17:17:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳабиб Саид: Устоди Сталин дар назди шайхони тоҷик таълим гирифта буд

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хабар дода будем, ки китоби адиби тоҷики муқими Русия Ҳабиб Саид бо забони русӣ дар Олмон чоп шудааст. Чанд рӯз пештар бо худи муаллиф иртибот гирифтем ва дар як суҳбати ихтисосӣ аз ӯ пурсидем, ки чаро китоб бо забони русӣ на дар Русия, балки дар Олмон чоп шуд?

habib-said-4587452121-Ташаккур! Аз намояндаи нашриёти "YAM Publishing" мактуб гирифтам, навиштанд ки нияти чопи повести "Итальянец, тетя и Золушка"-ро доранд. "YAM Publishing" бо забонҳои сернуфузи Аврупо китоб нашр мекунад. Бозори китобҳои русӣ яке аз бозорҳои азим ба ҳисоб меравад ва онон мекӯшанд, ки ин бозорро аз даст надиҳанд, бинобар ин ҳамеша дар ҷустуҷӯйи асару муаллифони ҷадиданд.

-Нашриёт китобҳоро чӣ гуна чоп мекунад ва бо кадом роҳ ба фурӯш мебарорад?

-Намояндагони нашриёт аз тариқи интернет маводи чопиро ҷуста, асари писандидашонро ба нашриёт пешниҳод мекунанд ва дар он ҷо аз дасти чанд шӯъба гузашта, сипас ба дасти чоп мерасад. Асарҳои русиро бештар аз пойгоҳи азими интернетии "Самиздат", ки ҳазорон адибон дар саҳифаҳояш асарҳояшонро дарҷ сохтаанд, интиҳоб менамоянд. Дар Аврупо мағозаҳои китобҳои русӣ зиёданд, инчунин дар Ғарбу Русия савдо тавассути интернет - магазинҳо бисёр ривоҷ ёфтааст, зеро аз хона набаромада, метавонед маводи дилхоҳатонро хардидорӣ кунед. "YAM Publishing" китобҳояшро барои ИДМ тавассути интернет - мағозаи "Люблю книги" паҳн месозад. Нашриёт китобро дар шакли электорнӣ низ паҳн мекунад.

-Дар ин савдо муаллиф чӣ нақш мебозад ва чӣ уҳдадорӣдорад?

-Вақте ки нашриёт ба асар таваҷҷуҳ мекунад, лоиҳаи чопи онро танзим мекунад ва дар он сарпараст таъин менамояд ва ӯ гуфтушунидро бо муаллиф пеш мебарад. Нашриёт барои он ки китоб арзон афтаду бозоргир бошад, аз масрафоти барзиёд, монанди гуфтугӯ бо муаллифону дигар корафтодагон аз тариқи телефон ва дигар воситаҳо даст кашида, танҳо тавассути интернет робита барқарор мекунад. Муаллиф дар ороиши китоб низ тавассути интернет ширкат меварзад.

-Замоне мову шумо дар радиои Тоҷикистон ҳамкор будем ва насли он замон шояд шуморо чун таҳлилагри хуби сиёсӣ фаромӯш накарда бошад. Вале баъди ноамниҳои солҳои 90 мо шуморо гӯё "гум" кардем. Дар куҷоед ва чӣ мекунед?

- Мо низ дар сафи садҳо ҳазор зодагони Тоҷикистон хонабардӯш шуда, пас аз сарсониҳои тӯлонӣ ба Русия афтодем, бо бародарон дар яке истгоҳҳои роҳи оҳани Урали Ҷанубӣ маскан гузида, ба истеҳсолот машғул шудем.

-Ба Русия чӣ гуна рафтед? Дар Ватан таъқиб шуда будед?

-Бале, мо низ гирифтори таъқиби гуруҳҳои силоҳбадаст шуда будем. Аз касе пӯшида нест, ки он замон онҳо аз вазъи пурталотум ва бебандубориву беҳокимиятӣ истифода карда, ҳавлиҳо, заминҳо, молу амволи мардумро ғасб мекарданд, ки хонаводаи мо низ ба ҳамин сарнавишт рӯ ба рӯ шуд. Моли дунё ҳеч арзише надорад, метавонистем таҳаммул кунем, чун Ватан аст ва намешавад онро ба чизи дигаре иваз кард.

Вале онҳо бародари хурдии мо Юсуфҷонро парронданд. Ҳар боре ин ҳодисаро пеши назар меорам, бо чашмони пурнам ба ёди фарзанди падар аз таърихи гузашта ёд мекунам, ки ҳодисаҳои солҳои 90-и асри гузашта як бор аз сари ин мардум гузашта буду ин такрори даҳшатноктари он буд. Гузаштагони ин чашмгуруснаҳою пойбараҳнагон вақте ки пойи номубораки болшевекон ба ин сарзамин расид, чунин амалҳои чингизонаро нисбати бобоҳои мо раво дида буданд. Онҳо танҳо тавассути ғорату куштор метавонанд пораи нонашонро биёбанд. Ва ин бор мо як гуруҳ аввал ба Хуҷанд рафтем ва аз он ҷо ба Уш, аз Уш ба Бишкек. Чанд нафар аз ҳамроҳонамон дар Бишкек монданд, вале мо ба роҳи худ идома додем ва роҳи Русияро пеш гирифт.

ДАР РӮЗИ ВАҲДАТ БА ҶОЙИ ТАВБАВУ НАДОМАТ МЕРАҚСАНДУ МЕСАРОЯНД

-Гузашти солҳо назари инсонҳоро ба рӯйдодҳо тағйир медиҳанд. Ҳоло баъди ҳудудан 25 сол назаратон дар бораи омилҳои аслии ҷанг дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-Аслан нақшаи "дӯстони мо" ин буд, ки Тоҷикистонро низ чун Аморати Бухоро байни хеш пора созанд. Вале муборизаи шадиди оппозисия, нуфузи устод Бурҳониддин Раббонию Аҳмадшоҳ Маъсуд ва мавқеи Ирон нагузошт, ки ин нақша амалӣ гардад. Шукр, ки Тоҷикистон чун кишвар боқӣ монд, гарчанде масоҳати ду баробари кишвари Сингапур баринро ба Чин "ҳадя" карданд. Коршиносон перомуни Тоҷикистону Гурҷистон ҳамеша менавиштанд, ки "давлати шикастхӯрда". Гурҷиҳо роҳи хешро ёфтанд, вале ояндаи тоҷику Тоҷикистон норавшан мемонад.

Ҷанги бародаркушӣ миллатро парешон сохт, мағзҳои андешаманд аз Ватан фирор карданд. Тибқи оморҳои расман ироашуда дар ин ҷанг бештар аз 150 ҳазор нафар ҷон бохтанд. Вале ин як омори расмӣ аст ва оморҳои ғайрирасмӣ рақамҳои дигар, беш аз 200 ва ҳатто 300 ҳазор нафарро меоранд, ки боз ҳам боваркарданист. Барои ғояҳои пучи коммунистӣ, ки бисёр кишварҳо аз онҳо бармаҳал даст кашидаанд ва ба сари қудрат овардани гуруҳе ҷони ин қадар инсонро қурбон сохтан магар зарур буд? Дар як ҳамосаи ҳиндӣ омадааст, ки ҳангоми ба тахт нишастани шоҳзодае мардуми зиёде курбон мегарданд, шоҳзода ба атрофиёнаш мегӯяд, ки ин қадар одам нобуд гашт, пас миллионҳо соли умри ман дар дӯзах мегузаштааст…

Дар кишвар дар рӯзи ваҳдат ба ҷойи тавбаву надомат мерақсанду месароянд, касе номи қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро ба забон намеорад. Бояд 6 майро чун рӯзи фоҷеаи миллӣ кайд кард, зеро ин рӯз нахустин бор хун рехт ва бо ҳамин Тоҷикистон ғарқи селоби хунин гашт. Кишвари қашшоқтарини ҷаҳон, ки фарзандонаш баҳри пораи ноне дар дари бегонагон мардикоранд, ҷашнҳои пурдабдаба мегузаронад, дину диндорон зери фишор қарор мегиранд, аз фазои модарии хеш - форсӣ, Афғонистону Ирон хешро канор мегирад.

Маҳз Тоҷикистон ташаббускори лоиҳаи ташкили телевизиони муштараки форсзабонон буд, вале боз ҳам маҳз Тоҷикистон сабабгори амалӣ нашудани ин лоиҳа гардид. Мо ҳамоно шармандавор дастгоҳҳои ройгон овардаи Иронро дар анбор нигоҳ медорем ва ҳатто замоне муддате дар фурудгоҳ монд ва мақомот аз Эрон боҷи гумрукӣ талаб карданд. Имрӯз ҳам мекӯшанд, ки литсейҳои туркӣ, филмҳои туркӣ, тарзи зисти ва фазои туркона густариш ёбад, то рӯзе Абдурауф Фитрате пайдо шаваду Тоҷикистонро пораи Туркистони бузург хонад.

ТАҲҚИРИ МИХАИЛ ГАЛУСТЯНРО ЧУН ҲАҶВИ МАЛЕҲ МЕПИСАНДАНД

-Вақте ба суҳбат омода мешудам, чандин нигоштаҳои шуморо аз блогистонатон мутолиа ва чанд нуктаро аз онҳо ёддошт кардам, ки мехостам ҳоло баъзе нукоте, ки бароям то ҳадде норушан боқӣ монда буд, суол кунам. Агар ёд дошта бошед асли ноамниҳои кишвар аввали солҳои 90 шуруъ шуданд ва як баҳонаи сар задани он вуруди арманиҳо ба Тоҷикистон буд. Дар як эссеатон ба фишори арманиҳо болои тоҷикон ишора кардаед. Шахсан барои ман маълум нашуд, ки ин баҳона буд ё воқеъият, чун касе далели дақиқ ва раднашаванда наметавонад пешниҳод кунад. Шумо чӣ назар доред дар ин бора?

-Арманиҳо қавми бовариноки империяи Рус ва ҷаҳони насронӣ дар олами ислому Шарқ ба ҳисоб мераванд. Дар хадамоти ҷосусии шӯравӣ арманиҳо нуфузи зиёд доштанд. Баҳманмоҳи хунинро Кремил бо дасти Петкелу Михайлин ва гуруҳҳо ҷиноии маҳаллӣ пиёда кард. Дар он шабу рӯз арманиҳо ҳарчанд вазифаҳои калидӣ надоштанд, вале ба элитаи замон иртиботҳое доштанд. Масалан, то ҷое ман медонам, ронандаи Котиби якум КМ ПК Тоҷикистон арманӣ ва ҳатто ҳамсари раиси ШО Тоҷикистон арманӣ буд. Ҳадафи аслӣ ба майдон кашидани мардум ва донистани қудрат ва заъфи нерӯи муқовимат буд. Он замон, ки дар Қаробоғҷанги арманиҳову озариҳо шадидан идома дошт, бо овардану ҷо ба ҷо кардани 10 - 15 хонаводаи арманиҳои фирорӣ ба оташи ғазаби мардум равған рехтанд.

Агар таваҷҷуҳ карда бошед, дар миёни 28 қурбонии баҳманмоҳ ягон нафар арманӣ набуд, вале тоҷикон аз арманиҳо узр пурсиданд. Ҳоло бо супориши гуруҳҳои махсус арманиҳо бо истифода аз командаи Артур Ҷонибекиён бар миллати мо дарафтода, номи миллату кишвари моро доғдор мекунанд, даҳсолаҳо лозим аст, ки ин доғ шуста шавад. Зери бисёр мақолаҳои зиддитоҷикӣ номҳои муаллифони арманӣ истодаанд. Багдасаровро бинед, дар ҳар баромадаш ба тоҷику Тоҷикистон санг меандозад. Барномаҳои тақиқиромези Михаил Галустян аз тариқи "Наша Раша" ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нашудаанд.

Маҳз ӯ буд, ки тоҷикро Ҷамшуди гулу гаранг номид ва ин образи нотавону ҳақир тимсоли аслии миллат дар Русия шудааст. Нафратовартар аз ҳама он аст, ки ба ҷуз чанд зиёии огоҳу ҳушёр аксаран аз тамошои ин гуна барномаҳо ба завқ меоянд ва таҳқири Михаил Галустянро чун ҳаҷви малеҳ меписанданд ва ба ҳоли миллат механданд. Нафратангез аст, ки як шахсияти маъруфи тоҷик бо Галустян акс гирифтаву онро дар саҳифаи интернет гузоштааст. Ҳоло ҳам бисёр филму барномаҳои телевизониро продюсеронашон арманиҳо мебошанд, ҳамеша дар ин филму баномаҳо нисбати тоҷикон чизе манфие ҳатман садо медиҳад.

Аз сӯи дигар насрониҳо дар вақташ ҳадафҳояшонро дар Ирон бо дасти арманиҳо пиёда месохтанд. Ба наздикӣ як мусоҳибаи Ҳайдар Ҷамолро хондам, ки мегӯяд, вақте ки муғулҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум карданд, мушовиронашон арманиҳо буданд. Пас муғулҳоро бар зидди олами Ислом бо супориши насрониҳо бархезонданд.

ТАМАДДУНИ ШАҲРӢ ВА ФАРРИ ШОҲОНА АЗ ДУШАНБЕ БИРАФТ

-Ва боз ҳам баргардем сари навиштаҳои шумо. Дар эссеи "Бухара - сердце Центральной Азии" дар бораи маркази неруи руҳонӣ будани ин шаҳри ирониёни шарқӣҳарф задаед.

-Бухоро қурбони зидиятҳои империяҳои англосакҳою славлянҳо гашт. Вақте ки сарбозони Александри Дуюм вориди Осиёи Миёна гаштанд, ҳадафи асосӣ заиф сохтани фазои ирониёни шарқӣ буд, зеро фазои бузурги Авруосиёро Бухорои Шариф тавассути дин зери назорати худ дошт. Дар Бухорои Шариф ҳазорҳо ҳазор мусулмонони империяи Рус таҳсил карда, ба зодгоҳашон баргашта, анъанаҳои ин мактабро идома медоданд.

Он солҳо империяи Рус бо осонӣ метавонистанд, ки Бухороро зери тасарруфи худ дарорад, зеро артиши қавӣ дошт, вале дарк мекарданд маҳви Бухорои Шариф ба сарнавишти кишварашон бетаъсир наҳохад монд. Болшевикон пас аз он ки қисме аз империяи Рус -ҷамоҳири назди Балтик, Финландия, Лаҳистонро аз даст доданд, ҳостанд бо тасаруффи Бухорою Хева худро назди ҷомеа сафед кунанд. Фрунзе Аморати Буҳорро нобуд сохту Куйбишев ба он ҷомаи туркӣ пӯшонд.

2 сентябр рӯзи маҳви Бухорои Шариф аст ва инро метавон фоҷеаи миллӣ донист, ки мутаасифона кам касон ба фоҷеаи ин санаи муҳими таърихӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Дар кишвар ба номи маҳв созандагони Бухорои Шариф кучаю хиёбонҳо гузоштанд, вале касе номи фарзанди бузурги Бухорои Шариф - Абдуқодир Муҳиддиновро, ки барои арзи ҳастӣ кардани кишваре бо номи Тоҷикистон саҳми азиме дорад, ба ёд намеорад.

Бухоро марказе буд, ки неруи руҳонии миллатро дар фосилаи ҳазорҳо солҳо гирд оварда, миллатро идора мекард. Душанбе ҳеч гоҳҷои Бухороро гирифта наметавонад, зеро гузаштааш заиф аст, чун Бухоро неруи руҳонии ба гузашта пайваст надорад. Гузашта аз ин зарфи бист соли гузашта тамаддуни шаҳрӣ ва фарри шоҳона аз он бирафт. Кофист, ки ба гуфтугӯи сокинонаш, ки аксаран таҳҷойӣ нестанд, таваҷҷуҳ кунед. Як забони омиёнаи омехта бо вожаҳои кӯчагии номафҳумро мешунавед, ки хоси маданият ва фарҳанги шаҳр ва ба вежа пойтахт нест.

-Дар эссеи "Сталин ва тоҷикон" овардаед, ки устоди Сталин дар Бухоро назди шайхҳои тоҷик таҳсил кардасту форсиро хуб медонист. Ин то куҷо ҳақиқат дорад?

-Ба ҷомеа Сталинро чун шахси бесавод муариффӣ карданӣ мешаванд, ки дар асл чунин нест. Китобхонаи шахсии Сталин 20 ҳазор китобро дар бар мегирад, ки ҳамаи онҳоро ҳондаасту дар сахифаи китобҳо қайдҳо кардааст. Мистикаро (илми ғайбро) Сталин аз Георгий Гурджиев-яке аз маъруфтарин файласуф - мистики аввали карни 20-и Аврупо омӯхтааст. Гурджиев дар хотираҳояш дар бораи таҳсилаш назди шайхони тоҷик дар Бухоро, сафараш тавассути Зарафшон ба самти Афғонистон нақл кардааст.

Шояд Сталин зери таъсири устодаш ба миллате, ки болшевикон бо сарвари Ленин мехостанд, ки ба партобгоҳи таърих афгананду ба ҷойяш турконро нишонанд, кӯмак бинмуд, то порае аз замини аҷдодиашро нигоҳ дорад. Ягон сарвари Шӯравию Русияи муосир чун Сталин ба тоҷикон  некиҳо накардааст. Набояд онҳоеро, ки баҳри миллати мо дар лаҳзаҳои сангинтарин дасти ёрӣ дароз кардаанд, фаромӯш кард.

Суҳбати Бобоҷони Шафеъ

Маълумотномаи "Рӯзгор":Ҳабиб Саид зодаи Душанбест. Дар донишкадаи кишоварзӣ таҳсил кардааст. Ба сифати - кафшергар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио фаъолият намудааст. Маҷмуааш бо номи "Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад" соли 1992 ба нашр расидааст. Ба забонҳои тоҷикию русӣ эҷод мекунад. Иштирокчии лоиҳаҳои зиёди интернетӣ - адабӣ мебошад. Осораш дар сайту блогҳояш: "Насри навин", "Проза", "Наср - Проза", "Мы вышли из Любви, Мы есть - Любовь, Мы возвращаемся к Любви", "Инsайт", "Танз", "Новеллахо", "Ҳабиб Саид - эссе" ҷой дода шуданд. Аз соли 1992 дар Русия истиқомат дорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi