04:08:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАД ЗОҲИР – ТАРҒИБГАРИ ЗАБОНИ ФОРСӢ

Дар таърихи адабиёт ва санъати ҳар як халқ шахсиятҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки зиндагии онҳо боиси тараққиву густариши фарҳанги он миллат мегардад. Барои тараққиву густариш, тарғиби  фарҳангу ҳунари мардумони форсинажод натанҳо фарзандони ин миллат, балки шахсиятҳои бузурги дигар миллатҳо низ саҳмгузорӣ намудаанд.

ahmad-zahir-ruzgor_1.jpgАҳмад Зоҳирро низ метавон дар радифи чунин ашхос гузошт, ки ӯ дар олами хунар  тамоми қудрату истеъдоди хешро сарфи офариниши суруду тарона намуд. Падари ӯ  бо вуҷуди паштутабор будан монеи бо забони форсӣ сурудани писари ҳунармандаш  нагардид. Шояд ӯ хуб ҳис карда буд, ки лисони форсӣ забони шеъру тарона  аст ва боист, ки шеъру таронаи асил бо он забон суруда шавад.

Ҳамин буд, ки Аҳмад Зоҳир қариб 99 фоизи суруду таронаҳояшро бо забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ сароидааст. Дар таронаҳои ӯ натанҳо шеъру оҳан, балки забон,  фарҳанг, таърих, фалсафа, тасаввуф, ҷавонмардӣ, ахлоқ ва дигар мавзӯъҳои ҳаёти мардумони форсигӯ ҷой доранд. Дар маркази эҷодиёти Аҳмад Зоҳир ду чиз аз ҳама муқаддамтар меистад: мусиқӣ ва суруд. Агар забони мусиқии ӯ ба шунаванда аз рози олами ин ҳунар огаҳӣ диҳад, матни таронаҳояш касро ба дунёи андешаву даррокӣ ҳидоят месозад.

Аҳмад Зоҳир сарояндаи нотакроре буд, ки бо як дурахшидан ба қалби ҳазорон мардумони фарҳангдӯст гармиву меҳр биафзуд ва  бо файзи  садои хеш олами ҳунари овозхониро дигарбора зебову  дилкаш намуд. Ҳунари нотакрори ӯ даҳсолаҳост, ки дили мухлисонашро ба ваҷд оварда, онҳоро беихтиёр ба сароидану рақсидан, ба орамидану сукут варзидан, ба андешидану  сӯхтану сохтан водор месозад.

Шӯҳрату овозаи ӯ пас аз интишори фитаҳои сабтӣ ва пас аз пахши шабонарӯзии суруду таронаҳояш аз тариқи радиои Афғонистону Покистон, Эрону Тоҷикистон боз ҳам бештар гардид. Овози хубу марғуб, мусиқии дилнишину беолоиши ӯ диққати ҳазорон ҳазор сомеонро ба худ ҷалб месохт. Истеъдоди худодод тавъам бо маҳорати шеърфаҳмии ӯ якҷо шуда таронаеро ба миён меовард, ки шунаванда аз шунидани он ангушти ҳайрат мегазиду ба эъҷози ӯ аҳсан мегуфт.

Аз мушоҳидаҳои чандинсола ва сӯҳбат бо ашхоси зиёд  маълумам гардид, ки таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бештар мардуми босаводу бомаърифат, фарҳангдӯсту шеърдӯст меписанданд. Банда, ки мутахассиси илмҳои мусиқӣ ва адабиётам се даҳсола боз мухлиси доимии ҳунари овозхонии ин сарояндаам. Ба ростӣ, он ҷаззобият ва ҷолибиятеро, ки ман дар тарона, садо, мусиқӣ, оҳанг ва усули сарояндагии Аҳмад Зоҳир дарёфтаам, то ба имрӯз дар сароиши сарояндагони дигар пайдо  накардаам. Шояд ҳамин нодиракориву нотакрории истеъдодаш бошад, ки суруду таронаҳояш бо мурури замон  дар миёни мардум  маҳбубияти бештаре доранд ва мухлисон онро ҳамчун осори гаронмоя ҳифз мекунанд.

Оиди  Аҳмад Зоҳир ва таронаҳои ӯ дар  Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва соири кишварҳо  пажуҳишҳое ба миён омадаанд, ки китобҳои «Боз омадам» (Душанбе, 1992), «Танҳо садост, ки мемонад» (Покистон, 1995, 1999, 2003), «Садое,ки  хомӯш намешавад»(Ҳоланд, Амрико, 2004), «Саргузашти мусиқии муосири Афғонистон» (Теҳрон, 1996),  «Чеҳраҳо» (Душанбе, 1996), «Аҳмад Зоҳир – султони қалбҳо» (Душанбе, 2005) ва «Аҳмад Зоҳир – хунёгари солҳову садаҳо» (2005) намунаҳое аз онҳост.

Дар  тадқиқоти ба вуҷудомада хидмат ва заҳмати муаллифоне чун Одина Мирак, Султони Ҳамад, Худойназар Асозода, Зафар Мирзоев, Исфандиёр ва дигарон хеле назаррасанд. Номбурдагон дар  китобу рисолаҳои хеш паҳлуҳои торики ҳунару зиндагонии ӯро, ки то андозае ба хонандагон пинҳон буд, равшан намудаанд. Ҳарчанде, ки ба зиндагӣ ва ҳунари волои Аҳмад Зоҳир тааммул нанамоем, боз ҳам бароямон он муаммоеро мемонад ва боз мехоҳем, ки перомуни он бештар огаҳӣ дошта бошем.

Сарояндагони наслҳои баъдӣ ҳарчанде, ки ба  ӯ  тақлид кунанду мактаби сарояндагии ӯро идома   диҳанд ҳам, то ҳанӯз касе пайдо нагаштааст, ки бо ӯ дар анбоз бошад ва ҷои ӯ дар арсаи ҳунар ҳамоно холист.

Агар Аҳмад Зоҳирро тарғибгари забони форсӣ номем  ҳеҷ ҷои шакку шубҳае нест, зеро суруду таронаҳои ӯ натанҳо дар миёни мардумони се кишвари ҳамзабон: Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон, балки дар Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Амрико ва дигар мамлакатҳои Шарқ  низ мухлисон ва дӯстдорони зиёде дорад.

ahmad-zahir-ruzgor_2.jpg

Бузургии ӯ дар он зоҳир мегардад, ки ба тани шеъри шоир қабое аз оҳанг мепӯшонад, ки он бисёр табиӣ ва зебову шинам меафтад ва кас гумон мекунад, ки ин оҳанг маҳз барои ҳамин суруд офарида шудаву ин шеър хосао барои ин оҳанг гуфта шудааст. Аҳмад Зоҳир ин ҳамаро дар дастгоҳи эҷодии худ сайқал дода, таронае аз тору пуди истеъдод меофарад, ки мақбули ҳазорон ҳазор дӯстдорони суруду тарона мегардад. Дар ҳақиқат сурудҳои ӯ сеҳрангезу мафтункунандаанд ва шунавандаро ба олами андеша ва завқ мебарад.

Дар суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир мазмуну маънии воло, мувозинатии зарбҳо, мусиқавияти касбӣ, ботамкинии оҳанг, маҳорати хуби сарояндагӣ, ширинии гуфтор ва лаҳни зебо мушоҳида мешаванд, ки дар маҷмӯъ ба ҳам омезиш ёфта ба авҷи ниҳоии  худ мерасанд, ки  ин ҳама қалби мустамеонро бетасхир намегузорад. Сароянда худ, ки дар литсейи «Ҳабибия» бо забони дарӣ таълим гирифта аз ширинии ин забон лаззат бурдааст, осори  худро низ бо ин забон  офаридааст

Вақте ки мо таронаҳои Аҳмад Зоҳирро гӯш мекунем, ба имконияту қудрати забони модарии худ қоил мешавем ва аҳсант ба ин ҳунарманд мегӯем, ки  он ҳама имкониятро ба таври бояду шояд истифода бурда тавонистааст. Мусиқии ӯ низ забони хосеро дорост, ки на ҳама аз  он рози нуҳуфта бархурдор аст. Агар дар олам забони бидуни тарҷума ба ҳамагон маълум забони мусиқӣ бошад, ин забон дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир тавассути созҳои мусиқӣ ва лаҳни зебои сароянда чунон ба гӯш мерасад, ки онро танҳо эҳсос карда тавонистан лозим аст. Ана ҳамин гуна эҳсосро Худованд на ба ҳар кас додааст ва бинобар ҳар кас ба қадри тавоноии хеш аз асарҳои санъат баҳравар мегардад. Шоире барҳақ фармудааст, ки:

Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол.

Минқор ба оби шӯр дорад ҳама сол.

Шахсе ки як бор аз ин чашмаи зулол нӯш кунад, ба гумон аст, ки то охири умр таъми онро фаромӯш кунад, вале агар ӯ ба ин чиз тайёр набошад, маъзур аст. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо зиёданд ашхосе, ки ба асарҳои классикони мусиқии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба мусиқии классикии  халқи худ – «Шашмақом» низ бепарвову бетарафӣ зоҳир мекунанд. Ҳол он ки таронаҳои Аҳмад Зоҳир на ба ин тааллуқ дораду на ба он.

Эҷодиёти ӯ мусиқии касбии дар айни ҳол  фораму сабук, дилнишину гувороест, ки бо хусусиятҳои хоси худ ҳамрози дили ошиқон, муттакои қалби мусофирон, мӯниси гӯшанишинон, таскиндиҳандаи дили зори маҳҷурон ва тасаллобахши рӯҳу ҷони мухлисони савту навост. Мусиқӣ низ илмест ва онро омӯхтан лозим аст. Дар ин бора  ашхосе бояд сухан ронанд, ки  ақаллан  ягон асбоби мусикиро навохта тавонанд ё худ сурудеро замзама карда бошанд.

Аҳмад Зоҳир бо боли суруду таронаҳои хеш  аксар мамолики  Шарқро паймуда,  зебоӣ ва ширинии забони форсиро ба самъи мардумони ин кишварҳо расонд. Дар ҳар як гӯшаю канори олам вақте, ки суруду таронаи ӯ танинандоз мегардад, намояндагони қавму миллатҳои гуногун аз он ғизои маънавӣ мегиранд ва ба шевоию гувороии забони модарии мо қоил мегарданд. Ин ҳама бори дигар  далолат мекунад, ки забони тоҷикӣ забони шеъру суруд аст.

Шоире барҳак фармудааст, ки:

Агар бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ

Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.

Бартарии Аҳмади Зоҳир аз ҳамтоёни худ боз  дар он аст, ки ӯ худ шеъри  сараро аз ғайрисара хуб  фарқ карда метавонист. Ӯ хуб медонист, ки чи гунна шеърро бояд суруд. Пеш аз интихоби матни суруд онро бо худ ҳафтаҳо мегардонд, аз мазмуни он хуб воқиф шуда, баъд сари он кор мекард.

Аҳмад Зоҳир   дар умри кӯтоҳи худ тавонист, ки рисолати ҳунарии худро ба таври бояду шояд адо намояд. Агар ӯро аз байн намебурданд. то имрӯз таронаву сурудҳое меофарид, ки натанҳо шунаванда аз он лаззат мебурд, балки ба дарди худ шифо меёфт. Баъзе таронаҳои ин сароянда оддӣ набуда, дар он сеҳру эҷозе нуҳуфта аст ва ҳамин хусусиятҳо сурудҳои ӯро ҷовидона гардонидааст.

Раҷабалӣ Худоёр



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 03.07.2011 23:21
Забони форси ин як муъчизаи нодири Илохист ва худи ин забон низ муъчизаэчод аст М. Икбол Фармуда:
Фикри ман аз чилвааш масхур гашт
Хомаи ман шохи нахли Тур гашт.

Ягон забон наметавонад чойгузини ин забони малакути бишавад чунки ин забонро инсонхои комил ва малакути эчод кардаанд.
Форси ин забони шеъру тарона забони маърифату адаб забони ифодагари зебои хама чиз ва дар нихоят забони инсони комил махсуб мешавад.Чандон васфи ин забонро кунем хамон кадар кам аст.
 
 
0 #1 Guest 03.07.2011 19:22
Дар хакикат тарона, садо, мусиқӣ, оҳанг ва усули сарояндагии Аҳмад Зоҳир нотакрор аст. Худо уро биомурзад ва дар чаннатул Фирдавс маконе барояш мухаё намояд. Омин
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi