07:00:50 05-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«ХОТИРАИ ШОИР»

Чанде пеш ба дастам маҷмӯъаи шоир Ҷумъа Дӯст бо номи «Гули Баҳман» афтод. Чопи ин маҷмӯъаи хурдакак, ки ҳамагӣ аз 63 саҳифа иборат иборат ҳаст ба давраи нисбатан дури соли 1990, дар нашриёти «Адиб» рост меояд.

juma-dust-54874554Ба ин китобча устод Гулназар сарсухан навиштааст.Аслан дар бораи ин шахсият ва шоири ҷавон замони донишҷӯӣ шунида будам. Аниқтараш на дар бораи шоириву маҳсули эҷодаш, балки дар бораи фоҷиааш, бузургтарин фоҷиаи инсонӣ, ки дар баҳори 34-уми ҳаёти худ ҳамрохи зану фарзандон ва бародар ба коми дарёи хурӯшони Зарафшон меравад ва нолаю шевани модараш «Бенишон рафти писарам!» кӯҳистонро ба ларза меоварад.

Он замоне ,ки шоир Ҷумъа Дӯст ба садамаи пурдаҳшати маргбор ҳамроҳи аҳлу аёл дар рӯди Зарафшон дучор омада буд, камина соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат мекардам ва чизеро дар хусуси ин фоҷиаи риқатъовару мудҳиш намедонистам.Он вақт мо аскарбачаҳои тоҷик дар рӯзномаҳои марказӣ танҳо оиди хабари даҳшатноку воқеъаи нагину фоҷиабори ба сари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳиддинов овардаи гурӯҳи авбошони оқипадар огаҳӣ пайдо кардаву сахт ошуфта гашта будем.

Инак баъди адои хизмати аскарӣ, замони донишҷӯӣ аз забони бачаҳои зарафшонӣ ва хосатан чияни шоир Ҷумъаи Дӯст, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Фурқати азиз дар хусуси ҳалокати дахшатбори тағояш Ҷумъаи Дӯст ва аҳлу байташ дарак ёфта , хело ошуфта гашта будем ва табиист,ки чун як нафар тоҷики миллатдӯст аз руйдоди ин фоҷиаи даҳшатнок сахт афсӯз мехӯрдем.Дар хусуси ашъори ин шоиру рӯзноманигори ҷавонмарг бошад аслан чизеро намедонистем.

Маҷмӯъаи «Гули Баҳман»-ро соли гузашта ҳангоми истироҳат дар осоишгоҳи шаҳри Турсунзода ҳангоми қадам ранҷа кардан ба китобхонаи марказии шаҳри мазкур тасодуфан аз байни рафҳо пайдо кардам ва ба зудӣ пай бурдам,ки ин ашъори баъди маргаш чопшудаи шоири ҷавонмаргу ноком Ҷумъаи Дӯст ҳаст.

Ин китобчаро ман бо як ҳиссиёти балан, мароқи том аз аввал то ба охир хонда баромадам.Нахуст ба навиштаи устод Гулназар бо номи «Ба ҷои пешгуфтор» таваҷҷӯҳ намудам.Сарсухани навиштаи устод Гулназар аслан таронаи насрии марсияи фоҷиаи Ҷумъаи Дӯст ва аҳлу байти ӯст.Азҷумла Гулназар менигорад:«Ҷумъаи Дӯст аз байни мо рафтааст,ҷовидона рафтааст.Он рӯзи сиёҳ ,рӯи ҳавлии бобои Ҷумъа пур аз мурда буд.Чунин воқеъаи мудҳишро касе ёд надорад.Модари муйпарешон ва рӯканда бемадорона аз болои тобуте ба болори тобути дигаре мерафт, кӯҳҳо ба садо меомаданд ,рӯди Зарафшон навҳа мекашид сангу хок месӯхт. Модар ба сари тобути Ҷумъаи навхату навхона хам зада шеван сар медод:

- «Бенишон рафти писарам!

Дар паҳлӯи тобути Ҷумъа ,тобути зану фарзандонаш меистод ва дили ҳамдехагонро хун мекард.»

Ба рости навиштаҳои дардолуде ,ки дили касро мефишоранд ва ба сӯзиш меоваранд!

Ҷое Гулназар менигорад: «Аз дафтару ёддоштҳои Ҷумъа шеъру қитъаҳои парешонашро ҷамъоварӣ кардем, ҳамин китоби аввалину охирини қаламкаши ҷавон фароҳам омада ,нишони рӯзгори бенишони ӯст. То шеъраш ҳаст, то меҳраш дар дилу ёру дӯстонаш маскан гузидааст, бе нишона нахоҳад буд.»

Оре, шоир Гулназар ҳақ асту рост,баъди 33 соли марги фоҷиабори ин адиби ормонӣ ва 29 соли чопи китоби аввалину охирини ашъораш ман онро дар осоишгоҳи шаҳри Турсунзода мехонаму андеша меронам ва чашмони манро ашки ғаму андӯҳ пахш мекунад…

Бо ашъори ин шоири ҷавони ормонии сари сабз дар хоки сард ниҳода, якояк шинос мешавам.

Ба рости дар ин китобчаи ашъори ҳаҷман хурди шоири ҷавонмарг Ҷумъаи Дӯст ба машоми ман бӯи истеъдоди волои шоирӣ расид. Аз навиштаҳои парокандаи шоири ормонӣ ҳис мешавад, ки шоири ҷавон дар шеър навпардозиро хуш доштааст. Ҷумъа кӯшиш кардааст, ки шеъри худро содда, самимӣ, замонавӣ, равон , хуш ба дасти хонанда расонад.

Аз навиштаҳои ӯ чун «Оташи ниёгон», «Рӯдакӣ», «Теғи нигоҳи халқ», «Фарзанди Инқилоб», «Зарафшон» ҳис мешавад, ки эҳсосоту доираи ватандӯстии ин қаламкаш хело ҳам болост ва ифтихору ҷавҳари худшиносии милии ӯ амиқан дар сирати ӯ ҷой гирифтааст:

«Дар сари санги мазори он ҷигарбандони Суғд-

Мезанад оташ забона

Чун дар оташи Суғд

Ҷовидона!»

(Аз шеъри «Оташи Суғд»)

Ё худ чои дигар менигорад:

«Дар миёни он ҳама ошӯбҳо

Байтҳои Рӯдакӣ чун турнаҳо

Болафшон.

Дар баёзи осмон

Аз Бухоро то ба Балх,

Бо танини чангу рӯди Рӯдакӣ

Тоҷиконро дод ово,

Ҷамъ овард,

То биёбад хештанро……»

(Аз шеъри «Рӯдакӣ»)

«Душмани шеъру сухан

Рӯдакиро аз Бухоро карда берун,

Бо ду чашми ғарқа дар хун

Корвони шеъри тоҷик

То занад бесорбон раҳгум.»

(Аз шеъри «Рӯдакӣ»)

Шоир ба пойтахти Тоҷикистон меҳру муҳаббати худро дар шеъри «Шоми Душанбе» чунин ифода кардааст:

«Бувад чун субҳ ҳар шоми Душанбе,

Чароғистон дару боми Душанбе,

Даруни сина меҳраш ҷо гирифта,

Бувад вирди забон номи Душанбе.»

Шоири ҷавонмарг ва номурод дар навиштаҳои худ аз иди Наврӯз, ҳасрати ҷудоӣ аз падари деҳқонаш, ёди модари танҳояш ва ишқи аввалину деҳи худро бо тасвирҳои баланди шоирона ва ошиқона ба қалам додаст ва навиштаҳояш ба ёд назми шоири ҷавонмарги рус Сергей Есенинро ба хотир меоваранд.

Ҷумъаи Дӯст дар шеъри «Ёди падар» чунин нигоштааст:

«Рафтам имрӯз сари гӯри падар,

Косаи чашми сари ман пури об,

То даме об диҳам

Нахли сари мадфани ӯ,

То ки чун нахли танам,

Соя кунад бар тани ӯ».

Сергей Есенин «Тумани обию домони заминҳои пурбарф»

«Ба дари хонаи чӯбини падар истода,

Хостам шодӣ кунам ,лекин дилам шуд гирён.

Пеши ин хонаву айвони саги пушти дараш

Мурдани омадаам гуй ман аз гирди ҷаҳон.»

С.Есенин «Ханадони падарӣ омадаам»

«Сари ҳар шоми сияҳ ман ғамгин,

Одами гумшудае меҷӯям.

Аз паси буду набуди дерин

Ашкдар дида дуо мегӯям.»

Шоир Ҷумъаи Дӯст дар шеъри «Ду нома» модарашро ба ёд оварда менигорад:

«Модарам ,эй модари бечораам,

Баста бар гӯшаи қарси сафед

Номаҳоямро чун тӯмори шифо

То бидони аз ману аҳволи ман

Бӯсию моли ба чашмонат варо».

Сергей Есенин «Мактуб ба модар»

«Зиндаи то ба ҳанӯз,эй кампир?

Ман дуогӯи сари сахти туям.

Дар ҳама рӯи ҷаҳони дилгир

Ҷуз хаёли ту надорам ҳамдам.»

Шоир дар шеърҳои ошиқонаи худ низ аз ишқи ҷавонию шикастанҳои худ дар ин роҳ бо оҳу шеван ёд кардааст.

Умуман аз навиштаҳои шоир ба андешаи банда то андозае бӯи шеъри Лоиқу Гулназар ва хосатан дар шеърҳои ба волидайн ва деҳаи азизаш Вешканд бахшидааш бӯи сабки Есенин ба машом мерасад.Бесабаб ман инҷо мисраъҳои ҷовидонаи Сергей Есенинро наовардаам.

Фикр мекунам ки агар Ҷумъаи Дӯст ба таври фоҷиавӣ ин дунёро тарк намекард, шояд дар шеъру шоирӣ ба дастовардҳое комёб мегашт ва чун як шоири баркамол ва соҳибзавқи тоҷик сабзида мерасид.

Вале афсӯз, зиндагӣ ва қисмати инсон сарнавишт ва фалсафаи худро дорад.

Дар сатрҳои «Аз дастхатҳои парешон» гӯё аз қисмату умри кӯтоҳи хеш ин шоири ҷавон чун шоири шаҳири рус Сергей Есенин хело пештар эҳсосе дошту медонист ва Ҷумъаи Дӯст менигорад:

«Қалам бишкасту розе нонавишта,

Аҷал дар синаҳо ғамдона кишта,

Ва тори умри мардони сухангӯ,

Дареғо ин қадар кӯтоҳ ришта!»

Есенин ин эҳсоси худро чунин баён доштааст:

«Мо фонием, меравем аз даҳр оқибат

Бар водии сукунату хомӯшии абад.

Ман рахти хеш баставу ҳастам ба интизор

То сӯзи рӯзгори фано навбатам расад!»

Афсӯз, сад афсӯз, ин сатрҳои пурсӯзи шоир нисбати қисмати худаш ва марги фоҷиабори худу пайвандонаш ба таври пайғамбарона рост баромаданд.

Рӯҳаш шоду хонаи охирати худу пайвандони номуродаш дар ин арафаи моҳи шарифи Рамазон обод бошанд!

Варқаи Зайниддин,

шаҳри Бохтар!

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi