17:18:16 21-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сомонаҳои хориҷӣ дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистонро инъикос мекунанд

13 адад мусаввараҳое, ки дар онҳо манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, дар портали Осорхонаи маҷозии Россия ба намоиш гузошта шуданд. Мусаввараҳо аз 7 рассоми машҳури Тоҷикистон ба монанди М. Абдураҳмонов, З. Ҳабибуллоев, Д. Илябаев, А. Пономарев, А. Ҳайдаров, И. Лисиков ва Н. Никитин Н. мебошанд. Дар ин бора ба мо сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.

Osorhonai-millii-To-ikistonТаъкид гардид, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Россия аввалин бор 13 адад мусаввараи ҷониби Тоҷикистон дар ин портал ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин дар намоиши мазкур шакли электронии асарҳои «Модар», «Портрети комсомол», «Фотеҳон», «Сохтмончиёни Норак», «Декрети замин», «Пионерҳои ҷавон», «Пахтакорон», «Дуои Модар», «Портрети Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон М. Маҳмудова», «Чорабинии варзишӣ дар рӯзи эълон карда шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 марти соли 1925» ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Фариддун Кенҷаев иброз намуд, ки яке аз дастоварди дигари мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин кашфи маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ мебошад, ки дар бораи он нашрияи электронии илмии Ҷумҳурии Фаронса мавод таҳти унвони «Нашриёти Бомиён» бо забони олмонӣ ба нашр расонидааст, ки хонанда бо ворид шудан ба ин саҳифа https://we.tl/t-pFc4FQBWKW имкон пайдо мекунад, ки шакли пурраи онро мутолиа намояд.

Дар Фаронса бо забони олмонӣ интишор гардидани маводи илмӣ оид ба ин бозёфт имкон медиҳад, то аҳли илм ва муҳаққиқони қитъаи Аврупо ва дар умум ҷаҳони ғарб аз саҳифаҳои то ба ҳол таҳқиқнашудаи ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф гарданд.

Бозёфти мазкур маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ буда, дар болооби дарёи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад. Ёдгории мазкур аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ кашф ва ба қайд гирифта шудааст.

Ин кашфиёт дастоварди нодири илми бостоншиносии миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳамияти муҳими таърихию фарҳангӣ дар минтақа ва ҷаҳон дорад.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории бостонии Хоҷа Муфарраҷ дорои хусусияти нодири бостонӣ, эпиграфӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ буда, аз ҷузъҳои бостонӣ — тасвирҳои рӯисангӣ; меъморӣ — қалъа ва манора; эпиграфӣ — хатҳои давраҳои гуногуни таърихӣ: ҳинду ориёӣ, юнонӣ ва арабӣ, инчунин мардумшиносӣ — қабрҳои давраи аввали исломӣ иборат мебошад.

Фирӯза Давлатзода, АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi