21:53:39 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бо ёди дӯст маҳфил оростанд

Бо ибтикори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон бахшида ба ёдбуди олими намоён ва ташкилотчии илм, муҳаққиқи таърихи Афғонистон, номзади илми таърих, шодравон Саиданвар Шохуморов дар толори Институти мазкур таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими таърих ва фарҳанги Афғонистон» конференсияи илмӣ баргузор гардид.

p1510592Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ҳусни матлаъ бахшид. Мавсуф афзуд, ки Саиданвар Шохуморов аз ҷумлаи он ходимони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ буд, ки дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон бо навиштаҳои худ нақши муҳиме аз худ боқӣ гузоштааст. Институт ва Анҷумани мазкур тасмим гирифтааст, ки аз ин ба баъд ҳар сол бо ташкил намудани конференсияҳои илмӣ дар мавзӯи Афғонистон хотираи он олимонеро зинда  нигоҳ дорад, ки дар рушди илми афғонистоншиносӣ ва таҳкими риштаҳои дӯстии байни Тоҷикистону Афғонистон хадамоте кардаанду нақши боризеро бозидаанд. 

АКСҲО АЗ ЁДБУДИ ШОДРАВОН САИДАНВАР ШОХУМОРОВ 

Нахуст дар назди ҳозирин Қудратбек Элчибеков, ходими Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар мавзӯи «Саиданвар Шохуморов ва саҳми ӯ дар таҳқиқи таърихи Афғонистон» маърӯза намуд.

p1510531Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Саиданавар Шохуморов соли 1946 дар деҳаи Хосаи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон чашм ба дунё кушода мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагониро соли 1963 дар зодгоҳаш хатм карда худи ҳамон сол ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил мешавад ва онро хатм карда баъди адои хизмати ҳарбӣ ба корҳои илмӣ машғул мешавад. Соли 1978 Саиданвар Шохуморов фаъолияти илмиашро аз лаборанти калон сар карда  то ҷонишинии директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ идома додаст. Саиданвар Шохуморов таҳти роҳбарии шарқшиноси машҳур Ю.В.Гонковский рисолаи илмиашро дифоъ намуда соҳиби унвони номзади илмҳои таърих гардид.

p1510683Элчибек Қудратов афзуд, ки аксари корҳои илмии Саиданвар Шохуморов ба масъалаи Афғонистон, хусусиёти давлатдорӣ, ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, тарзи зиндагии мардуми Афғонистон бахшида шудаанд, ки мавриди ситоиши донишмандон ва таҳлилгарони ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва афғонистоншиносони тоҷикию хориҷӣ гардидаанд. Ӯ инчунин аз китобҳо ва мақолаҳои дигари марҳум Саиданвар Шохуморов, аз қабили «Терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии исломӣ» ва «Исмоилия: анъана ва муосир» ёдовар шуд. Саиданвар Шохуморов соли 2009 бар асари беморӣ  ҷаҳони фониро падруд гуфт.

Дар конференсия афғонистоншиносони маъруфи кишвар Савлатшоҳи Мерган дар мавзӯи «Навои ғулғулафкани истиқлол», Сайфулло Саидов дар мавзӯи «Шӯҳрати Мирзо Турсунзода» дар Афғонистон маърузаҳои пурмазмун карданд.Мавзӯи маърӯзаи донишманди афғони муқими Норвегия Муҳаммадобиди Ҳайдарӣ «Таърихнигории таърихи давлати Ғуриҳо» буд.

Санавбар Воҳидова, доктори илмҳои таърих дар мавзӯи «Чеҳраҳои мондагори занони Афғонистон дар оинаи таърих», Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯи «Назаре ба тӯи арӯсии тоҷикони Афғонистон», Музаффар Олимов, доктори илмҳои таърих дар мавзӯи «Хуруҷи неруҳои низомии НАТО аз Афғонистон ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон», Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих дар мавзӯи «Халилуллоҳи Халилӣ шахсияти сиёсӣ ва  иҷтимоӣ», Шамсиддин Муҳаммадиев, номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи «Диранге ба вижагиҳои бадеии шеъри Робияи Балхӣ», Шодимуҳаммад Сӯфиев, номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои ифодаи андеша дар шеъри ирфонӣ», Раҳматулло Абдуллоев, ходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ дар мавзӯи «Нақши омили этникӣ дар ташаккулёбии давлатдорӣ дар Афғонистон»,Ҷамолиддин Саидзода, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ дар мавзӯи «Маталаб гул аз дӯконе, ки тӯфанг мефурӯшанд» (Афғонистон дар оинаи шеъри шоирон)», Рустам Казаков, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи энергетика» маърӯзаҳои хеле пурмазмун ва боарзише карданд.

p1510899Маърӯзаҳои иштироккунандагони дигари ин конференсия низ  аз қабили Ш. Мирзоев «Зиндагиномаи Мирзо Убайдуллоҳи Ҳабо», С. Ҳамад «Қиссаи рубоби амир Абдураҳмонхон ва фирори набераи ӯ ба шӯравӣ», У. Султонмамадова «Зикри номи мавзеъҳои Хуросон дар ашъори Ломеии Гургонӣ», Назира Ваҳҳобова «Қитъаҳои Иброҳим Халил», Зулфия Мирзода «Маҳорати ғазалсароии Мавлоно Холмуҳаммади Хаста», Бунафшаи Муҳаммадкабир «Ҳузур ва фаъолияти сиёсии занони Афғонистон дар замони муосир», Нодира Зиёева «Омилҳои сиёсии сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон» мавриди писанди ҳозирин қарор гирифт.

Дар хатми кори конференсия ташкилкунандагони он китоберо таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими таърих ва фарҳанги Афғонистон» ба ҳозирин ҳадя карданд, ки он пурра аз маводи конференсияи чанд лаҳза қабл баргузоршуда иборат аст. Чуноне, ки баъзе аз ширкаткунадагон дар конференсия иброз доштанд, дар кори баргузоркунии конференсияҳо дар ҷумҳурӣ ин кор таҷрибаи нав аст ва он боиси дастгирист.

«Рӯзгор»



sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi