15:03:59 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мирзо Шукурзода: Дар сухан дурр бибояд суфтан…

Мирзо Шукурзодаро аслан бо китоби муътабари "Тоҷикон дар масири торих" мешиносанд. Ин китоб соли 1994-ум ва такроран соли 1996-ум дар Пешовари Покистон, соли 1998 дар Теҳрон нашр шуда, аз зумраи китобҳои камшуморест, ки тарғибу ташвиқи ҳуввияту тамаддуни миллии тоҷиконро барои наслҳо армуғон мегузорад. Умуман, Мирзо Шукурзода дар Эрону Тоҷикистону Афғонистон китобҳои зиёдеро дар заминаи торих, адабиёт ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон нашр намудааст…

1 mirzo-shukurzoda 2013-Устод, зиёда аз 20 китоби Шумо дар Эрону Афғонистон мунташир гашта ва аз ҷониби муҳаққиқони адабу торихи кишварҳои ҳамзабон баҳои сазовор гирифтааст. Мехоҳем бо Шумо атрофи бозгашт ба хати форсӣ, ки имрӯзҳо дар матбуоти давр сару садоҳои зиёдеро атрофи худ баланд карда, суҳбате ороста бошем.

-Бо камоли майл.

-Ба хати форсӣ гузаштани Тоҷикистон аз нигоҳи муҳаққиқе чун Мирзо Шукурзода ногузир аст?

- Аввал бояд арз кунам, ки барои чӣ мо асарҳои худро бо ҳуруфи форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расонидем. Ман шарқшинос нестам ва дар риштаи забони форсӣ ҳам таҳсил накардаам ва ихтисоси ман рӯзноманигорист. Ман аз даврони кӯдакӣ аввал аз падар ва пас дар донишгоҳ забони форсиро фаро гирифтам ва дар дилам чунон ба ин алифбо ишқе пайдо шуд, ки хоб медидам, ки навиштани алиф, бе, те, се-ро машқ карда истодаам.

Ҳамин ишқи алифбои форсӣ буд, ки моро ба адабиёти беш аз ҳазорсолаи гузаштагонамон ворид кард. Ман кӯшиш кардаам, ки аксари осори ниёгон ва сарчашмаҳои нодирро дар забони асл-форсӣ бихонам. Хизмат дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон низ барои ман андӯхтани таҷриба буд, зеро ҳама кори мо бо забони форсӣ сурат мегирифт.

-Ба Эрон чӣ гуна рафтед???

- Ман ба Эрон тасодуфан соли 1992-юм рафтам. Ва дар конунҳои фарҳангии ин кишвар, дар "Бунёди Нишобур" ва интишороти "Алҳудо" ва "Сурӯш" ҳам кори ман бо хати форсӣ сурат мегирифт. Агар ман ҳуруфи порсиро балад намебудам, дар Эрон на кор меёфтам на муваффақ ба нашри осорам мешудам.

-Дар он ҳангом, ки мо нав аз ҳайати давлати Шӯравӣ берун шудаву мустақил гашта будем, дар Эрон дар бораи миллати тоҷик чӣ тасаввурот доштанд?

- Боиси таассуф буд, ки аксари мардуми Эрон, ба истиснои донишмандону муҳаққиқон дар бораи Тоҷикистону миллати тоҷик чизеро намедонистанд. Намедонистанд, ки тоҷик чӣ миллатест? Моро бо гурҷиҳову дигар миллатҳо омехта мекарданд. Баъдан ман китоби "Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар" ки нашриёти "Адиб" дар Душанбе интишор карда буд, 300-саҳифаи дигар иловаву тавзеҳот ворид намуда, дар Эрон чоп намудам. Бубинед, донистани алифбои форсӣ чӣ қадар муассир аст.

- Устод, воқеан бо донистани ҳуруфи порсӣ пешорӯйи ҳар тоҷик майдону қаламрави фарох боз мешавад, аммо оё имрӯз дар Тоҷикистон заминаҳои бозгашт ба хатти форсӣ мавҷуд аст?

- Тоҷике, ки алифбои форсиро балад нест, ба бисёр чизҳо дастрасӣ надорад. Чун як қавме, ки ҳазор сол бо ин алифбо сарукор дорад ва дар як муддат худро аз ин алифбо канор мегирад, аз бисёр чизҳо маҳрум мемонад. Сабаби бесаводиву бисёр маҳдуд будани андешаи мо боз надонистани забони форсист. Фарз кардем як дарахт бе решаҳои амиқи чандинҳазорсола чӣ сон метавонад, ки сарсабзу хуррам монад? Мо мондем, аммо бо роҳи тақрибан маснӯӣ.

Алифбои кириллӣ барои сартосар омӯзонидани хондану навиштан хуб аст, аммо барои расонидани маънӣ, барои моро водор кардан, ки дар сари ин ё он мавзӯъ амиқтар фикр бикунем, аз калимаҳо маъниҳо бароварем, алифбои форсӣ бисёртар кор медиҳад. Ин алифбо андешаи моро тез мекунад. Бубинед, дар Эрону Афғонистон ба ҳар мӯйсафеде, ки дучор оед, мисли як профессор бо Шумо суҳбат мекунад ва аз ҳама ҷо бохабар аст, ин ҳам ба хотири ҳамон алифбост. Зеро огоҳ аст аз гузаштаву ториху дирӯзу имрӯзи худаш.

-Ва бисёр фасеҳу зебо ҳам суҳбат мекунад…

-Албатта, шумо бо як кишоварзи афғон ё иронӣ суҳбат мекунед, чунон фасеҳ суҳбат мекунад, ки инсон ба ваҷд меояд. Мутаассифона, бархе олимону нависандагони мо бо як забони зангзада суҳбат мекунанд, ки одам хиҷолат мекашад, ки наход ӯ форсизабон бошад. Охир:

Дар сухан дурр бибояд суфтан,

Варна гунгӣ беҳ аз сухан гуфтан.

-Дар бораи бозгашти мо ба хатти форсӣ чӣ мегӯед?

-Он омӯзише, ки дар макотиби миёнаи мо сурат мегирад, комилан нокифоя ва ноқис аст. Ҳатто давраи Шӯравӣ таълими алифбои ниёгон беҳтар буд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, дар ибтидо дар мактабҳои миёна сатҳи омӯзиши алифбои форсӣ баланд бардошта шавад, пас тадриҷан бо беҳтар шудани вазъи иқтисодиву боло рафтани шуури миллии мо бояд ба алифбои форсӣ баргардем. Зеро бо ин роҳ ба мо ду чизи бисёр муҳим муяссар мегардад, ки яке ба умқи осори гузаштагонамон ғуттавар гардидан бошад, дигарӣ бо кишварҳои ҳамзабон дар чопи китобҳову нашри маҷаллаҳо ва умуман илму адабиёт яке шудан аст.

-Навиштаҳои нависандагоне, ки дар замони истиқлол ба майдони адабиёт омаданд, аз тарафи насли калонсол бисёр танқид мешаванд. Инҷо ҳам сабаби аслӣ шояд дар надонистани алифбои форсӣ бошад?

2 mirzo-shukurzoda 2013- Оре, бисёре аз нависандагони мо бо забони пурғалат ва чӣ тавре, ки гуфтам зангзада менависанд ва сабабаш ҳам дар ҳамин аст, ки форсӣ хонда наметавонанд. Аммо дар ин росто рӯзноманигорони мо чун тариқи интернету матбуоти давр бо алифбои форсӣ сарукор доранд, агар диққат карда бошед, аз бархе нависандагони мо чирадасттаранд.

Дуруст, лекин инҷо як чизи дигарро ҳам бояд гуфт. Ман ҳам навиштаҳои онҳоро мехонам, аммо чизе, ки бароям писанд нест ин истифодаи аз ҳад зиёди калимоти арабӣ дар навиштаҳои онҳост… Равшан аст, ки дар забони имрӯзаи матбуоти Эрон калимоти иқтибосии арабӣ мавқеи густардатар дорад нисбат ба забони адабии тоҷикӣ. Гумон мекунам ин падидаи хуб ҳам нест. Забони форсӣ ҳамон забони Рӯдакиву Фирдавӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҷомиву Камол аст… Вале бархе рӯзноманигорони мо ба тақлид ба матбуоти Ирон калимоти арабиро зиёд кор мебаранд. Ману Шумо мефаҳмем, аммо мардуми оддӣ чӣ?Қиёсан ба ин забон барои ман забони Ҷонибеку Баҳманёр, Куҳзоду Сорбону Саттор ва Абдулҳамид Самад писандтар аст.

-Нависандагоне, ки Шумо номбар кардед, ҳеҷ вақт таҳти таъсири забони имрӯзаи форсӣ набуданд, онҳо таҳти таъсири забони классикии мо, забони "Чор дарвеш", "Ҳазору як шаб", "Гулистон" ҳастанд. Дар забони форсии муосир корбурди калимаҳои арабӣ хеле зиёд аст ва ирониҳо онҳоро ба ҳадди ифрот истифода ҳам мекунанд. Аммо ин маънии онро надорад, ки забони мо аз забони онҳо асилтар бошад. Чунки тарзи сохтани ҷумлаҳои мо баъзан форсӣ нест. Лекин дар маҷмуъ забони матбуоти Эрон воқеан арабизада аст. Аммо забони назмашон чӣ қадар зебо,чӣ қадар фасеҳ аст.

-Забони нависандаҳои бузургашон ҳам чун Бузурги Алавӣ, Содиқи Ҳидоят, Давлатободӣ ва дигарон дилнишин аст…

-Барои як тоҷик осори Ҳидоят комилан фаҳмост.Зеро аз тоҷикӣ ҳам тоҷикитар аст.

-Аммо он рӯзноманигороне, ки Шумо гуфтед, як падидаи дигарро ҳам мехоҳанд дар навиштори тоҷикӣҷорӣ бикунанд. Ман маҷаллаеро бо номи "Забони порсӣ" хондам. Маҷаллаи хуб, аммо мухолифи қонунҳои имлои забони тоҷикӣ. Масалан, дар оғози калимаи Умар ё ҳар калимае, ки дар арабӣ бо айн оғоз мешавад, аломати сакта менависанд. Дар байни ду садонок низ. Дуруст, ки инҳо калимаҳои иқтибосшуда аз забони арабӣ ҳастанд, аммо калимаҳои иқтибосӣ ба табиати забони мо мувофиқ ва баъдан бояд кор фармуда шаванд. Ин чиз дар тамоми забонҳо дида мешавад. Ҳатто дар забони форсии Ирон низ. Рус Турсунзода намегӯяд, барои чӣ? Ё бисёр вожаҳое, ки аз забонҳои англисиву лотинӣ ба русӣ гузаштаанд, ба тағйироти овозиву ҳарфӣ мувоҷеҳ шудаанд. Баъдан талаффузи аломати сактаи тоҷикӣ ҳам аз айни арабӣ фарқ дорад. Тоҷик айни арабиро талаффуз намекунад.

-Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки имлои забони тоҷикиро, ки Ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст, вайрон кунад ва ин боиси баҳсу ҷидолҳои беҳуда ҳам мешавад. Мо бояд қонуни имлоро риоя кунем. Лекин дар масъалаи он, ки онҳо худсарона дар аввали калимаҳое мисли Умар ва ё байни ду садонок аломтаи сакта мемонанд, ин ғалат аст. Дастури имрӯзаи забони тоҷикӣ бояд риоя шавад.

- Аммо бархе аз зиёиёни мо ҳам зидди бозгашт ба хатти форсӣ ҳастанд…

- Ба назари ман онҳое, ки мухолифи бозгашт ба ҳуруфи форсӣ ҳастанд, худашон аз ҳамин неъмат бебаҳраанд, бо форсӣ хондаву навишта наметавонанд, оҷизанд. Мухолифати онҳо аз нотавонии худи онҳост. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, аксари онҳое, ки мухолифи бозгашт ба алифбои форсӣ ҳастанд, бо забони комилан зангзада мегӯянду менависанд. Ҳар ҷумлаашон таҳрир мехоҳад.

-Хуб устод, ташаккур барои суҳбати самимӣ

 "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi