05:14:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИДҚУЛИ БИЛОЛ: "ДАРДИ БОЗОРРО ДАРК МЕБОЯД"-3

-Дар омади гап мехоҳам пурсам ки, чаро шумо аз эҷодиёти овозхонҳои кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг Эрону Афғонистон тарона намехонед? Ё шумо таронаҳои онҳоро чандон намеписандед?

-Не, чаро? Ман таронаҳои овозхонҳои эрониву афғониро дӯст медорам. Мунтазам гӯш мекунам, махсусан Аҳмад Зоҳирро. Ман таронаҳои Аҳмад Зоҳирро қариб, ки азёд медонам. Аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Масалан, кашидани овоз ва интихоби матнро. Аз устод Зафар низ омӯхтаам. Вале ба онҳо пайравӣ накардаам. Чунки медонам, ки пайравӣ кардан ба услуби як ҳофизи машҳур эҷодкорро наметавонад ба пояи ӯ бирасонад.

Масалан, устодон Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабек Муродов чӣ қадар пайравони соҳибистеъдоди хушовоз доштанд. Вале ягонтои онҳо Зафар, Одина ва ё Ҷӯрабеки нав нашуданд. Чунки аз ҳамон пайраҳа набаромаданд:

Ҳар ки бикшояд дари бикшодаро,

Кори ӯ парвози мурғи хонагист.

-Устод Бозор Собир ахиран дар васфи шумо бо номи «Садафи нохуни ту маро бас» як шеъре ҳам навиштаанд, ки онро чанде пеш ҳафтаномаи «Миллат» дар қатори дигар ашъори тозаи устод ба нашр расонд. Биёед, ҳоло ин шеърро якҷо мехонем.

Пардаи «Хуни Сиёвуш» бизан,

Навҳа аз тахти сияҳпӯш бизан.

Бизан он пардаи хунин чу муғон,

Ки бимӯянд занон мӯйканон.

Навҳаи борбадӣ-ат дар гӯш,

То бувад гӯш нагардад хомӯш.

Панҷаи борбадӣ-ат бигузор,

Накунад дард, набинад озор.

Нохуни борбадӣ-ат устод,

Нашавад судаю фит чун пӯлод.

Садафи об супурдем ба кас,

Садафи нохуни ту моро бас.

Ба ту мо бо раги ҷон пайвандем,

Ба раги сози ту рагпайвандем.

Раги созат, ки накандаст, чӣ ғам,

Наканад ҳеҷ раге дар баданам.

-Инаст вокуниши устод ба ба Шумо ва эҷодиёти Шумо. Вале Шумо, ки бо ӯ чанд муддат дар вақти дар Ватан буданашон ҳамкории эҷодӣ доштед, шахсияти ӯро чӣ гуна дарёфтед?

-Аввалан мехоҳам бигӯям, ки ин шеъри дуввум аст, ки устод барои ман навиштаанд. Дар як соядасташон ба китоби «Аз гули хор то симхор», ки ба ман ҳадя намудаанд, бадеҳатанчунин навиштаанд:

Оҳангсозу ҳофизу ҳозирҷавобу шӯх,

Сар то қадам зарофату сар то ба пой завқ.

Биллаҳ, ки чу Саидқули Билол надидаем,

Ӯро ба гардан аз ҳунару санъат аст тавқ.

Устод Бозор бисёр одами самимӣ ҳастанд. Дар баъзе лаҳзаҳо кӯдакро ба хотир меоранд. Рости гап, ман ақидаҳои сиёсии устодро дастгирӣ намекунам. Вале маҳорати шоирии он касро кӣ инкор карда метавонад? Касе, ки каму беш аз шеъру шоирӣ хабар дорад, оё ҷуръат карда метавонад бигӯяд, ки ман шеъри ӯро эътироф намекунам?

Шоиру шеъре гар ҳаст, арсаи сарбозие ҳаст,

Аз Худову шоҳу аз пайғамбари дунё,

Як нафар норозие ҳаст,

Ёғие ҳаст, осие ҳаст.

Қариб сӣ дар сади эҷодиёти маро таронаҳои бар ашъори устод Бозор Собир суруда ташкил медиҳанд. Аҷоиб ин аст, ки барои дигар овозхонҳо агар наздик ба сад тарона эҷод карда бошам, дар ин байн ягон шеъри Бозор Собир нест. Шеърҳои Бозор Собирро ман танҳо барои худам менависам. Ашъори Бозор Собирро на ҳар як ҳофиз он тавре лозим аст, хонда метавонад. Зеро дарди Бозорро на ҳар кас дарк карда метавонад. Он касе ин дардро дарк карда метавонад, ки худаш ғаму дарду андӯҳ дошта бошад.

Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,

Шоир нашавад ҳар он, ки ӯ беалам аст.

Овозхоне, ки алам надорад, он ҳам овозхони асил шуда наметавонад.

-Оё устод Бозор Собир ба ягон таронаи ба ашъори ӯ сурудаатон вокуниш нишон додааст?

-Соли 1985 вақте ки таронаи «Дилхунук»-ро эҷод кардам устод онро шунида гуфтанд, ки «ана ҳамин сурудат дар сатҳи беҳтарин таронаҳои афғониву эронӣ қарор дорад».

-Оё боре шудааст, ки дар вақти эҷоди тарона бо сабаби номувофиқии вазн ва ё мазмуни шеър бо оҳанг шоир калима ва мисраъеро бо хоҳиши шумо тағйир дода бошад?

-Бо хоҳиши ман ин корро шоирони дигар, азҷумла Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Назри Яздонӣ, Камол Насрулло ва дигарон карданд. Аммо бо чунин хоҳиш ба устод Бозор Собир муроҷиат накардаам. Вале ба як таронае, ки ба рубоиҳои наврӯзии ӯ эҷод кардам, аз шогирди он кас Низом Қосим хоҳиш кардам, ки нақарот нависанд. Ва он кас навиштанд:

Ту баҳорӣ, ту баҳор,

Бӯи Наврӯза биёр.

Ғами ҷонсӯза бибар,

Ишқи дилсӯза биёр.

Намедонам устод Бозор Собир баъди шунидани ин тарона чӣ вокунише мекарда бошанд? Таваккал ба Худо (Механдад).

-Ёдам ҳаст як вақтҳо дар даврони пеш аз истиқлол маҳфилҳои шеъру суруди устод Бозор Собир бо овозхони афғонӣ Аҳмад Мурид созмон дода мешуданд. Аҳмад Мурид ҳам мисли шумо шеърҳои зиёди устодро ба оҳанг дароварда буданд. Толорҳое, ки дар он ҷо ин маҳфилҳо мегузаштанд, ҳамеша моломоли алоқамандони шеъру тарона буданд. Оё имкон дорад, ки дар ояндаи наздик чунин маҳфилҳое бо иштироки шумо ва устод Бозор барпо шаванд?

-Имкон дорад. Ҳастанд нафарҳое, ки сармояи хуб доранд ва ҳамзамон шеърфаҳму шеърдӯсту алоқаманди мусиқӣ ҳастанд. Ватандӯст ҳастанд. Шахсиятҳои шинохтаи Ватанашонро дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд. Омода ҳастанд, ки барояшон хизмат кунанд. Барои мисол як дӯст дорам Нодир Исмоил. Шахси хеле обрӯманд аст. Дар Россия кору зиндагӣ мекунад. Бисёр мухлиси шеърҳои устод Бозор Собир ва таронаҳои банда аст. Ба гуфтаи хоҳараш, ки ҳамсояи мо ҳаст, Раҷаб дар ғарибӣ суруди «Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд» ва «Тоҷикистон ҷону ҷонон»-и Назри Яздониро қариб ҳаррӯз гӯш мекардаасту ашк мерезондааст. Ана ҳамин одам боре ба ман гуфт, ки омодааст, ки барои устод хизмате анҷом бидиҳад. Чунин одамон фикр мекунам кам нестанд.

-Бо умеде, ки ин ниятҳои нек амалӣ бишаванд, ба ин сӯҳбати гуворо бо шумо хотима мебахшем.

-Ташаккур.

Мусоҳиб Султони ҲАМАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi