00:59:38 29-уми Марти 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муаммои Шамси Қайс

Ҳар нафаре, ки ба мутолиаи асари безаволи Шамсиддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ " Ал-Муъҷам фи маъойири ашъор-ил-Аҷам" дода мешавад, аз таҳлилу мавод, андеша ва афкори танқидии ӯ ба ваҷд наомада наметавонад.

miniature 4445Ҳарчанд, Шамси Қайс асарашро ба илми арӯз, қофия, санооти сухан ва нақд-уш-шеър бахшида бошад ҳам, хонанда дар мавриди омӯзиш на як бору ду бор ба лаҳзаҳое дучор меояд, ки муаллиф аз хулосаи таҷрибаҳои худ натиҷагирӣ мекунад ва ба хонанда роҳи ислоҳи дурусти маводи таҳлилиро пешниҳод мекунад. Шахси ба он мавод ошно ба дурустӣ пай мебарад, ки муаллиф бо вуҷуди шиносоии амиқ бо илмҳои дар боло номбаршуда, табъи шоирӣ низ доштааст, чунончи бисёр иттифоқ меафтад, ки адиб ба шоирони ҷавон ашъори аз лиҳози вазн, қофия ва маъно нуқсондоштаро мисол меоварад ва роҳи бартараф намудани онро низ бо мисолҳо маслиҳат медиҳад.

Чунончи дар баъзе фаслу зерфаслҳо мисолеро дар вазни муайян намуна оварда, бо каме таҳрир онро ба намунаи вазни дигар табдил медиҳад. Ин гуна мисолҳоро ҳангоми шарҳи факки аҷзо зиёд вохӯрдан мумкин аст (3, 193).

Мо аз таърихи таҳияи осори адабиётшиносӣ медонем, ки шоир ва адиби машҳури дарбори Хоразмшоҳ - Отсиз - Рашиддадини Ватвот (ваф. 1177-78) бо он ки табъи баланди шоирӣ дошт, боз дар санооти сухан ба таълифи осоре даст зад, ки баъдтар он бо номи " Ҳадоиқ- ус-сеҳр фи дақоиқ-уш-шеър" машҳур шуд. Ҳарчанд Рашид дар раванди таълифи китобаш аз эҷодиёти шоирони араб ва форсу тоҷик байтҳои зиёдеро мисол меоварад, боз дар сурати зарурат аз ашъори худ низ мисолҳои фаровон истифода мекунад.

Дар ин маврид, ӯ пеш аз овардани иқтибос таъбири "ва ман гӯям"- ро зикр мекунад. Салафи Рашидаддин Ватвот Муҳаммадумари Родуёнӣ дар "Тарҷимон-ул-балоға", дар ин хусус, ишорае надорад. Вале аз мутолиаи ал-Муъҷами Шамси Қайс маълум мешавад, ки муаллиф ҳар ду китобро мавриди истифода қарор дода будааст. Чунончи ҳангоми шарҳу эзоҳи санооти сухан, баъзе аз байтҳои дар китобҳои пешин омада дар китоби ал-Муъҷам низ биайниҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Шамси Қайс дар оғози фасли "Хотимаи китоб", ки бо унвони "Адавоти шеър ва муқаддамоти шоирӣ" низ машҳур аст, баъзе ҳикояту ривоятҳои аҷиберо нақл карда, муносибати худро нисбати шеър ва шоир то андозае равшан месозад. Худи Шамси Қайс дар бисёр мавридҳо ба ислоҳи байтҳои ноқис пардохта, ба андешаи он ки мабодо касе ӯро таъна бар он назанад, ки худ шоир нест ва ба дигарон илми шеър меомӯзад худро нороҳат ҳис мекард ва боре дар ин бора чунин андеша рондааст:

"Ва бояд донист, ки нақди шеър ва маърифати ракик ва расийн ва ғас ва самийни он ба шеъри нек гуфтан тааллуқ надорад ва бисёр шоир бошад, ки шеър накӯ гӯяд ва нақди шеър чунон ки бояд натавонад ва бисёр ноқиди шеър бошад, ки шеъри нек натавонад гуфт. Ва яке аз фузало ва умарои каломро пурсиданд: "Чаро шеър намегӯӣ? Гуфт: " Аз баҳри он- к чунон ки мехоҳам, ки ояд, намеояд ва он чӣ меояд, намехоҳам…" (5, 19-20).

Шамси Қайс боз чанд ривоятеро, ки аз ҷиҳати муҳтаво ба мисоли боло монанд аст, мисол меоварад. Вай қабл аз қисмати нақд-уш-шеър хонандаро ошкоро ҳам набошад, ба тариқи рамз огоҳ мекунад, ки аз машқи шеър огоҳ аст. Ӯ ба ин қаноат накарда, шеъри ноқис ё ғалатеро мисол оварда, онро таҳрир мекунад ва дурустии таҳрири худро исбот низ мекунад.

Чунончи дар мавриде мефармояд:

                         Шеър:

Савдои ту то дар сари ман сохт мақар,

Ғамҳои ту аз танам бинагзошт асар.

В-акнун дар дил орзӯе ҳеҷам нест,

Ҷуз орзуи рӯи ту эй, зебох(в)ар.

Ва агар касе хоҳад, ки ин қавофиро ба дигаре хуштар аз он табдил кунад, тавонад, чунон ки гӯяд:

                        Шеър:

Савдои ту то дар сари ман сохт қарор

Ғамҳои ту аз танам баровард димор.

В-акнун дар дил орзуе ҳеҷам нест,

Ҷуз орзуи рӯи ту эй зебоёр.

Пас аз хондани ин навиштаҳо, андешае ба кас ғолиб меояд, ки оё мисоли аввал аз эҷодиёти худи Шамс Қайс нест, ки дар мавриди истиқболи илҳоми шеъргӯӣ онро сурудааст. Чун аз он фориғ гаштааст, пас аз чанд рӯз он мусаввадаро боз як бори дигар мавриди таҳрир қарор додаст. Чунон ки намунаи дуввум, маҳсули ҳамин таҷдиди назар аст.

Бояд гуфт, ки ин гуна мисолҳо дар ал-Муъҷами Шамси Қайс хеле зиёд ба назар мерасанд. Мутаассифона, манбае, ки бевосита аз табъи шоирӣ доштани Шамс Қайс чизе зикр карда бошад, ба назар нарасид. Аз ҷониби дигар дар бораи фаъолияти Шамси Қайс аз ягон манобеи адабӣ маълумоти мукаммалтаре ба даст наомад. Худи Шамси Қайс дар "Дебоча"-и ал-Муъҷам дар бораи зиндагии худ баъзе лаҳазотеро ба хотир меоварад, хусусан дар бораи ба дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ҷалб шуданаш чанд сухане зикр мекунад ( 3,474), вале дар ҳеҷ маврид аз табъи шоирӣ доштанаш ва ба касе шеър бахшиданашро хотиррасон намекунад.

Шояд ба сифати надим ба дарбор ҷалб шуданаш аз он сабаб бошад, ки аз донишҳои замона ба хубӣ огоҳӣ доштааст. Аммо дар ин миёна китоби дастнависе дастрас шуд, ки дар он аз хусуси табъи шоирӣ доштани Шамси Қайс ишорае рафтааст. Ин асар " Суллам-ас-самовот" ном дошта ба қалами Абулқосими Козарунӣ тааллуқ дорад. Муаллиф дар асараш, ки тазкираест дар аҳволи намояндагони аҳли тасаввуф чунин овардааст: " … яке соҳиби китоби арӯз аст ва ӯро Шамси Қайс мегуфтанд ва дигаре Шамси Табс соҳиби девон аст. Аввалин муосири Атобак Саъди Зангӣ буда, ба тақрибот муносиби зикри баъзе ҳолоти Атобак дар китоби арӯзи худ дарҷ намуда ва ба эроди чизе аз ашъори худ дари забон накушуда" (93 б).

Ҳарчанд дар бораи шоирии ӯ далели шайъие вуҷуд надорад, вале дар китоби "Бадоеъ-ус-саное"-и Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ дар қисмати санъати "Муаммо" муаммое бо исми "Байбек" ба назар расид, ки муаллифаш Шамси Қайс ёдрас мешавад (2 , 145).

Барои аниқ намудани ин далел боз ба китоби ал-Муъҷам муроҷиат намудан лозим омад. Барои тадқиқ нусхаи чопи Мударриси Ризавӣ, ки дар асоси шаш нусхаи қаламӣ соли 1338 шамсӣ (1960) дар Теҳрон ба табъ расида буд, интихоб шуд. Баъд аз пайдо шудани байт дар нусхаи мазкур китоби ал-Муъҷам бодиққат мавриди мутолиа қарор гирифт. Вале он ҷо, ки байти номбаршуда оварда мешавад, номи муаллиф зикр нашуда, " … ва дигаре гуфтааст (3,431)" омадааст, ки аз ин гуфтаҳо чизеро ошкоро маълум намудан душвор аст. Дар ин маврид, ҳамин нусхаи чопи Мударриси Ризавӣ, ки дар асоси шаш нусха ба табъ расидааст, ба имдод расид.

Ҳангоми мутолиаи поварақи 431- и китоб, ки дар он фарқияти нусхаҳо оварда мешавад, дар яке аз нусхаҳо - аниқтараш дар нусхаи аломаташ (м),* (Нусхаест, ки замоне дар китобхонаи шахсии шоир, олим ва орифи машҳур Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ нигоҳдорӣ мешудааст. Дар ҳошияҳои ин нусха қайдҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маҳфуз аст. Ҷомӣ, ҳангоми таълифи рисолааш дар илми арӯз аз он фаровон истифода бурдааст) ки он алҳол дар китобхонаи марҳум Ҳоҷи Шайх Фазлиддин Муҷтаҳиди Табрезӣ нигоҳдорӣ мешавад ва инчунин нусхаи аломаташ (син), ки дар китобхонаи Аёсофияи Истамбули Туркия нигоҳдорӣ мешавад, ба ҷои номи муаллиф - Шамси Қайси Розӣ - таъбири "… ва ман гӯям" омадааст, ки услуби муаллифи китоби "Ҳадоиқ-ус-сеҳр…"-ро ба хотир меорад. Вале чун муаллифи китоб Шамси Қайси Розӣ аст, дар муайян намудани муаллиф дигар ҳеҷ шаке намемонад. Ба ғайр аз ин, муаллифи китоби "Бадоеъ-ус-саноеъ" пеш аз овардани намунаи муаммо оид ба ҳунари шоирии Шамси Қайс нисбатан возеҳтар изҳори ақида менамояд: "… намебинӣ, ки Шамси Қайс бо вуҷуди қудрату маҳорати ӯ дар ҷамеи фунуни шеър дар китоби ал-Муъҷам, дар санъати муаммо як муаммо ба худ нисбат карда ва он ин аст, ки дар исми Байбек гуфта:

Номи он бут ман бигӯям равшанат,

Гар надонӣ ранҷи ман гардад ҳабо.

Рав ду ҳар як бо даҳе (даҳӣ Ш.М.) таркиб кун,

Он гаҳе бо бист ҷамъ кун ҷумларо (2, 145).

Аз мутолиаи асар ва ба инобат гирифтани тамоми поварақҳои дар он дарҷ шуда маълум шуд, ки дигар дар ҳеҷ яке аз нусхаҳои хаттӣ зикре аз эҷодиёти назмии Шамси Қайс нарафтааст. Аммо гумон меравад, ки шояд баъзе абёте, ки бо таъбири "… ва дигаре гуфтааст" оғоз мешавад, аз моли ӯ бошад.

Вале ин танҳо гумони мост. Агар ба хотир биёрем, ки ҳангоми фирори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ аз таъқиби асокири муғул, Шамси Қайс дар рикоби ӯ буд, пас маълум мешавад, ки дар задухӯрде,ки дар пояи Қаъаи Фаразин ба вуқӯъ пайваст, Шамси Қайс мусаввадаи китоби ал-Муъҷамро, ки дар аввал ал-Кофӣ… номгузорӣ намуда буд, бо "соири кутуби нафиса" аз ҷумла луғатеро, ки дар шеваи Қонқалии туркӣ таълиф намуда буд, аз даст дод. Шояд дар миёни ин кутуб маҷмӯаи ашъори муаллиф низ талаф ёфта бошад. Ба ҳар ҳол, Шамси Қайс дар ин бора маълумоте дарҷ накардааст ва то алҳол манобеи дигаре, ки ба ин масъала рушанӣ меандохта бошад, ба даст наомадааст. 

Ба ҳар ҳол, пас аз маълум шудани муаллифи муаммои номбаршуда, гумони он ки Шамси Қайс шоир буд ё не, то андозае, бартараф мегардад. Вале ҳамчунон, ки худи муаллиф қайд намудааст, шояд ӯ бо сабаби аз сифати ашъори худ норозӣ буданаш, нахостааст, ки дар баробари асари шоҳвораш - Ал-Муъҷам фи-маъойири ашъор-ил-Аҷам китоби ашъоре бо номи ӯ арзи вуҷуд намояд, ки дар муқобили нуктаҳои интиқодии олиаш қарор гирад ва қадри ин асарро дар назари хонанда ба шубҳа мувоҷеҳ созад.                

Адабиёт:

1.Абулқосими Козарунӣ. Суллам-ас-самовот, таълифаш с.1014-мутобиқи с. 1605-1606, нусхаи қаламӣ аз фонди дастхатҳои шуъбаи Петербургии Институти шарқшиносии Федератсияи Русия, таҳти рақами 684а.

2.Атоуллоҳ Маҳмуд Ал-ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ. Ирфон: Душанбе-1974.

3.Шамсиддин Муҳаммад бинни Қайси Розӣ. "ал-Муъҷам фи маъойири ашъор-ил-Аҷам". Теҳрон-1338.

4. Шамси Қайси Розӣ. Адавоти шеър ва муқаддамоти шоирӣ. Душанбе-2001.

5. Шарифов Маҳмадёр. Шамси Қайси Розӣ - ноқиди шеър. Душанбе-2010.

Маҳмадёр Шарифов, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi