22:41:27 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Аз дида ба дилҳо рафтааст…

Дар дунёи беканори илм кам инсонҳоеро муяссар мешавад, ки номи худро битавонанд ҷовидонӣ дар дилу дидаҳо сабт намоянд. Зеро ин арсаи паҳновар олимону муҳаққиқони зиёдеро дидааст, аммо танҳо иддаеро бахт даст додааст, ки номбардор ва устоди кори худ бошанд.

narziev-bozor_454554.jpgЧӣ тавре ки аз таърихи илми башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои мухталифи ҷомеаи инсонӣ шахсиятҳое ба арсаи ҳаёт қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилона ва шоёни худ  ба халқу ватан ва бо рафтору гуфтори накӯ дар дилу дидаи хурду калон ҷо мегиранд. Яке аз чунин ашхоси мӯътабару гиромиқадр олими шинохтаи тоҷик, оптик ва тайфнигори номвар, физики соҳибмактаб, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Аълочии мактаби олии ИҶШС, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Нарзиев Бозор Нарзиевич мебошад.

Ин марди хирад ва олими фозил ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба илму дониш ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида, бо кирдору гуфтор ва хулқу атвори накӯяш дар дилу дидаи ҳамкасбон, шогирдон ва кулли дӯстдорону алоқамандони илми физикаи тоҷик ба таври абадӣ боқӣ гузоштааст:

Ҳар он чӣ некие аз мост бар оянда мемонад,

Нишони дасти мо дар ин Ватан поянда мемонад.

Танҳо инсони комил ва соҳибхирад қудрат дорад, ки ҷомеаи навину обод бунёд кунаду ба ин васила номи некашро абадан дар дилу дидаи мардум ҷо намояд. Ин қабил инсон метавонад бо ҷонфидоиву заҳмат ва нерӯи ақлонию эҷодиаш дар рушди маънавиёту фарҳанг, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва пешрафти ҷамъият саҳми арзандаи хешро гузшота, бо рафтору кирдори ҳамидаву инсонӣ ва амалҳои накӯяш ба саҳнаи ҳаёт нуру зиё бахшад. Дар бисёр мавридҳо пойдории ҷомеа ба илм, ахлоқ ва фазилатҳои ин гуна шахсиятҳо  алоқамандии ногусостанӣ дорад.

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, як намунаи ибратбахши чунин инсонҳо устод Бозор Нарзиев мебошад, ки бо хираду заковат, ахлоқу одоби ҳамида, дониш ва меҳнатдӯстии худ тавонистааст дар ҷомеа саҳми назарраси хешро гузорад. Вай рисолати худро ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеа ба воситаи меҳнати ҳалолу заҳмати беминнаташ ба мартабае расонидааст.

Дар ин маврид Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дуруст фармуда, ки: "Рисолати бузургтарини ҳар фарде, ки худро зиёӣ мешуморад ва дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илму маърифат заҳмат мекашад, бо талошҳои пайгирона сатҳи донишандӯзӣ ва тафаккури илмию технологии насли наврасро баланд бардоштан аст". Бояд иқрор шуд, ки устод Нарзиев Б.Н. рисолати хешро ҳамчун шаҳрванди баору номус ва меҳанпарасту инсондӯст сарбаландона ба ҷо овардааст. Ӯ зодаи кӯҳистони Зарафшон, деҳаи Урметан - калонтарин рустои ноҳияи Айнӣ буда, 18-уми апрели соли 1938 дида ба олами ҳастӣ кушодааст.

Устод Нарзиев Б.Н. дар оилаи инсонҳои соҳибфарҳанг ба дунё омадааст. Волидонаш, ки аҳли хираду маърифат буданд, пайваста мекӯшиданд, то фарзандони худро дар рӯҳияи илмдӯстию одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намоянд, ки онҳо битавонанд дар рушду нумӯи ояндаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар саҳмгузор бошанд. Фарзанди онҳо - Бозор низ аз ҷумлаи чунин ҷавонони ҷӯёву пӯёи роҳи илму дониш  ки буд, зери роҳнамоии дурбинонаи падару модари хирадманди худ роҳ ба сӯи ояндаи  пур аз нишебу фароз, вале дурахшон гирифт. Ӯ аз хурдӣ дар муҳити китобу китобдорӣ  бузург мешуд ва дар дил орзуи нек мепарварид, ки рӯзе битавонад онро ҷомаи амал пӯшонад ва ба нафъи халқи диёраш ба кор барад.

Орзуҳои айёми наврасию ҷавонӣӯро соли 1958 ба даргоҳи факултети физикаи УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) овард. Устод Нарзиев Б.Н. шӯъбаи рӯзонаи факултаи физикаи  донишгоҳи мазкурро соли 1963 бо ихтисоси "физик-муаллим" бомуваффақият хатм намуд. Дар давоми таҳсил ӯ тахассуси "оптика ва спектроскопия" - ро интихоб намуда, мутахассиси ин соҳа гардид. Донишу малака ва маҳорату истеъдоди Б. Нарзиевро ба эътибор гирифта ӯро баъди хатми ДДТ дар кафедраи оптика ва спектроскопия ба ҳайси лаборанти калон ба кор қабул намуданд.

Сипас, қобилияти бузург ва малакаи донишомӯзии Бозори кунҷкову закиву зиракро ба назар гирифта, соли 1964 ба сифати коромӯз ба Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ) барои пажӯҳиши илм сафарбар намуданд. Баъд аз ба охир расидани муҳлати коромӯзӣӯ ба шӯъбаи аспирантураи донишгоҳи мазкур шомил гардида, онро соли  1968 сарбаландона ба поён расонид. 

Таҳсил дар аспирантура ба ин устоди арҷманд майдони фарохи илмро мекушояд, то аз асрори ниҳони уқёнуси беканори илми оптика ва спектроскопия бархӯрдор гардад. Нарзиев Б.Н., ки воқеан дилбохтаи илмҳои техникию дақиқ буд, аз ин фурсати муносиб ва арсаи фарохи илмии бадастомада  самаранок истифода кард. Ӯ дар баробари таҳсил дар аспирантура ба омӯзиши масъалаҳои мухталифи оптикии физика оғоз менамояд.

Баъдан, маълумотҳои дар натиҷаи тадқиқоти тӯлонӣ ба дастовардаашро дар мавзӯи "Спектроскопическое  исследование межмолекулярного взаимодействия в водных и неводных растворах ацетонитрила" ҷамъбаст намуда, соли 1969 рисолаи номзадиро дифо кард ва ба гирифтани унвони номзади илмҳои физикаю математика шарафёб гардид. Вале, дили устод Б. Нарзиев бо ин қарор нагирифт, ӯ пайваста усулҳои нави тадқиқиро омӯхта, ҳамеша пайи тадқиқоту кашфиёти ҷадид саъю талошҳо менамуд. Маҳз ҳамин меҳнати пайваста, ҷаҳду талош ва дилбохтагии беандоза ба илму касби худ ӯро чун шиновари моҳир аз миёни амвоҷи пуртӯғёни зиндагӣ ба соҳили мурод расонид.

Яъне  устод соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзӯи "Водородные связи и строение растворов гетероциклических соединений по данным инфракрасной спектроскопии" ҳимоя намуда, ба гирифтани унвони доктори илмҳои физикаю математика сарфароз гардид. Ҳамчунин, ин муаллими оқилу олими хирадманд барои таълиму тарбияи насли ҷавон ва тайёр намудани олимони соҳибунвон унвонҳои илмӣ - академии дотсент (1974) ва профессор (2000) - ро ба даст меорад, ки дар ҳақиқат сазовор ба чунин унвонҳои баланди илмист.

Сифатҳои баланди касбӣ, қобилияти кордонию ташкилӣ, ҳисси баланди масъулиятнокӣ ва ҳалимию нармгуфтории Б. Нарзиевро ба эътибор гирифта, ӯро ба вазифаи мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи ДМТ тайин менамоянд. Устод ин вазифаи басо сангину заҳматталабро тӯли 28 сол, яъне аз соли 1976 то 1986  ва аз соли 1992 то 2009 чанд навбат бар ӯҳда дошт. Профессор Нарзиев Б.Н. дар ин вазифа тамоми қувваю нерӯи ҷисмони ва ақлонии худро истифода карда, дар пешбурди кори он саҳми арзанда гузошт.

Устоди гиромиқадр Нарзиев Б. дар давоми фаъолияти тӯлониаш дар кафедраи зикргардида дар вазифаҳои мухталиф - лаборанти калон, муаллими  калон,  дотсент,  мудири  кафедра ва профессор маҳорати хубу қобилияти баланди омӯзгорӣ, ташкилӣ, илмӣ, тарбиявӣ, методӣ ва ҷамъиятӣ нишон дод. Дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи физика, аз ҷумла тахассуси "оптика ва спектроскопия" саҳми сазовор гузошт. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи ӯ базаи моддию техникии кафедра торафт рушду таҳаввул ёфта, дар корҳои илмӣ ва таълимии лабораторӣ усулҳои муосири физика мавриди  истифода қарор шуданд. Ин сабаби баланд бардоштани сифату самаранокии ҷараёни таълим гардид.

Ӯ ягона шахсест, ки дар ҶТ аз солҳои аввали фаъолияти худ сар карда (аз соли 1970) мактаби илмию таълимиро доир ба омӯзиши хосиятҳои оптикӣ ва сохтори моддаҳои конденсӣ - моеъҳо, маҳлулҳо ва ҷисмҳои сахт, ҳодисаҳои оптикии дар ин муҳитҳо ба амал оянда ва қобилиятҳои протондонорию протонаксептории молекулаҳоро ташкил намуда, инкишоф дод. Натиҷаҳои босифати бадастовардааш сазовори қабули мутахассисони соҳаҳои мухталиф (физикаи молекулӣ, спектроскопияи молекулӣ, химияи физикӣ, сохтори модда ва ғайра) гардиданд, ки аз усулҳои дақиқу сермаълумоти спектроскопияи молекулӣ истифода мебаранд.

Дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотиаш (КИТ) ӯ бо шогирдонаш зиёда аз 250 мақолаву фишурдаҳо чоп намуда, дар 14 конфронсҳои байналхалқӣ ва 35 конфронсҳои умумииттифоқию минтақавӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад кардааст. Профессор Б. Нарзиев ба корҳои илмӣ - методӣ низ машғул шуда, барои кормандони илмӣ, аспирантон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ 6 васоити таълимӣ (Оптика қ.1, Дастуруламал оид ба корҳои лабораторӣ аз Оптика, Строение молекул и межмолекулярные взаимодействия (Т.1-2), Руководство к лабораторным занятиям по спецкурсу "Спектроскопия конденсированных сред"  ва Корҳои амалӣ аз оптика) таълиф намудааст. Ғайр аз ин, якчанд васоити таълимӣ ва дастуруламалҳо зери таҳрири бевоситаи устод Нарзиев Б. ба нашр расидаанд.

Профессор Нарзиев Б.Н. дар ин ҷода мактаби илмии худро дошта, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибунвон аҳамияти махсус додааст. Ӯ бевосита ба корҳои тадқиқотии 12 аспирант ва 3 докторант роҳбарӣ намудааст. Таҳти роҳбарии профессор Нарзиев Б.Н. 6 нафар рисолаи номзадӣ (Маҳкамбоев Ҷ., Аббосов Б., Нуруллоев М., Исломов З., Муллоев Н., …) ва 2 нафар рисолаи докторӣ (Нуруллоев М.,…) дифо намудаанд. Инчунин, ӯ ба 6 мавзӯи буҷавии КИТ кафедра роҳбарӣ кардааст. Қисми натиҷаҳои илмии ӯ дар кафедра дар ҷараёни тайёр намудани мутахассисон бо тарзу усулҳои  курсҳои махсус, лабораторияҳои махсус, корҳои курсӣ ва дипломӣ татбиқ шудаанд.

Илова бар ин, профессор Нарзиев Б.Н. дар корҳои ҷамъиятии илмию методӣ низ иштироки фаъолона дошта, узви як қатор Шӯроҳо, гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои салоҳиятнок буд. Аз соли 1994 аъзои гурӯҳи кории Ҷамъияти Аврупоӣ доир ба спектроскопияи бандиши гидрогенӣ, аъзои Шӯрои илмӣ - методии донишгоҳҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, дигар Шӯроҳои ҶТ ва ДМТ буд. Ӯ бо мутахассисони марказҳои илмии як қатор шаҳрҳои собиқ ИҶШС (Москва, Ленинград, Уфа, Новосибирск, Киев, Самарқанд, Тошканд ва ҳоказо), инчунин муассисаҳои илмию таълимии  шаҳри Душанбе алоқаҳои илмию таълимӣ  барқарор намуда, онро ривоҷ додааст.

Барои хизматҳои шоёнаш дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва иштироки фаъолаш дар корҳои илмӣ - ҷамъиятӣ профессор  Нарзиев Б.Н. бо як қатор унвонҳову мукофотҳои ҳукуматӣ сазовор гардидааст. Ӯ бо унвони фахрии "Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон" (с.1998), нишони Аълочии мактаби олии СССР (с.1986), Ифтихорномаи комитети давлатии СССР оид ба маълумот (с.1989), нишони "Зарбдори панҷсолаи IX", бо медалҳои ҷашнӣ ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Ба ҳамаи ин комёбиҳо ӯ ба шарофати меҳнатдӯстиаш, содиқона ва беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, ғамхорӣ дар ҳаққи сифату самаранокии тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои муайяни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ноил  гардидааст.

Вале сад афсӯс, ки субҳи рӯзи 02-юми апрели соли 2014 дили пурэҳсоси ин марди хирадманду донишвар, олими борикбину нуқтасанҷ ва муаллими соҳибмактаб аз тапидан бозмонд. Хок ҷисми мардеро ба оғӯш гирифт, ки як умр баҳри беҳбудии халқ, пешрафти илм ва таълиму тарбияи насли ҷавон содиқона хизмат намуда буд. Ӯ рафт… Ҳарчанд ӯҷисман рафта бошад ҳам, вале кору пайкор, тадқиқоти арзишманд, навиштаҳои зарин, суханони пурарзиш ва падарвори ӯ ҳеҷ аз қалби наздикон, дӯстдорону алоқамандони  физика нахоҳад рафт. Яъне устод Бозор Нарзиев аз дида ба дилҳо рафт…

Сад аср бувад зинда яке кори суханвар,

Зеро ки бувад халқи ҷаҳон ёри суханвар.

Зафар ИСЛОМОВ, мудири кафедраи оптика ва спектроскопия,

Муродилло НУРУЛЛОЕВ, д.и.ф.-м., профессор

Номвар ҚУРБОНОВ, аспиранти факултети физика

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi