18:58:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 9

ШАҲРИЁРИ ЯК ГУЛИСТОН

mavlono-jomi 56512154Овозаи шоир Наҷмии Ҳиндиро Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ борҳо шунида, ба дидораш расиданро орзу мекард. Ин муҳаббати Мавлоно Ҷомиро нисбати худ шунида, Наҷмӣ барои дидани он ҳазрат ба шаҳри Самарқанд меоянд. Онҳо ҳамдигарро намешинохтанд. Рӯзе тасодуфе рух дод. Дар Регистони шаҳр Мавлоно Ҷомӣ як шахси ҳиндумонандро дучор омаданд, ки дар тан либосҳои куҳнаву дарбеҳин дошт. Хостанд худро аз ӯ канор гиранд. Наҷмӣ пай бурд, ки он шахс Мавлоно Ҷомӣ ҳастанд ва сари роҳашонро гирифта гуфт:

Шаҳриёри як гулистонем, аз мо ор нест,

Он ки рухсори туро гул кард, моро ор кард.

Мавлоно Ҷомӣ ин суханон шуниданд ва гуфтанд:

–Ту кистӣ, ки суханат ширину самимист?

–Ман Наҷмии Ҳиндӣ ҳастам ва ба зиёрати ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ омадаам.

Мавлоно Ҷомӣ Наҷми Ҳиндиро ба оғӯш кашиданд ва ӯро ба диёри Самарқанд хайру мақдам гуфтанд.

ЯКЕ АЗ БЕХАРӢ, ДИГАРЕ ЗИ ХАРӢ

Мавлоно Соғарӣ ва Мавлоно Вайсӣ ду шоир азимати зиёрати Байтуллоҳ намуда, ҳамроҳи рикоби ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ рафтанӣ шуданд. Пас аз он Мавлоно Вайсӣ баҳона кард, ки хар надорад ва Мавлоно Соғарӣ баҳонаи дигар кард ва аз сафари ҳаҷ бо ҳамроҳи Мавлоно Ҷомӣ даст кашиданд. Амир Шайхами Суҳайлӣ муносиби ҳоли онҳо ин қитъаи шеъри ҳаҷвиро гуфтанд:

Вайсию Соғарӣ ба азми Ҳарам,

Гашта буданд ҳардушон сафарӣ.

Лек аз он роҳ ҳар ду вомондаанд,

Он яке аз бехарӣ, дигаре зи харӣ.     

МАВЛОНО ҶОМӢ ВА ҲУСАЙН БОЙҚАРО

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ суҳбату дидори зеборӯёнро дӯст медоштанд ва ҳамчун орифи роҳи Худо ва муршиди роҳравони тариқат ҷавонони зиёд ба наздаш меоманданд ва дарси шеъру адаб ва тасаввуф меомӯхтанд.

Як ҷавон бо номи Ҳамдам, ки хеле зебо ва хушодоб буд, ба назди Мавлоно Ҷомӣ бисёр меомад ва аз суҳбати устоди худ зиёд баҳравар мегашт. Мавлоно Ҷомӣ ҳам ин шогирди худро чун фарзандаш дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Ин боиси рашки ҳосидон гардид. Душманони Мавлоно Ҷомӣ ба подшоҳи давр Султон Ҳусайни Бойқаро хабар мерасонанд, ки Ҷомӣ гӯё шоҳидбозӣ мекунад ва як ҷавони зебо бо номи Ҳамдам ҳамарӯза дар суҳбати Мавлоно мебошад.

Султон Ҳусайни Бойқаро ҳарчанд ба валигӣ ва ахлоқи покизаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бовар дошт ва худро аз мухлисон ва муридони ӯ мешуморид, боз ҳам хост санҷише гузаронад.

Подшоҳ як шом хилъати сурхи худро, ки ҳангоми ғазаб мепӯшид, бар тан намуда, ба ҳавлии Мавлоно Ҷомӣ ворид мешавад ва аз паси дар истода, суҳбати Ҷомиро гӯш мекунад. Мавлоно Ҷомӣ бо илми ҳол ва каромат дармеёбад ва фавран ба Ҳамдам мегӯяд:

–Душманон бадзабонӣ кардаанду подшоҳ фирефта шуда, барои ғазаб кардани ман ту омадааст ва ин байтро бадоҳатан мехонад:

 Ҷомагулгуне даромад аз дари кошонаам,

Хез, эй Ҳамдам, ки афтод оташе дар хонаам.

Султон Ҳусайни Бойқаро аз паси дар ин суханонро шунида, ба хона медарояд ва бо изҳори узр ва пушаймонӣ ин байтро мегӯяд:

Сад ҷигар хун кардаам, то ҷома гулгун кардаам,

Ҷома гулгун кардаам, аммо киро хун кардаам?

Подшоҳ баъд аз ин ҳодиса бадгӯён ва ҳосидонро аз дарбораш меронад ва эътиқодаш ба Мавлоно Ҷомӣ боз ҳам бештар мегардад.

ВОПАСИН САФАРИ МАВЛОНО ҶОМӢ

Чанд рӯзе мешуд, ки Мавлоно Ҷомӣ сахт бемор буд. Ба ҷуз аҳли хона ва хидматгораш Алии Сурх касеро мулоқот намекард. Хабари бемории Мавлоно дар Ҳирот печида буд. Ҳама нигарони ҳоли ӯ буданд. Заъфу пирӣ сабаб шуда буд, ки беморӣ ӯро аз пой дароварад. Дар ҳоле, ки ба душворӣ ҳарф мезад, ба Алии Сурх гуфт, Амир Алишерро хабар кунад.

Алии Сурх бо шитоб ба шаҳр рафт ва пайғоми махдумашро дар боғи Ҷаҳоноро ба Алишер Навоӣ расонд. Амир Алишер бедаранг ва ба ҳамроҳи чанд тан аз мулозимон савора худро ба боғчаи Нуро расонид. Пеши дар аспи худро ба ҳамроҳон супорид ва ба болини Мавлоно рафт. Зиёуддин Юсуф, ки ҳоло шонздаҳ сол дошт, канори бистари падар нишаста буд. Бо омадани Амир Алишер аз ҷой бархост ва ҷойи худро ба ӯ дод. Мавлоно Ҷомӣ чашмонашро бо сахтӣ боз карду лабханд зад. Риши нармаш такон хӯрд. Амир Алишери Навоӣ дасти Мавлоноро бӯсид ва худро наздиктар кард.

Мавлоно Ҷомӣ ба оромӣ гуфт: "Аз ин ки дарди сари Амир шудам, узр мехоҳам. Ин дидори охир аст ва ман бори сафарро бастаам. Ҳарчанд, ки тӯшае қобил барои ин сафари ҳоил надорам, аммо ба раҳмати Парвардигорам умедворам".

Ашк ба чашмони Ҷомӣ омад ва рӯйи гунаҳояш лағжид. Амир Алишер Навоӣ гуфт: "Иншоаллоҳ Мавлоно беҳбуд меёбанд ва шогирдону бандагонро мавриди лутф қарор медиҳанд".

Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ гуфт:

–Зиёуддинро ба шумо месупорам. Ҷавон аст ва сарду гарми рӯзгорро начашида. Дар ҳаққи ӯ падарӣ кунед.

Зиёуддин бо сари остин ашкҳои худро пок кард ва рӯйи палоси канори падар нишаст.

–Аз Зиёуддин ҳам, ки ҳамеша нури чашмони падар будааст, мехоҳам, ки дарси мадрасаро раҳо накунад. Чун рафиқе беҳтар аз китоб нест.

Нафасе тоза кард ва рӯ ба Зиёуддин гуфт:

Хоксорона зиндагӣ кун ва ба молу чиз эътино накун, ки дунёро эътиборе нест. Ҳаққи мардумро поймол накун ва халқи Худоро дӯст бидор.

Баъд рӯ ба сӯйи Мир Алишер баргардонид ва гуфт:

–Мадрасае аст, ки ҷамъе аз толибони илм дар он ҷо ҷамъ ҳастанд. Намехоҳам баъд аз марги ман таътил шавад. Тартибе бидиҳед, ки шогирдон бехарҷӣ намонанд ва пароканда шаванд.

Ва баъд дар ҳоле, ки ояте дар зери лаб зам-зама мекард, чашмонашро пӯшид. Рӯзи баъд, ки ҷумъа ҳабдаҳуми муҳаррами соли 898 ҳиҷрии қамарӣ буд, наздики тулӯи офтоб, офтоби зиндагии Мавлоно Ҷомӣ ғуруб кард.

Субҳи рӯзи шанбе вақте хабари фавти Мавлоно Ҷомӣ дар шаҳри Ҳирот печид. Тоҷирон дуконҳои худро бастанд ва мударрисон дарсҳои худро қатъ карданд, то дар маросими ҷанозаи бузургтарин шоир ва орифи шаҳри худ ширкат кунанд. Садои савти Қуръони карим аз масҷид бархост.

Султон Ҳусайн Мирзо ба ҳамроҳи Алишер ва дигар бузургони шаҳр барои дафни Мавлоно Ҷомӣ омаданд. Мардум тобутро бар сари даст гирифтанд. Ба дунболи тобут гурӯҳе низ тахти равони Султон Ҳусайни Мирзоро ҳаракат доданд ва ба дунболи онон, бузургони шаҳр савор бар аспҳои худ ҳаракат карданд. Селаи мардум низ дар пайи онон ба роҳ афтод. Гурӯҳе аз шогирдону муридони Мавлоно Ҷомӣ дар пайи ҷамъият равон шуданд. Ҷанозаро ба идгоҳи Ҳирот бурданд ва бар ӯ намоз хонданд. Сипас наъши мубораки Мавлоно Ҷомиро дар канори мадфани Мирзо Саъдуддини Кошғарӣ ба хок супориданд.

Шоирони шаҳр барои ӯ марсияҳо гуфтанд ва Амир Алишери Навоӣ низ қасидае сӯзнок дар марги устоди худ суруд, ки вақте яке аз воизони шаҳр онро хонд, ҳамаро ба гиря андохт. Султон Ҳусайн Мирзо мардуми шаҳрро ба идгоҳ фаро хонд ва таом дод. Дар ин ҳол Зиёуддин Юсуфро мавриди лутфу марҳамат қарор медод. Амир Алишери Навоӣ низ саҳми худро дар мавриди устодаш ва фарзанди ӯ гузошт.

Шаҳри Ҳирот дар умри тӯлонии худ марги афроди бешуморе аз шоҳону амиронро дида буд, аммо ҳеҷ як ба андозаи марги ин орифи вораста ва ин шоири жандапӯш бошукӯҳ баргузор нашуда буд. Шоире, ки зерандозаш ҳам либос ва ҳам палоси ӯ буд.

 Аз китоби "Ҷомӣ"-и Алиасғари Ҳикмат

Гирдоварӣ ва таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi