21:54:31 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА ҲАЗОРСОЛАГИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ

Дирӯз, 16-уми декабр, дар толори маҷлисҳои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ бахшида ба ҳазорсолагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид.

/images/stories/2011/12/17_1000-solai-firdavsi.jpgКонференсияро бо сухани муқаддимавӣ Президенти АИ ҶТ академик Мамадшо Илолов кушода иброз дошт, ки чорабинии мазкур бо талоши Вазорати маорифи ҶТ, Академияи Илмҳои ҶТ ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи қарори созмони байналмилалии илмиву фарҳангии ЮНЕСКО, ки солҳои 2010-11-ро санаи таҷлили ҳазорсолаи  дуввуми  таълифи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ эълон намудааст, баргузор мегардад.

Абдуҳамид Абдуалимов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкаткунандагони конференсияро аз номи ҳукумати ҷумҳурӣ табрик гуфт ва чанд мулоҳизаи хешро дар мавриди нақши «Шоҳнома» дар тарбияи ватандӯстии мардум изҳор дошт.

/images/stories/2011/12/17_abdujabbor_rahmonov_1712.jpgСипас олимони шинохтаи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов, академик, вазири маорифи ҶТ, Мирзо Муллоаҳмадов, узви вобастаи АИ ҶТ, Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филология ва бархе аз меҳмонон аз кишварҳои Эрону Афғонистон дар бораи паҳлӯҳои мухталифу ҳанӯз барои оммаи васеъ норӯшани фаъолияти эҷодии бузургтарин достоннависи Аҷам ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ маърӯзаҳои пурмазмун карданд.

Дар ин ҳамоиш ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки як рӯз пеш дар Донишгоҳи Милли Тоҷикистон ҷамъбаст шуда буд, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Чуноне, ки раиси ҳакамони озмун Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба хабарнигори сомона гуфт, ҷои аввалро  ба Марвориди Умаралӣ хонандаи синфи 11-уми литсеи рақами 1-и шаҳри Сарбанд, ки зери навои мусиқӣ порчаҳо аз «Шоҳнома»-ро хеле ҷаззоб қироат намудааст, сазовор донистанд.

Мукофот- пайкараи «Рахш»-ро ба ғолиб шоири халқии Тоҷикистон устод Мӯъмин Қаноат супурд.Ҷои дуввумро Гавҳарбонуи Ғолибзода, хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 23-и шаҳра Исфара ноил гашт. Ҷои сеюм насиби Сарвиноз Азизова, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи рақами 49-и ноҳияи Ҳисор шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi