13:00:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҶЛИЛ АЗ 70-СОЛАГИИ ШОИР ШИРИН БУНЁД

Имрӯз, 14-уми декабр, Шоир Халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд агар дар қайди ҳаёт мебуд, синни мубораки ҳафтодро пур мекард. Вале афсӯс, ки чанд моҳ қабл ӯ ин дунёи фониро падруд гуфт ва  гиромидошти 70-солагии ӯ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бидуни  ӯ баргузор гардид. Маросими зодрӯзи шоири шодравон дар сатҳи вилоят гузаронида шуда, дар он ҳамаи шоирону адибони Бадахшон ширкат варзиданд.

/images/stories/2011/12/14_shirin-bunyod_141211.jpgАз маҳфили адабии ноҳияи Дарвоз адибон бо сарварии Сарвар Азизов, аз маҳфили адабии ноҳияи Рӯшон шоирон бо сарварии Лутфишои Қимматшоҳ, аз ноҳияи Ишкошим Кӯйбек Шарифзода, аз ноҳияи Роштқалъа Қозибек Ҷонибеков, аз маҳфили адабии шаҳри Хоруғу ноҳияи Шуғнон зери сарварии Алидод Чароғабдолов намояндаҳо дар маҳфил ҳузур дошта, хотироти худро аз лаҳзаҳои муҳими ҳаёти шоир Ширин Бунёд баён намуданд.

Раиси ВМКБ Қодири Қосим қайд кард, ки агарчӣ шоир Ширин Бунёд имрӯз бо мо нест, вале тавассути осори эҷодкардааш дар дил ва хотираҳои мо ҳамеша боқӣ мемонад. Раиси вилоят пешниҳод кард, ки дар мактаби миёнаи зодгоҳи шоир осорхонаи ӯ таъсис  ва дар вилоят ягон муассиссаи давлатӣ ба номаш номгузорӣ карда шавад.

Оромгоҳашро ба зиёратгоҳи аҳли адабу фарҳанг табдил бидиҳанд. Ӯ барқияи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он тамоми мардуми Бадахшон ва аҳли хонаводаи шодравон Ширин Бунёдро бо  муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир табрик намудаанд, қироат намуд.

Роҳбари бахши Бадахшонии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан  Ширин Бунёдро фидоии ватану ваҳдатсарои асил номида аз даврони ҷавонии шодравон хотироти худро қисса намуд.

Ширин Бунёд 14-уми декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Шуғнони Бадахшон таваллуд шудааст. Шоир муаллифи китобҳои «Зартеғ», «Бомдод», «Шоҳи Тирандоз», «Шерозаи ваҳдат» ва «Номае дар барги ҳасрат» буда, ашъори бой дорад. Ширин Бунёд асосгузори маҳфили Бадахшонии Иттифоқи адибони Тоҷикистон мебошад. Ширин Бунёд 4-уми июли соли равон дар зодгоҳаш аз олам даргузашт. 

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi