12:36:58 27-уми Майи 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Ҳошим Гадо, синамо ва худшиносии миллӣ»

«Аз ҳама санъатҳо муҳимтаринаш киност»

(Ба муносибати 81 солагии устод Ҳошим Гадо бахшида мешавад)

Ин суханҳои ҳамчун эпиграф овардаам, ки ба доҳии пролетарҳои ҷаҳон В.И.Ленин тааллуқ дорад, бесабаб нестанд. Ин суханҳоро роҳбари ҳокимияти навташкили Шӯроҳо, замони шӯру ошӯбҳои инқилобӣ, замони барқароршавии ҳокимияти нав дар гӯшаю канораҳои Руссияи подшоҳӣ ба забон оварда буд ва ин суханҳо дар он давраи вазнини инқилобӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ худ ифодагӣ то чи андоза дар худ қувваи бузурги фарҳангӣ доштани санъати киноро таҷассум менамояд.

2 hoshim-gado 6568959Дар ин асос бояд гуфт, ки доҳии пролетарҳои ҷаҳон он давра аз нақши азими тарбиявӣ, тарғиботӣ, ба худ ҷалб намудани санъати кино огоҳӣ дошта, хуб медонист, ки барои ҷалби оммаи бисёрмиллионаи Руссияи бекарон, барои дилгарм намудани мардуми миллатҳои гуногун, қишрҳои гуногуни ҷомеаи онрӯза, ривоҷ додани идеяи давлати умумихалқии навташкил ва мақсаду моҳияти он бешубҳа фарҳанг ва аз ҳама зиёдтараш бояд санъати киноро тақвият бахшид ва ин суханҳо низ бесабаб нестанд. Зеро чун агар ба санъати кино, техникаи он диққат диҳем, филмҳо офарида мешаванд ва баъдан ин филмҳо бо теъдоди садҳо ҳазор, миллионхо нусха дар саноати кинобарорӣ истеҳсол ва ба гӯшаҳои дурдастарини мамлакат фиристонида шуда, ҳар маротиба дар толорҳо ба шаҳрвандон намоиш дода мешаванд ва аз рӯи идея ва андешаҳои филми офарида, миллионҳо шаҳрвандон бо сиёсати кишвару давлат, мақсаду амали роҳбари давлат шинос гашта, боиси шикасти «садди сикандарӣ» байни аҳолӣ ва сиёсати давлат, аз байн рафтани нобоварӣ ба сиёсати давлат ва ахиран қабули ҷомеъаи нав бо ҳама бешу кама аз тарафи фуқаро мегардад.

Илова бар ин филмҳо дар хориҷа намоиш дода шуда, то андозае сиёсату мақсади давлат, ҳаёти кишвару миллатро ба намоиш гузошта, боиси таваҷҷӯҳи аҳолии кишварҳо ва ҷомеаи башарӣ мегарданд. Аз ин ҷост, ки ҳукумати болшевикӣ - ленинӣ аз рӯзҳои аввал дар он замони тираву тор, ҷанги шаҳрвандӣ ва интервентсияи кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии ҷавони Руссияи Шӯравӣ, ба инкишофи ин соҳаи муҳими санъат диққати ҷиддӣ доданд ва тибқи ахбороти коршиносон ин зиракии сиёсӣ-фарҳангии большевикон ва солҳои зиёде барои инкишофи кишвари Шӯроҳо,тавоноии он ва бомуваффақият пеш рафтани сиёсати ҳизби ҳукмрони большевикӣ нақши калидӣ дошт.

Беҳуда нест, ки баъди қабули декретҳои машҳури ленинӣ дар бораи сулҳ, замин, дар бораи судҳо, санаи 19-уми августи соли 1919 В.И.Ленин дар бораи миллӣ гардонидани киномотография декрети махсуси худро қабул намуд ва аз ҳамон давра тараққии бемислу монанди кинои Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд. Ҳамон давра буд, ки филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеии шӯравӣ аз қабили «Қадам зан, Совет», «Саргузашти аҷоиби ҷаноби Вест дар кишвари болшевикҳо», «Киштии зиреҳпӯш Потёмкин», «Октябрь», «Ленин дар соли 1918», «Щорс», «Чапаев» ва дигарон ба навор омада, таблиғгари беминнати ҳукумати шӯроҳо дар сар то сари хоки шӯравӣ гардиданд.

Ҳукумати Шӯравӣ ба пешравии санъати барои кишварҳои миллӣ, алалхусус кишварҳои осиёгии худ диққати махсус медод ва баъди ташкил ёфтани ҶШСМ Тоҷикистон охири солҳои 20-ум дар бораи Бухорои Шарқӣ ва навигариҳои он киножурналҳо ба навор гирифта шуданд. Аҳамияти муҳими санъати кино ва сиёсати лениниро дар ин самт ба назар гирифта, бо Қарори КИМ ва Шӯрои Комиссарони халқи ҶСШ-и Тоҷикистон 30-юми апрели соли 1930 ширкати «Тоҷиккино» таъсис ёфт.

Нашъунамои кинои ҷумҳурии ҷавони тоҷики он давра ба корҳои тарғиботи оиди сохти нав, ислоҳоти коллективонӣ, саноат, маориф, мубориза бо одатҳои кӯҳна нигаронида шуда, як силсила филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеии ҷанбаи сиёсии замонродошта офарида шуданд.Чунончи, нахустин фильми хуччати-бадеӣ ин филми нахустин режисёри тоҷик Комил Ёрматов «Ҳуқуқи фахрӣ» он солҳои вазнин, аниқтараш соли 1932 ба майдон омад. Баъдан дар ин давра филмҳои дигаре, аз қабили «Боғ», «Дӯстон аз нав вомехӯранд» ва ғайраҳо офарида шуданд , ки онҳо ба ҳаёти нав бахшида шуда буданд.

Фаромӯш набояд кард, кино аз давраи пайдошавиаш (соли 1895) чун ҷузъи ҷудонопазири идеалогияи давлатӣ дониста шуда, дар қатори тиҷорат, фарҳанг, хусусияти таълимии он, ҳамчунин кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили ИМА, Англия, Олмон, Фаронса , онро ҳамчун яроқи идеалогӣ хуб истифода намудаанд.  

Дур намеравем, як ба охири солҳои 30-юм ва замони ҷанги 2-юми ҷаҳон назар меафканем. Он давра киносозони ҳам ИМА ва ҳам Олмон, дигар кишварҳояшон низ вобаста ба воқеаҳои таърихӣ ва ҷангӣ аз ин дастгоҳи идеологӣ хуб истифода бурд. Дар ин давра филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ оиди ҷанги зидди Олмон, филмҳои ғояи ватандӯстӣ дошта, киножурналҳои ҳаҷвии зидди Адольф Гитлер пайдо гаштанд. Ҳамон давраи барои давлату мардуми шӯравӣ вазнин, соли 1942 дар Тоҷикистон филми бадеии «Фарзанди Тоҷикистон», ки аз бебокиву далерӣ, муборизаи тоҷикписарон алайҳи фашизм ба навор гирифта шуда буд рӯи об омад.

Хотиррасон менамоям, ки баъди 40 соли навори ин филм, он ба мо мактаббачагони солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта таъсири сахти равонии худро гузошта, аз ин корнамоии тоҷикписарон дар фронт ифтихори зиёде мекардем. Бо ибораи дигар баъди 40 соли офаридани ин филм он дар Тоҷикистони азиз таъсиру аҳамияти худро гум накарда, ба насли навраси баъдина ифтихори ватандӯстӣ ва ватанпарвариро меомӯхт. Замони баъдиҷангӣ давраи рушду нумӯи кинои шӯравӣ ва як ҷузъи он кинои тоҷик буд. Ин давра буд, ки киностудияҳои маъруфи симои ҷаҳон дошта аз қабили «Мосфилм», «Ленфилм», ба номи Довженко, киностудияи«Одесса»,«Рига»«Гурҷифилм»,киностудияҳои ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ бо филмҳои худ , ки аз сиёсати вақти КПСС ва роҳбарияти Шӯравӣ сарчашма мегирифтанд ба сатҳи ҷаҳонӣ баромаданд.Чун яке аз нишонаҳои суперабарқудрати ҷаҳонӣ ин фарҳанги олӣ ва паҳн намудани сиёсату фарҳанги худ ба нуктаҳои гуногуни ҷаҳон ҳаст, роҳбарияти СССР инро хуб мефаҳмид ва дар ин асос барои ривоҷу равнақи кинои шӯравӣ, ба вуҷуд овардани шароити хуби корӣ, истироҳат ва тайёр гамудани кадрҳои касбии ин соҳаи муҳим ҳамасола ба андозаи садҳо миллион доллар ё бо ҳисобҳои дигар миллиардҳо доллар масраф мекард.

Бесабаб нест, ки аз ин рӯ, киностудияҳои бешумори шӯравӣ ҳамасола дар кинофестивалҳои олидараҷаи сатҳи Аврупо, Осиё ва ҷаҳон мукофотҳои зиёд, аз ҷумла мукофоти асосии ин кинофестивалҳоро мегирифтанд.

Кинои тоҷик низ дар ин давра батадриҷ пеш рафта, замони шӯравӣ бо филмҳои гуногуни худ дар сатҳи кинофестивалҳои зиёди умумииттифоқӣ ва байналмиллалӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳо, ҳатто шоҳҷоиза мегардид, ки он давра бо ибораи дигар «Тоҷикфилм», даричаи боэътимоди шинохти тоҷикон ва Тоҷикистон дар сатҳи шӯравӣ ва ҷаҳон гардида , ҳамагӣ мардуми тоҷик аз дастовардҳои он ифтихори бузурге дошт.

Дар қатори филмҳое, ки вобаста ба сиёсати давру замон оиди пахтакорӣ, ҳаёти нав, босмачигарӣ, сохтмонҳо буданд, дар ин давра кинорежиссёрҳои тоҷик тавонистанд, ки филмҳои соф миллиеро, ки аз таърихи миллати мо, ҳаёту урфу одатҳои ӯ иборат аст, офаранд. Солҳои 60-ум ва 70-ум аз тарафи «Тоҷикфилм» офарида шудани филмҳо аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ - «Коваи оҳангар», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш» дар ҳаёти фарҳангии ҷомеаи тоҷик ва ҳатто ҳаёти фарҳангии шӯравӣ як падидаи бисёр хушоянде буд.

Кинорежисёри маъруфи тоҷик Борис Кимягаров воқеъан тавонист хизмати бузургеро дар назди ин миллат ва кишвар ба ҷо оварад (воқеан, агар барои ин мард ҳайкал ҳам гузорем, ҳанӯз кам аст). Ин филмҳо, ки бо маблағҳои калон офарида шуда, устодона рӯи навор омада буданд, чеҳраи кинои миллии тоҷикро натанҳо дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ барои солҳои дароз бозтобӣ карданд. Аз байни ин силсилафилмҳо филми «Рустам ва Сӯҳроб», ки дар нақшҳои асосӣ ҳунармандони бузурги тоҷику алан Ҳошим Гадоев ва шодравон Бимбулатт Ватаев нақш бозидаанд, бо касбият, лаҳзаҳои фоҷиавӣ, интихоби мавзеъ ва дигар омилҳо натанҳо Тоҷикистону Иттиҳод, балки бешубҳа ҷаҳонро такон дод.

Ёд дорам, ки дар деҳаамон соли 1973 , ки кӯдаки хурдсол будем ин филмро ба клуби деҳа оварда намоиш доданд. Дар клуб ҷои сӯзанзанпартоӣ набуд. Хурду калон, пиру ҷавон ҳама ба тамошои филм омаданд. Лаҳзаи куштани Сӯҳроб аз дасти падар фиғони пиру ҷавон дохили клубро фаро гирифт. Мани кӯдак низ он замон барои марги Сӯҳроб сахт гиристам. Фикр мекунам, ки он давра дар тамоми Тоҷикистон мардум баъди тамошои ин филм ашк мерехтанд ва агар ин ашк барои мардуми тоҷик ёди ин достони фоҷиавии миллиамон бошад, пас рӯи дигари он ҷунбиш, бедорӣ ва худшиносии миллӣ буд. Ба рости ин филм дар он давраи ба ном карахтӣ як ифтихори миллии «Мани тоҷик»-ро ба вуҷуд овард. «Шоҳнома»-и «Тоҷикфилм» то ҳанӯз дар қалби ҳар як тоҷик ҷо ва мавқеи махсуси худро дорад. Агар аз як тараф таъсири ин эҳсосот аз эпоси миллиямон «Шоҳнома» ва кушта шудани Сӯҳроб аз пушт ба пушти ҳар як порсизабон, ҳар як тоҷик бо гузаштани асрҳо манша гирифта бошад , пас тарафи таъсири дигари ин филми хело ҳам машҳуру миллии миллати мо аз ҳунармандони филм ва хосатан устод Ҳошим Гадоев манша гирифтааст.

1 hoshim-gado 6568959

Воқеъан устод Ҳошим Гадоем нақши фоҷиавии Сӯҳробро бисёр ошиқона, орифона, паҳлавонона, олимона ва пеш аз ҳама тоҷикона офаридааст ва натиҷаи ашки мани хурдакаку садҳо ман барин тамошобинони тоҷик бешак ҳунармандии ӯ дар ҳамин ҳолати фоҷиаи бузурги иронинажодон (кушта шудани Сӯҳроб аз дасти падар аст). Баъди ӯ чунин фоҷиаи миллиро на дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва на дар дигар кишварҳо касе офарида натавонист! Ҳатто агар қиёс кунем, филми дигари фоҷиавии «Достони Сиёвуш»-ро, ки онҷо ҳунарманди озарӣ нақш бозидааст хоҳем дид, ки ин филм ҳеч таъсиргузор нест.Хонандаи закитабъи ман шояд суол диҳад.Чаро?

Ба он хотир, ки фоҷиаи ба сари Сиёвуш омада, ки дар саҳфаҳои таърих бисёр омадааст ва ҳатто дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ низ ёд мешавад, аламангезтарин фоҷиаи шоҳзодаи ирронинажод дар таърихи миллиямон аст ва чи тавре, ки онҷо омадааст , мардуми Бухороро одатест, ки аз даврони қадим ҳар сол ба хотири фоҷиаи кушта шудани Сиёвуш сӯге доранд ва ашкрезӣ кунанд ва онро «Сӯги Сиёвушон» ном баранд. Яъне мотаму азо барои Сиёвуши ҷавонмарду ҷавонмарг. Аз ин рӯ фоҷиаи Сиёвуш ҳатто аз кушта шудани Сӯҳроб барои мардуми иронинажод вазнинтару дардноктар аст, лекин чун ҳунарманди асиле чун Ҳошим онҷо ҳунар намеварзид ин филм он қадар дарднок ҳам набаромаду ба касе низ таъсир накард.

Ин филми ҷанбаи миллӣ дошта (филм «Рустам ва Сӯҳроб») ҳамон давра , солҳои 70-ум бояд сазовори мукофоти балантарини Иттиҳоди Шӯравӣ мешуд, муттаасифона он давра идеологҳои болшевикӣ ба чунин филмҳои соф миллӣ аз паси парда менигаристанд. Гарчанде, ки ин филм на танҳо ба Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказӣ балки ба кулли Иттиҳоди Шӯравӣ дар саросари ҷаҳон шӯҳрати бештари ҷаҳонӣ оварда буд. Кулминатсияи бозии устодро ман дар нақши «Эдип» дидам.

Бо ибораи дигар «Эдип»-и устод Ҳошим Гадо ва ин фоҷиаи бузурги юнонӣ саросари СССР-и бузург ва ҷаҳонро ларзонид ва ҳамон давра буд, ки ӯ сазовори Мукофоти Давлатии СССР ва ҳамчунин унвони ҳунарпешаи мардумии СССР гашта буд.Ин нишонаи эътирофи ин ҳунарманди бузург ва кулли фарҳанги тоҷик дар як императории бисёр бузурги ҷаҳонӣ буд!

   Бояд гуфт, ки аз замони наврасиямон мо мактаббачагон бо номи ин устоди бузурги саҳнаи тоҷик фахри тамом доштем ва ҳоло низ ӯро яке аз шахсиятҳои бузурги на танҳо миллати тоҷик, балки кули ҳавзаи қариб 200 миллионнафараи иронинажодони ҷаҳон шахсан ман мешуморам. Ӯ ситораи дурахшон ва дурпарвозеро мемонад, ки бо нури фарҳангӣ ва истеъдоди худовандии хеш ҳамагонро тасхир намудааст.

Воқеан, бояд гуфт, ки дар офаридани филмҳои ҷанбаи миллӣ дошта дар сатҳи СССР он замон касе ба гурҷиҳо расидагӣ карда наметавонист. Филмҳои онҳо, ки аз ғояҳои миллӣ, урфу одатҳои мардуми гурҷӣ, таърихи он ва мавҷҳои шӯхи Курра маъво мегирифтанд ба зудӣ дар сатҳи шӯравӣ ва хориҷӣ овозадор ва серхарид мешуданд.

«Тоҷикфилм» бо ҳама таъсири сахт ва фишорҳои пантуркистии идеологҳои вақти он (КМ-и Хизби турки-болшевикии ҶШСТ, муншии сиёсӣ ва шӯъбаи идеологии он) нигоҳ накарда тавонист, ки чеҳраи миллати моро бо филмҳои «Шоҳнома» ва дигар филмҳо аз қабили «Дохунда», «Бачагони Помир», «Зумрад», «Нисо», «Қиссаи маҳбаси Павиак», «Субҳи нахустини ҷавонӣ», «Марди роҳ», «Ҳасани аробакаш» ва дигар филмҳо дар сатҳи шӯравӣ ва ҷаҳон ба намоиш гузошта , баҳои сазовор гирад.Телесериалҳои «Ҳасани аробакаш» аз рӯи достони ҳамноми устод Турсунзода «Субҳи ҷавонии мо» аз рӯи романи нависанда П. Лукнитский он қадар машҳур гашта, ки ибораи «арбакеш» ба лексикони тамоми мардуми Шӯравӣ дохил гашта, суруди филми дуюмро бошад, ҷавонон дар сар то сари хоки шӯравӣ месуруданд.

Миёнаҳои солҳои 80-ум ҳангоми хизмат дар Артиши Шӯравӣ дар шахри Чорҷуйи Туркманистон ёд дорам, ки дар клуби артиш филми «Қиссаи маҳбаси Павиак»-ро намоиш доданд. Баъди намоиши филм муносибати афсарон ва сарбозон бо мо точикписарон тамоман дигар гашта, ба рамзи эҳтиром дастамонро мефишурданд, барои чунин филм арзи сипос мекарданд. Солҳои донишҷӯӣ замони ободи Шӯравӣ ман ва рафиқонам бисёр орзу доштем, ки «Тоҷикфилм» аз рӯи достонҳои«Шоҳнома» филмҳои «Фаридун», «Эраҷ», «Исфандиёр», ҳамчунин силсилафилмҳои «Самаки айёр», «Чор дарвеш»-ро ба навор гирад.

Мутаассифона, пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ зарари беҳад гарони худро ба фарҳанг, алалхусус санъати кинои тоҷик расонд.Мутахассисони баландпоя, ҳунармандони кинои тоҷик ҳама ба якборагӣ аз ин диёр рафтанд. Киностудияи «Тоҷикфилм», кинои тоҷик, мутаассифона, баъди зиёда аз 20 соли истиқлолият як ҳоли зоре дорад, ки онро метавон бо кинои охири солҳори 20-и асри рафта қиёс кард.

Ман тайи ин муддат надидам, ки филме дар баробари филмҳои машҳури замони шӯравии тоҷик офарида шуда бошад. Бале филмҳо офарида мешаванд, лекин онҳо дар пояи паст қарор дошта, дар сатҳи касбӣ қарор надоранд. Аз ин рӯ, ба назар чунин мерасад, ки гӯё кинои тоҷик , телефилмҳои тоҷик мурда бошанд.

Ҳоло он, ки кино як ҷузъи давлат, як нишонаи кишвару миллат аст. Дар шароити ҳозира он ҳам тарғибгари тамаддуни миллӣ, ҳам васлгар, ҳам таъмиргар, ҳам сиёсат ва ҳам тиҷорат аст. Барои офаридани филмҳои касбӣ ва рӯҳияи баланди мили ва сиёсӣ дошта, тавре, ки замони Шӯравӣ, дар «Тоҷикфилм» бо маблағҳои миллионҳо доллар филмҳо офарида мешуд, чунин маблағҳо заруранд. Вагарна бо маблағи 50 ҳазору 100 ҳазор доллар дигар моро аз сарҳади Панҷ он сӯ касе тамошо ва касе нахохад шинохт , намои миллии моро низ эътироф нахоҳанд кард. Аз ин ба сардамдорони ин санъати бузург ва масъулон лозим аст, ки ба ҳоли зори кинои тоҷик диққати асосӣ диҳанд, зеро кинои хуб ин сиёсати давлату миллат аст!

Ҳамсояҳои мо қазоқҳо бо 40 миллион доллар филми маъруфи «Кӯчманчӣ»-и худро офариданд ва дар талоши офаридани филмҳои 100 миллон доллара ҳастанд. Қирғизҳо низ дар зарфи 20 соли охир бо миллионҳо доллар филмҳои хуб офариданд.Танҳо миллати мо хомӯш аст!

Фаромӯш набояд кард, ки дар ин давраи тараққиёти босуъати технологияи коммуникатсионӣ, алоқаи кайҳонӣ, омӯзиши тамаддунҳо, кишварҳои хориҷӣ метавонанд, ки фазои иттилоотӣ ва фарҳангии моро забт намоянд. Он гоҳ ин миллати замоне бузург ҳатман аз ноқобилияш ба манқурт табдил хоҳад ёфт. Ин омилу ҳаракатҳо аллакай рафта истодаанд. Дар дӯкону бозорҳо босуръат фурӯши диски филмҳои хориҷӣ аз қабили филмҳои русӣ, чинӣ, амрикоӣ, туркӣ, ӯзбакӣ идома дошта, тариқи телевизионҳои вилоятӣ, маҳаллӣ, маркази пайваста пахш карда мешавад. Ин амал бошад бародарони азиз сиёсат аст. Сиёсати тарғибии фарҳанги маданияти худ!

Чанд сол пештар тариқи шабакаҳои ОРТ, РТР, НТВ-и Руссия пайваста филмҳои амрикоӣ аз филмҳои даҳшатнок то тарғиби ватандӯстӣ ва ба оғӯш гирифтани дирафши Амрико намоиш дода мешуд. Имрӯз бошад сиёсатмадорони рус ин хатои худ ва тарғибгари ройгони фарҳангу сиёсати бегона будани худро фаҳмидаанд. Аз телевизионҳои ин кишвар филмҳои хориҷӣ қариб, бо пуррагӣ хорич карда шудаанд. Ба ҷои онҳо филмҳои русӣ ва шӯравӣ, ҳатто бисёр вақт филмҳои солҳои 30-юм ва 40-ум, ки воқеан устодона ба навор гирифта шуда, тарзи ҳаёти русиро хуб нишон медиҳанд, намоиш дода мешавад. Ин бошад бародарони азиз, бори дигар мегӯям, сиёсат ҳаст!

Модоме, ки давлати соҳибистиқлол ҳастем, идеяи ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ғояи умумимилии мо гаштааст, сари ин масъала диққати ҷиддӣ бояд дод. Намоиши филмҳои туркӣ, филмҳои нави Руссияи нав ( тарғибгари Россияи православии то 1917) ба хотири миллату давлат бояд ба зудӣ аз экранҳои телевизион ва дӯконҳои фиттафурӯшӣ бардошта шаванд. Воқеан агар мо дар ғами парвариши андешаи миллӣ ва ваҳдату фарҳанги миллат бошем.

Дар ин асос бар асари муҳимияти соҳаи синамо хуб мешуд, ки мисли замони шӯравӣ Кумитаи давлатии кинои Тоҷикистон эҳё ва маблағгузории шоистае барои «Тоҷикфилм»-и машҳур аз сар гирифта мешуд. Ба тарбияи ҳунармандони касбӣ дар ин асос диққати ҷиддӣ бояд дод. Бемуҳобот дар зарфи беш аз 20 соли истиқлолият мактабҳои ҳунарии Тоҷикистон натавонистанд, ки як нафар ситораи синаморо ҳатто барои сатҳи ИДМ тайёр кунанд, чи расад барои сатҳи ҷаҳонӣ! Ин худ бӯҳрони домангири театр ва кинои тоҷикро нишон медиҳанд, на чизи дигарро. Бояд филмҳои сермаблағ, баландмазмуни рӯҳияи миллӣ ва соҳибихтиёрӣ доштаро дар мавзӯъҳои гуногун аз қабили: ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ, таърихи пурғановати миллат, доири қаҳрамононе чун Зардушт, Спитамен, Муқаннаъ, Абӯмуслим, Фирдавси, Сино, Берунӣ, Айнӣ, А.Лоҳутӣ, , Н.Махсум, Ш.Шотемур, Б.Ғафуров, фоҷиаҳои миллӣ- ҷанги муғул, ҷанг бо темуриён ва ғайраҳо офарид, бо касбият ва ҷиддияти том.

Дар ҳолате, ки тарғибгарони идеяҳои афсонавии динӣ ва мазҳабҳои гуногун чун мӯру малах ба кишвар сар даровардаанд, шуур ва андешаи миллии тоҷикон бар асари қашшокии маънавӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи пасттарин қарор дорад , эҳё накардани кинои тоҷик ва ҷудо накардани маблағҳои ҳангуфти миллионҳо доллара барои офаридани филмҳои баландмазмуни касбӣ дар ин ҷанги иттилоотӣ ва маънавии эъломнагашта танҳо боиси афсӯс ва надомат аст, на чизи дигар. Фардо бошад, хело дер хоҳад шуд. Он гаҳ миллиард долар низ кӯмак нахоҳад кард. Пеши роҳи андешаи таҳмили бегонаро бояд гирифт бародарон! Ин амал ва андешаи миллӣ , сиёсати худшиносии миллиро танҳо метавонем бо филмҳои касбии баландмазмуни миллӣ ва ватандӯстона пеш барем, роҳи дигареро дар ин муборизаи андешаҳо шахсан намебинам, барои ин бошад пеш аз ҳама иқтисодиёт ва маблағи калон лозим ҳаст роҳи дигаре нест!

Барои иҷрои ин амалҳои бузург ва эҳёи кинои воқеан касбии тоҷик Чумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шароит ва маблағ дорад, танҳо дилсӯзӣ ва сарфи дурусти маблағҳо зарур хасту бас!

Фикр мекунам , ки ба ҷои дӯконҳои азиму бозорҳо , мағозаҳои зиёде, ки чун замбуруғҳои баъди борони баҳорӣ, ҳама ҷоро фаро гирифтаанд ва ба фурӯши молу колоҳои пастсифати хориҷӣ машғуланд (ин амал низ барои кишварҳои ҷаҳонӣ саввум чун як навъ ғуломист, зеро мо бозору мағозаҳои бузургро бо миллионҳо доллар месозем ва амволи дигар кишварҳои хориҷро харида меорем, саноати онҳо бошад соҳиби харидори муфт ва беминнат мегардад!), ва ба ҷои тарабхона ва меҳмонхонаҳои бузург ин маблағҳо ба соҳаи кино сарф шаванд беҳтарин амале мешуд барои кинои миллии тоҷикӣ ва дар ин асос мустахкам кардани андешаи миллӣ ва ҳуввияти тоҷикона!

Аввалан аз ин ҳам кинои тоҷик, ҳам миллат, ҳам сиёсати давлатӣ, ҳам ҷамъият бурд мекард ва устувор мегашт. Барои ин бояд дар кӯтоҳтарин вақт чора андешид. Вақт бошад гаронтарин ашё дар ин давраи тараққиёти босуръати ҷанги иттилоотист.

Рӯзи 10-уми майи соли 2017 Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ, Ҳошим Гадоев нишони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуд. Дар фармони Президенти Тоҷикистон таъкид шудааст, ки устод Ҳошим Гадоев “барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ» бо ин унвони фахрӣ сарфароз гардонида шудааст”.

Аз фурсат истифода бурда пири фарҳангии тоҷик, устод Ҳошим Гадоро ба муносибати 81-уми солгарди умрашон табрик намуда, ба ӯ тансиҳатӣ ва саодатмандиро орзӯ дорам. Умед мебандам, ки дар ин давраи пирияш шахсони ҳимматбаланду сармоядоре пайдо мешаванд, ки орзӯи ӯро барои иҷрои нақши «Спартак» амалӣ намоянд. Шахсан ман бисёр орзӯ дорам, ки устод нақши Спитамен , қаҳрамони мардуми оринажодро бозад!

Хулоса, дар бораи устоди азиз Ҳошим Гадо, ки ба назари ман рамзи оини ҷавонмардии тоҷик аст, ҳамчунин навиштаҳои бисёр хуби адабии ӯ ва умуман дар бораи синамо метавон соатҳо ҳарф зад.Аз ин рӯ ба ҳаминаш қаноат меварзем.

Гар мо ба гарди домани марде намерасем,

Шояд,ки гарди домани марде ба мо расад!

Зиҳӣ устод, 1000 сол бизӣ!

Варқа Зайниддинов, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1,корманди фахрии мақомоти прокуратураи Тоҷикистон,Узви ИЖ-и ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ ш. Қӯрғонтеппа.

Махсус барои «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1