13:53:18 22-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Аз дида рафту ба дилҳо монд

Охири солҳои шастум ва аввали солҳои ҳафтодуми асри гузаштаи мелодӣ (солҳои таҳсили 1969-1974) дар факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи Ленин чор нафар устоди бузург ва донишманди маъруф кору фаъолият мекарданд, ки онҳоро чор сутуни ин даргоҳи барои мо, донишҷӯёни ҳамон солҳо муқаддас, меномиданд.

111vohidjon-asrori 589554Инҳо устодони гиромиву азиз, ки имрӯз, мутаассифона, касе аз онҳо дар қайди ҳаёт нест ва Худо раҳматашон кунад, ки ҳама ба ҷавори Ҳақ пайвастанд, мудири кафедраи адабиёти классикӣ  профессор, устод Шарифҷон Ҳусейнзода, мудири кафедраи Адабиёти Халқҳои СССР ва фолклор (он вақт шуъбаи журналистикаи тоҷик нав таъсис ёфта, марбути ҳамин кафедра буд) профессор,  устод Воҳидҷон Асрорӣ, мудири кафедраи забони ҳозираи тоҷикӣ профессор,  устод Додоҷон Тоҷиев ва мудири кафедраи адабиёти советии тоҷик профессор, устод Соҳиб Табаров буданд.

Худамро хушбахттарин инсон меҳисобам, ки аз ин бузургон сабақ гирифтаам. Шукронаи Худои бузург, ки онҳоро дар масири зиндагиям, Парвардигор ҳамчун устод бо ман рӯ ба рӯ кард. Хато кардам, онҳо танҳо устод набуданд, насиҳатҳои падаронаи онҳоро то охири умр фаромӯш намекунам. Чӣ гӯям? Аз ин чаҳор нафар, ба назарам, яке аз дигаре  беҳтар буданд. Дар замири ягон нафари онҳо ман хурдтарин нишонаи маҳалгароиро эҳсос накардам. Падидаи номатлубе, ки мутаассифона, боиси бурузи мушкилоти зиёде дар ҳар як соҳаи ҳаёти мо шуда истодааст.  Масалан, бо ҳеҷ кадоми онҳо банда ҳамшаҳрӣ набудам. Вале меҳру муҳаббати ҳар кадоми онҳоро нисбати худам хуб дарк мекардам… Дар бораи ҳар кадоми онҳо ман хотираҳои некеро бо худ дорам.

… Баъди супурдани имтиҳону санҷишҳои сессияи нахустин устод Воҳидҷон Асрорӣ, ки декан буданд, маро ба дафтарашон даъват карданд.  Не , напурсиданд, ки аз кадом шаҳр ва ё ноҳияам. Танҳо аз вазъи хонаводаамон савол доданд. Гуфтанд, ки «падаратон дар куҷо чӣ кор мекунанд, дар оила чанд нафаред ва ғайраву ҳоказо». Посух додам. Гуфтам, ки «падарам дар заводи пахта коргари оддӣ ҳастанд. Даҳ нафар фарзанд доранд. Фарзанди калониашон ман ҳастам». Баъдан фаҳмидам, ки ин хел  саволу  ҷавоб  бо дигар ҳамкурсонам низ сурат гирифтааст ва ҳамаи он  пурсупосҳо ба хотири тасмими дуруст гирифтан дар додан ва ё надодани стипендия (идрорпулӣ) ба мо будааст.

Он вақтҳо бо вуҷуди супурдани имтиҳонҳо на ба ҳама донишҷӯён стипендия медоданд. Агарчи, фарз кардем, аз як гуруҳ ҳама донишҷӯён имтиҳонҳоро супурда бошанд ҳам, вале ба ҳама стипедия намедоданд.  Ҳамон идрорпулиро танҳо тақрибан ба шаст ё ҳафтод дар сади донишҷӯёни  гуруҳ  медоданд. Ҳамин хел қабул шуда буд дар системаи маблағгузории он солҳо. Устоди бузургвор  Воҳидҷон Асрорӣ  ҳамчун декани факултет талош мекарданд, ки дар ин кор адолати иҷтимоӣ риоя шавад, на принсипи маҳалгароӣ. Барои ҳамин ҳам бо ҳар як донишҷӯе, ки санҷишу имтиҳонҳоро супурда буд, шахсан суҳбат мекарданд, аз вазъи хонаводааш огоҳ мешуданд. Шояд тасмими додан ва ё надодани стипендияро Шӯрои олимони факултет мегирифт, вале устод Воҳидҷон Асрорӣ шахсан аз аҳволи ҳар як донишҷӯ, хонаводаи ӯ ҷӯё мешуданд ва кӯшиш мекарданд, ки дар ин кори хеле муҳим саҳву хатое  рух надиҳад.

Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали таҳсил  он вақт стипедия 35 сӯмро ташкил медод. Донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло санҷишу имтиҳонҳоро месупурданд, боз зиёдтар,  45 сӯм стипедия мегирифтанд.   Ин маблағ барои як моҳи донишҷӯи сарфакор  албатта мерасид. Зеро тахминан як сӯм барои хурду хӯроки якрӯза кифоя буд. Дар 1 сӯму 20 тин мешуд як тикети умумӣ барои гирифтани  иҷозати рафту омад кардан  дар ду навъи нақлиёт:  автобус ва тройлебус  барои як моҳ бихарӣ.

Ҳамин гуна муносибати мунсифонаву одилонаи устод Воҳидҷон Асрориро мо, донишҷӯёне, ки аз деҳот омада будем,  дар масъалаи тақсимоти хобгоҳ  низ эҳсос мекардем.

222vohidjon-asrori 589554Вале хидмати устод  Воҳидҷон Асрорӣ барои донишҷӯён ҳамчун муаллим ва олим хеле бештару  бузургтар аст. Он замон  шуруъ карда аз соли дуввуми таҳсил донишҷӯёни факултетро ба курсҳои махсус ҷудо мекарданд.  Шояд ин анъана ҳоло ҳам идома дорад. Яъне курси «Адабиёти классикӣ», курси «Адабиёти советии тоҷик», курси «Адабиёти халқҳои СССР ва фолклор», курси «Забони ҳозираи адабии тоҷикӣ».  Ин курсҳоро аслан мудирони кафедраҳо раҳбарӣ мекарданд. Донишҷӯёни ин курсҳо дар самти худ  дар муқоиса бо донишҷӯёни дигар курсҳо  маълумоти бештаре касб мекарданд. Яъне устодон талош менамуданд, ки шогирдонашон мутахассиси ҳамон соҳа шаванд. Банда шомили курси  махсуси «Адабиёти халқҳои СССР ва фолклор» шудам.

Раҳбарии ин курсро  устод Воҳидҷон Асрорӣ ба уҳда доштанд. Бояд бигӯям, ки  дар ин самт дарсҳои устод Воҳидҷон Асрорӣ  ва устодони дигар, ки ҳама шогирдони устод Воҳидҷон Асрорӣ буданд,  хеле шавқовар мегузаштанд. Ҳар чор устоде, ки зикри хайрашонро кардам, дар самти пажӯҳиши илмии худ ва фаъолияти омӯзгорӣ  дар ҷумҳурӣ бесобиқа буданд. Ҳамчун олимони забоншиносу адабиётшинос барҷаставу забардаст буданд. Вале дар байни ин чаҳор нафар устод Воҳидҷон Асрорӣ бо як хусусияти хеш фарқ мекарданд. Он кас дар баробари  олиму педагог будан бо эҷоди асарҳои бадеӣ ва тарҷумаи асарҳои нависандагони забардасти шӯравӣ, аз қабили В. Маяковский, С. Маршак, А. Гайдар ва ғайра машғул буданд. Чандин китобҳои ашъорашон  ва тарҷумаҳои анҷомдодаи он кас ба нашр расида буданд.

Яъне мо аз он кас  метавонистем дар бораи лабораторияи эҷодияшон пурсон шавем.  Аз тарзу услуби иншо ва таълифи китобҳояшон маълумот биги рем. Ин бошад  барои онҳое, ки дар дил нияти адиб шудан доштанд, хеле муҳим буд. Сабақҳои устод Воҳидҷон Асрорӣ шавқу рағбати моро ба адабиёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва махсусан эҷодиёти даҳанакии халқ хеле зиёд кард. Ҷаҳонбинии моро  хеле васеъ намуд. Ҳангоми ҳимояи кори дипломиям (мавзуъ «Драмаи «Тошбек ва Гулқурбон»-и Мирсаид Миршакар ва муқоисаи он бо ҳамин ном афсонаи халқӣ», раҳбари илмӣ, аспиранти кафедра  марҳум Нақибхон Шарифов ) устод Воҳидҷон Асрорӣ суханронӣ намуда бандаро таъриф карданд ва ба мудири сектори фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии АИ ҶТ доктори илмҳои филологӣ, шодравон устод Раҷаб Амонов, ки дар имтиҳони давлатии мо ширкат доштанд, рӯ оварда гуфтанд: «Ба хаёлам дар бахши фолклоршиносии Академия камбуди кадрҳо эҳсос мешавад. Мана кадри тайёр.  Даъват кунед». Устоди раҳматӣ Раҷаб Амонов тарафи камина нигоҳ карда гуфтанд: « Фалон рӯз биёд, маслиҳат мекунем. Дуруст аст, мо ба кадрҳои хуб эҳтиёҷ дорем». Дар омади гап мегӯям, ки  баъд аз хатми Донишгоҳ  каминаро ба   шуъбаи адабии телевизиони Тоҷикистон низ, ки мудири он адиби  маъруфи кишвар марҳум Баҳром Фирӯз буданд,  ба кор даъват карданд. Вале бо сабабҳои вазъи оилавӣ  (падарам бемор буданд) банда натавонистам дар Душанбе бимонам ва ба деҳа баргашта дар онҷо  чаҳор сол муаллими мактаби миёна шуда кор кардам…

 Профессор Воҳидҷон Асрорӣ дар ёди ман инчунин ҳамчун устоде, ки беш аз дигарон ба донишҷӯ наздик у ғамхор буданд, боқӣ мондаанд. Донишҷӯеро аз ҳамкурсонам  ёд надорам, ки дар бораи устод Воҳидҷон Асрорӣ бо меҳру муҳаббат, бо ибрози миннатдорӣ сухан нагуфта бошад, хотираи неке надошта бошад…

Илоҳо руҳи устоди бузургвор шоду хонаи охираташон обод бод!

Давлати ҷовид ёфт, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1