд. Бо вуҷуди ин, кишвараш яке аз давлатҳои қудратманди иқтисодист.  Ҳанӯз ҷавон буду инқилоб кард. Аз як ҷавони 27 сола шахсияте сохт дорои амбитсияҳои доҳии бузург, пешвои сатҳи ҷаҳонӣ.

Давлате сохт бо номи «Ҷамоҳирия», яъне «ҳокимияти омма». Худ аз тамоми вазифаҳо даст кашид. Ҳатто болотар аз рутбаи полковникӣ рутбае нагирифт. Хешро Пешвои инқилоб номид, ки вазифаи расмӣ несту то истеъфояшро талаб кунанд. Ӯ давлате сохт бидуни ҳокимияти расмӣ. Идораи он дар дасти кумитаҳои мардумист. Қабилаҳои паҳну парешон ва бодиянишинро гирд оварду муттаҳид сохта ҳуввияти шаҳрванди Либияро асос гузошт.

Ҳанӯз дар соли 1988 дастур дод, ки дарвозаи маҳбасхонаи Фурнаш дар Триполӣ бо булдозер шикаста шуда 400 нафар маҳбус озод карда шаванд. Баъди чанд рӯз, рӯйхати «сиёҳ»-и ҳарифони сиёсиашро нест кард. То қазияҳои имрӯза касеро маҳкуми қатл накардааст. Албатта, ҳарифони сиёсиашро маҷбур месохт, ки кишвар тарк кунанд. Вале ҳанӯз режиму давлате нест, ки чунин шакли дуркунии ҳарифони худро истифода набаранд?

Қаззофӣ салоҳияти тасмимгириро ба худи мардум дод, ки амсолаш дар ягон ҷои дунё нест. Сатҳи зиндагӣ дар Либия нисбат ба тамоми кишварҳои арабӣ баландтар аст. Беш аз 82 фоизи мардум маълумотноканд.  Маоши пасттарини ҳамшираи тиббӣ 3000 доллари амрикоиро ташкил дода, хизматрасонии коммуналӣ ва тиббии тамоми қишрҳои мардум, қувваи барқ  ва таҳсил аз сатҳи поёнӣ то макотиби олӣ бепул аст.

Даромади умумӣ ба ҳар сари аҳолӣ то 14 ҳазор доллар бардошта шуда, нафақа дар кишвар 80 фоизи музди меҳнатро ташкил медиҳад, ки дар ягон кишвари арабӣ дида намешавад.  Либия ҳамчун кишвари сатҳи таваррумаш пасттарин – 3,1% (дар солҳои 2001-2005) ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Анъанаи дигаре, ки шоёни таҳсину офарин буда, дар шароити имрӯза  афсонаро мемонад, ин муносибат нисбати навхонагон мебошад. Дар Либия ба ҳар ҷуфте, ки оила барпо месозанд, аз ҳисоби давлат 64 000 $ барои хариди хонаи истиқоматӣ тӯҳфа карда мешавад. Инчунин, давлат барои ҳар як кӯдаки навзод  дар ҳаҷми  7000  $ маблағ ҷудо менамояд.

Таъсиру нуфузи Қаззофӣ дар минтақа ҳасадовар аст. Моҳиавгусти соли 2008, 200 нафар шоҳ, султон, амир, шайх ва доҳиёни қабилаҳои Африка Муаммар Қаззофиро «шоҳаншоҳи шоҳони Африка» эълон карда буданд. Моҳи фаврали соли дигар онҳо ӯро Раиси Иттиҳодияи Африка интихоб намуданд.

Ҳамин дирӯз буд, ки кишварҳои Аврупо бо оғӯши боз пешвозаш мегирифтанд, худкомагиашро намедиданду саре  даровардан ба хаймаи таърихии Қаззофӣ барояшон мояи ифтихор буд. Аз тӯҳфаҳои гаронқимматаш рӯ намегардониданд. Саркозию Берлусконӣ ва садҳо сиёсатмадорони Ғарб ошкоро ӯро дӯсти худ мегуфтанд. Маълум ҳам шуд, ки беш аз 50 миллион долларашро Саркозӣ дар маъракаи интихоботии худ сарф кардааст.

Ҳамин соли гузашта буд, ки дар Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷои 15 дақиқа, ду соат суханронӣ карду демократмаобони Ғарб, бидуни эътирозу тарки толор, хомӯшона ӯро гӯш мекарданд. СММ, ки ҳоло таҳримот барояш қабул намуд, кӯшише  дар роҳи буридани суханаш накард. Ҳатто вақте дар бораи дигар корношоям ва дастнигар будани ин созмон ҳарф мезад? Сабабаш чӣ буд? Оё дар наздаш муттаҳам буданд? Ё сирри дигаре дошт?    

Имрӯз алангаи эътирозоти мардумӣ дар Либия низ забонаҳои сурхи хешро нишон дод ва дӯстони дирӯза борони марговари бомбҳоро болои Қаззофию кишвараш рехта истодаанд. Яқинан сабабҳои аслии ин қазия дар воқеаҳои солҳои 70-уми асри гузашта ниҳонанд (то ба ҳол касе намедонад, ки тазоҳургарон, ки бо яроқу аслиҳа бар зидди давлат бархостаанд, кистанд? Аз кадом гурӯҳанду кӣ онҳоро роҳ нишон медиҳад?). 

Мусалламан  Ғарб боз роҳҳои дастрасиро ба нафти Либия меҷӯяд ва Қаззофию худкомагии ӯ, ҳифзи мардуми демократияю озодихоҳ баҳонае беш нестанд. Ҳақиқати матраҳ он аст, ки ИМА ва ҳамдастони аврупоиаш боз зӯри бозуи худро нишон доданд ва нуктаи доғи навбатиро дар сайёра эҷод карданд, то манбаи нафти хушсифату арзонро зери даст гиранду ҳамзамон аз фурӯши яроқу аслиҳа фоида ба даст оранд.

Ҳамин тариқ саҳифаи охирини ҳаёти сиёсӣ-инқилобии Муаммар Қаззофӣ то ҳол боз асту бо кадом сатрҳо пӯшида хоҳад шуд, вақт нишон медиҳад, вале аниқ аст, ки ӯ ҳамчун шахсияти нотакрор, бо хислати хосу рӯхияи  муаммодор аллакай номи худро дар ёдномаҳои таърих сабт кардааст.

Эҳсони Шариф, ҷомеашинос



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi