10:38:59 13-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НАВҶӮЮ ТОЗАГӮЙ МИЛОРАД ПАВИЧ (1929- 2009)

Мутолиаи осори Милорад Павич ҳамеша ҳамроҳ бо ҳайрату хурсандии дарёфти сухани ноб, сабки ҷадид, маънои бикр ва шигирдҳои адабии тозаву нав ва лаззати маънавии ношӣ аз ин ҳайрату хурсандӣ ва навию тозагист. Мусофиреро тасаввур кунед, ки дар гармои тамуз роҳи душвор ва шикастаеро тай карда, ташнаю хаста ниҳоятан ба маконе мерасад, ки дар он ҷой ҷуйи оби сарду софе равон аст ва дар соҳили ин ҷӯй дарахти бузурги бед қомат афрохтааст аст ва сояи бед катеро гузоштаанд; мусофир меояд дар оби сард дасту рӯй мешӯяд, болои кӯрпача менишинад, ба болишт такя мезанад ва ғизо мехӯраду чойи сабз менӯшад…. Хондани китобҳои Милорад Павич мушобеҳ бо ҳамин нишастан дар сояи бед ва нӯшидани чойи сабз пас аз роҳи тӯлонию хастагикунанда аст: аз ҳавои тоза ташаммум мекунад ва чой менӯшаду ташнагии маънавиашро фурӯ менишонад ва роҳат мекунад….

4 milorad-pavich 4544545Яке аз охирин навиштаҳои бадеии ин нависандаи маъруфу машҳури серб «Романи нодир» ном дорад. Романи дедективие, ки сад ривояти мухталифи поёни китобро дорад ва худи хонанда яке ва ё чанде аз онҳоро метавонад интихоб бикунаду бихонад ва низ, агар майл дорад, мустақилона онро идома бидиҳад ва шарики нависанда дар офариниши каломи бадеъ бишавад. Ва аммо нодиру мунҳасир ба фард будан на фақат ба ин роман, балки тақрибан ба ҳамаи навиштаҳои насри адабии Милорад Павич хос аст, тамомии осори насри бадеии ӯ аз достони кӯтоҳ то роман дар буъде аз абъоди худ тозагие, вежагие, шигирди адабие дорад, ки на танҳо дар навиштащои нависандагони дигар, балки дар осори дигари худи Павич низ наметавон пайдо кард. Ва бо ин ҳол боз мавзуъҳое, оҳангҳое, сувари хаёлҳое ҳастанд, ки онҳоро метавон муҳри халлоқияти Павич унвон кард; ин муҳрҳои халлоқиятро, ки дар тамомии осори ӯ мешавад ба мушоҳида гирифт, мисли ҳалқаҳои занҷир ҳастанд, ки ҳамаи навиштаҳои ӯро ба ҳам мепайванданд ва ҷаҳони вежаи адабии нависандаро эҷод мекунанд.

Нахустин вежагии нависандагии Милорад Павич ибтикороти бадеъи ӯ дар фанни иншои осори адабист. Гуфтем, ки ӯ нависандаи навҷӯю тозагӯй аст. Ва ба такрор мегӯем, ки ин навию тозагӣ дар осори ӯ фақат марбут ба як буъди асар нест, балки ҳам дар сохтор дида мешавад, ҳам дар сабки нигоришу услуби баён, ҳам дар мундариҷаю муҳтаво…. Ӯро постмодернист ва сабкашро реализми ҷодуӣ хондаанд, бо ин ҳол худи постмодернизм мафҳуми дақиқе нест, гукнҷоиши пурвусъат дорад ва падидаҳои комилан мухталифи адабиро дар бар мегирад: ва аммо реализми ҷодуии Павич низ ба ҳеч яке аз нависандагони бузурги ин сабку мактаб мушобеҳ нест, ӯ мунҳасир ба фард аст, чунонки ҳар нависандаи асил ҳаст.

1 milorad-pavich 4544545

Шуҳрати нависандагии Павич аз нахустин романи ӯ «Фарҳанги хазарӣ» шуруъ мешавад, ки низ романе дар зоти худ нодир, мутамойиз ва мунҳасир ба фард аст. Хони хазарон - қавме таърихӣ, ки машҳуртарин мероси бозмондааш исми дарёи Хазар (Каспий) аст, мехоҳад барои раъияташ дине интихоб бикунад ва намояндагони се дини машҳури масеҳӣ, яҳудӣ ва исломро ба дарбораш мехонад, то онон байни ҳам баҳс ороянд, хоби ӯро таъбир бикунанд, ба суолҳои ӯ посух бигӯянд ва ӯ дар ниҳоят динеро баргузинад, ки намояндааш хобашро беҳтар тафсир мекунад ва дар ин баҳс ғолиб меояд. Меҳвари аслии роман, заминаи таърихӣ ва бадеии он, сутунмуҳраи асар ҳамин баҳс аст. Аммо аз лиҳози ҳаҷм худи баҳс сафаҳоти зиёдро ишғол намекунад. Балки ин мубоҳиса бештар замина ва баҳонае шуда, то Павич дар перомуни он ва ё дар иртибот ба он мавзуъҳои мухталифро матраҳ бикунад ва бо ба ҳам бипайвандад. Нависандаи сербӣ таърих наменависад, ҳатто романи таърихӣ иншо накардааст. Вай масоили мазҳабии адёни мухталиф, сарнавишти одамони ақвоми гуногун, мутакалимон ба забонҳои гунагун ва замонҳою маконҳои дур аз ҳамро ба якдигар бо нахҳое аёну ноаён, ситабру нозук ба ҳам мепайвандад, ба якдигар меомезад, то сухани бадеии худ, ҳадафи адабии худро ба хонанда ироа бидиҳад. «Фарҳанги хазарӣ» қабл аз ҳама, аз назари сохтор асаре нодир ва дар навъи худ ягона аст: роман муштамил бар муқаддима ва се боб мебошад - маъохизи масеҳӣ, маъохизи исломӣ ва маъохизи яҳудӣ, - ва ҳар боб шомили воҳидҳои луғавӣ ва ё худ мақолаҳои ҷудогона ҳастанд, ки ба тартиби алифбоӣ ҷой дода шудаанд. Мақолаҳо роҷеъ ба ашё ва ашхоси марбут ба кишварҳо, замонҳо ва тамадунҳои гуногунанд, дар бораи тамаддунҳо ва замонҳои мухталиф иттилоъ медиҳанд ва ҳамзамон ин мақолаҳо ё воҳидҳои луғавӣ ҳамдигарро такмил ва ё тасҳеҳ мекунанд…. Вале хонанда дар амри хондани китоб мухтор аст: метавонад хонданро аз боби аввал шуруъ бикунад, ё аз боби сеюм ва ё боби дуюм, пас аз интихоби боб барои оғози хониш, дар хондани мақолаҳои дохили боб низ озод аст: аз ҳар мақолае ки хост, метавонад ба хондан оғоз бикунад; чун сохтори роман чунонки аз номаш ҳам пайдост, навъе луғатнома ё донишномаро мемонад. Ва ин вежагӣ фақат ба шеваи хондан марбут нест, балки омиле муайянкунанда дар тарҷумаи роман ҳам ҳаст; чунонки Милорад Павич худ дар мақолаи «Оғоз ва поёни роман», ки навиштае дар тафсири навҷӯиҳои муаллиф дар сохтори осори бадеӣ аст, мегӯяд, тартиби мақолаҳои дохили бобҳо ва низ ибтидою интиҳои «Фарҳанги хазарӣ» дар тарҷума ба забонҳои мухталиф тағйир меёбад, чун забонҳои олам алифбоҳои гуногун ва тартиби мухталифи ҷойбаҷойии ҳарфҳоро доранд.

3 milorad-pavich 4544545

Дигар аз махсусиятҳои сохтории осори Павич – дурӣ ҷустан аз хатти мустақим, давомдор ва мусалсали сужа аст, ки низ аз ҳамин романи «Фарҳанги хазарӣ» шуруъ шуда ва баъдан дар китобҳои дигари нависанда низ ба кор гирифта мешавад ва аз хусусиятҳои барҷастаи осори нависандаи сербӣ аст. Асосан ҳамин адами хати мустақими сужа боис шуда, ки мунтақидон ин нависандаи сербиро аз саромадони насри навин номида ва осорашро мушобеҳ бо барномаҳои роёнаӣ ва гипертекст номидаанд… Дар мақолаи номбурдаи хеш Милорад Павич мақсад аз ин шигирди адабиро, ки мо онро «бозиҳои адабӣ» унвон ниҳодем, табдили сохтории адабиёт аз ҳунари «бебозгашт» ба ҳунари «бозгарданда» медонад. Вай менависад: «навъҳои ҳунарие ҳастанд, ки ба бинандагон имкон медиҳанд, аз самтҳои мухталиф наздик оянд, назаргоҳи хеш ва наморо ончунон ки худ мехоҳанд, тағйир бидиҳанд. Инҳо меъморӣ, пайкаратарошӣ ва наққошӣ – намояндагони ҳунари бозгарданда ҳастанд. Ҳунарҳои бебозгашт, амсоли мусиқӣ ва адабиёт шабеҳ ба ҷоддаи ҳаракати якҷониба ҳастанд, дар ин ҷодда ҳаракат аз оғоз ба поён, аз таваллуд ба марг сурат мегирад. Ман ҳамеша мехостам адабиётро аз ҳунари бебозгашт ба ҳунари бозгарданда бадал бикунам. Аз ин рӯ китобҳои ман, ба мафҳуми классики ин сухан оғозу анҷом надоранд». Нависанда ҳадаф аз ин тағйири сохторро бар хилофи интизор на бо буҳрони роман, ки дар қарни бистум марҳала ба марҳала аз забони нависандагон, мунтақидон ва файласуфон садо додааст, балки бо буҳрони шеваи хониши роман (осори бадеӣ дар маҷмуъ) иртибот медиҳад, то ба хонандагонаш шеваи тозаи хонишро, ки то ҳадде хонандаро низ ба шарики нависанда дар офариниши осори бадеӣ бадал месозад, ироа бидиҳад. Ва худ дар ин росто ба ҷустуҷӯҳо пардохта, роҳҳои тоза ба тозаи ин сохтори ҷадиди хонишро меҷӯяд ва пайдо мекунад. Романи «Самти дохилии бод, ё роман дар бораи Гера ва Леандр» ду оғоз дорад, онро аз ду тараф метавон хонд ва қаҳрамонони марказӣ дар васати роман бо ҳам вомехӯранд. Роман-кроссворди «Пейзаже, ки бо чой тасвир шудааст» низ гунаи хондани уфуқӣ ва амудӣ дорад… Дар мавриди сохтори романҳои «Сандуқ барои лавозими таҳрир» ва «Ишқи охирин дар Константинопол», ки низ навҷӯёна ва мутафовиту муғойир бо сохтори насри классикӣ ҳастанд, баъдан сухан хоҳем гуфт. Вале дар ин ҷо зикри ин нуктаро лозим медонам, ки асарҳои нисбатан бузургҳаҷми Милорад Павич мутобиқ бо суннати адабии ғарбӣ роман унвон шудаанд, вале дар асл хеле кӯчак ҳастанд ва ҳамаи онҳоро мутобиқ бо суннати адабии русӣ, ки дар адабиёти тоҷик ҳам иқтибос шуда – повест ва ё чунонки аз солҳои 70-уми қарни гузашта дар кишвари мо маъмул шудааст, қисса метавон гуфт. Ва ин аст, ки чанде аз онҳоро дар тарҷумаҳои русӣ повест низ гуфтаанд.

Дигар аз вежагиҳои насри Павич, ба хусус романҳои ӯ, чунонки гуфтем, бидуни тасалсул, пора-пора будани он аст. Ин амр пайванди қавӣ бо хусусияти дигари романҳои Павич – сужаи ғайримустақим, ки низ қаблан ба он ишора кардем, дорад. Беҳтарин намунаи инчунин наср боз ҳам романи «Фарҳанги хазарӣ» аст, ки чунонки гуфта омад, аз воҳидҳои луғавӣ таркиб ёфтааст. «Сандуқ барои лавозими таҳрир» низ аз чанд порчаи мустақил иборат аст, ки ҳар кадомро чун достони кӯтоҳи чудогона метавон хонд ва низ ду қаҳрамони асосӣ онҳоро бо ҳам мепайванданд, ки дар натиҷа ривояти ишқу муҳаббат ва ҷудоии ҷавони серб ва духтари фаронсавӣ ҳосил мешавад. Ва ин вежагӣ имкон дода, ки нависанда яке аз ин пораҳоро чун достони кӯтоҳи ҷудогона ба маҷмӯаи ҳикояҳояш ворид бикунад. Романи «Ишқи охирин дар Констанинопол», ки бешак намунаи беҳтарини неруи тахайюли бадеии нависанда аст ва ҷаззобияташ то интиҳо хонандаро раҳо намекунад, аслан дорои ду сужаи мустақил аст, вале дар ин ҷо низ сарнавишти ду қаҳрамони марказӣ бо ҳам гиреҳ мехӯрад ва ин ду сужаро ба ҳам мепайвандад. Ва аммо Павич дар эҷоди сохтори ин роман аз варақҳо (қарта)-и фолбинии Таро истифода кардааст ва хонанда ихтиёр дорад бо интихоби варақҳо боби вежаи ин варақро бихонад ва тартиби бобҳои асарро тағйир бидиҳад.

2 milorad-pavich 4544545Ва аммо бадеҳист, ки сохтор бо ҳама аҳаммият ва нақши худ наметавонад муайянкунандаи сифати аслии осори бадеӣ бошад. Он чи ки бештар муҳим аст ва хонандаро водор мекунад асари нависандаро то охир бихонад, аз сӯйе муҳтаво ва мундариҷаи он ва аз сӯйи дигар сабк ва шеваи баён ва ривояти асар аст. Насри соданамои Милорад Павич аз лиҳози мундариҷа амиқ аст, нависанда андӯхтаҳои фалсафӣ ва иттилоъоти таърихӣ, мазҳабӣ, ҳунарӣ (ба хусус меъморӣ, ки мундариҷа ва бофти бисёре аз осори ӯро муайян мекунад) ва ғайраро дар сафаҳоти осораш мекорад, ки хонандаро ба ҷустуҷу ва андеша водор мекунанд. Павич донандаи забонҳои зиёди зинда (русӣ, ингилисӣ, фаронсавӣ) ва матруки ғарбӣ буд, аз ин забонҳо тарҷума мекард, ба ин забонҳо китоб мехонд, вай адабиётшинос буд ва осори классики сербиро таҳқиқ мекард ва бадеҳист, ки дониши амикаш дар риштаҳои мухталиф таъсире жарф дар осораш доштанд.

Милорад Павич шоир ҳам буд ва чанд маҷмуа низ мунташир кардааст, вале шоириаш фақат бо шеър гуфтан маҳдуд намешавад, балки фаротар аз он аст: шеър ва забони шоирона дар осори насриаш ҳам таъсири амиқ дорад ва барои хонандаи одӣ низ машҳуд аст. Балки ин амрро шояд таъсири шеър гуфтан иштибоҳ бошад, Павич ба муҳит, рӯйдодҳо, одамону ашё диди шоирона дорад ва ҳам шеър ва ҳам насри бадеияш натиҷа ва ҳосили ҳамин диди шоирона мебошад. Насраш омехта бо каломи шеърист: ташбеҳ, тавсиф, муболиға ва истиора аз унсурҳои асосии шаклиҳандаи ҷумла ва фирқаҳои ӯянд ва хонандаро лаззати маънавӣ мебахшанд. Ин аст, ки аз лиҳози таъсир ба хонанда ва дарёфти лаззати маънавӣ ва зебоишинохтӣ насри Павич ҳам махсусиятҳои шеърро дорад ва ҳам вежагиҳои насри бадеиро. Лаззати ношӣ аз осори насрии адиби серб танҳо бо лаззати умумӣ аз сужаю муҳтавои асар ва ё сабки нигориш ва услуби баён маҳдуд намешавад, балки хеле зиёд аз ҷумлаҳо ва калимаҳои қисораш низ, ки дар осораш фаровон аст, лаззати маънавию зебоишинохтӣ ҳосил мешавад. Ба намунаҳои зайл тавваҷҷуҳ бикунед:

Ман дар сояи худ, чун Робинзон дар ҷазираи бекасаш, нишастаам….

Забон ҳамеша қадимтар аз шеър аст…

Тирамоҳ фаро расидааст ва ҷангалҳо қоидагӣ доранд….

Гов алафро ба шир табдил медиҳад ва мо ин ширро ба фикру андеша бадал мекунем….

Барои хушбахт будан, истеъдод бояд дошт….

Аз ин намунаҳо хеле фаровон ва аз ҳар асари Павич метавон овард, вале ин мухтасар барои муаррафиномаи кӯтоҳи ин вежагии осори нависанда кофист.

Ин вежагии осорашро низ худи нависанда хеле хуб дарк карда буд. Дар романи «Тани дигар» гуфтугӯе дар байни ду шахсияти роман, ки якеш нависандаи ин роман аст, сурат мегирад, ки бозгӯкунандаи ин махсусияти осори Милорад Павич аст:

«- Аз китобҳои ту ман чизе намефаҳмам.

- Чаро бояд аз онҳо чизе бифаҳмӣ? Китобҳои ман мисли хонтахтаи суидӣ аст. Ҳар чиз, ки хостӣ ва чӣ қадаре ки мехоҳӣ ва аз кадом тараф ки шуруъ бикунӣ, мегирӣ. Ман ба ту озодии интихоб пешниҳод кардаам, аммо ту аз фаровонии неъмат, мисли хари Буридон, ки дар байни ду ғарами алаф ҳайрон монд, ки аз кадоме ба хӯрдан оғоз бикунад ва ниҳоятан аз гуруснагӣ мурд, саргиҷу ҳайрон мондаӣ».

Ҳодиса, воқеа, андеша, сухан дар осори Павич дар навори марзии миёни воқеият ва тахайюл ҷараён мегиранд…. На танҳо рӯйдод ва падида дар роману достонҳои ӯ нимавоқеию нимахаёлиянд, балки ҷумла ва сувари хаёл низ чунин хусусиятро доранд. Дар китобҳои ӯ ҷумлаҳои фаровон метавон пайдо кард, ки оғозашон тасвир ва баёни воқеияти рӯзмара аст ва баъд ҳамвору нарм ба марзи тахайюл ворид мешавад ва дар онҷо ба поён мерасад. Ва ҷумлаи баъди он дар маҳдудаи тахаюлӣ оғоз шуда, баъдан ба марзи воқеият мегузарад.

Хоб ва хоббинӣ дар осори Милорад Павич мавқеи бузург дорад. Яке аз муҳрҳои халлоқияти нависанда, ки бад-он ишора кардем, ҳамин хоб аст. Тақрибан дар ҳамаи асарҳои ӯ хоби қаҳрамонон қисмате аз сужаи асарро ташкил медиҳад. Аммо, афзун бар ин, қаҳрамонон дар дохили хоб амал мекунанд, озодона ва бе мамониате аз хоби худ ба хоби шахсиятҳои дигари романҳо ворид мешаванд ва сарнавишти ононро дигаргуна мекунанд ва ҳатто мекушанд. Фирқаи «хобгирон» ки фирқае байналмилалӣ аст ва намояндагони халқҳою динҳои мухталифро дар бар мегирад аз аввалин романи нависанда– «Фарҳанги хазарӣ» шуруъ карда, то «Романи нодир» – охирин асари бузурги ӯ, дар бисёре аз осори нависанда фаъъол аст. Хоб ва хоббинӣ дар осори нависанда, на фақат унсури ташкилдиҳандаи сужа, балки унсури муҳимми поэтика низ ҳаст…. Дар «Романи нодир» қаҳрамони марказӣ бо супориши дигарон хоб мебинад (мушобеҳ бо қарамони яке аз достонҳои кӯтоҳи Гарсиа Маркес) ва дар хоб гӯиё сарнавишти онҳоро тағйир медиҳад, ки дар натиҷа бо фоҷиа анҷом меёбад. Хоб дар адабиёти бадеии ҷаҳон фаровон истифода шуда, вале то Павич ҳеч нависандае онро чунин босубот, пайгирона ва пайваста ба унсури меҳварӣ бадал накардааст. Дар ин ҷо ҷустани таъсири пажуҳишҳои Фрейдро низ ба дард намехурад, чун истифодаи Павич аз хобу хоббинӣ бештар пайванд бо тахаюли густардаю амиқ ва халлоқияти шоиронааш дорад, то бо илми равоншиносӣ….

Ман, чун аз хондани китоб – хоҳ илмӣ ва хоҳ бадеӣ монда мешавам, китобе аз китобҳои Милорад Павичро мегирам, аз ҳар куҷое рост омад боз мекунам, чанд сафҳа мехонам ва ҳам лаззати маънавӣ мебарам, ҳам истироҳат мекунам….

Ба шумо ҳам тавсия медиҳам. Вале, агар бори аввал мехонед, аз аввал то ба охир бихонед.

Абдуқодири РУСТАМ

Бозчоп аз Фейсбук



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi