00:22:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ - IV

Таҳияи Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Ҷунайди Бағдодӣ

pandu-nasihat-4457877Ва Ҷунайди Бағдодӣ 7-сола буд, ки Сарии Сақатӣ (тағояш) ӯро ба ҳаҷ бурд. Дар Масҷидулҳаром масъалаи шукр мерафт. Дар миёни чаҳорсад пир чаҳорсад қавл бигуфтанд дар шаҳри баёни шукр ҳар касе қавле. Сарӣ бо Ҷунайд гуфт: ту низ чизе гӯй. 

Гуфт: шукр он аст, ки неъмате, ки Худой туро дода бошад, бад-он неъмат дар вай осӣ нашавӣ ва неъмати Ӯро сармояи маъсият насозӣ.

***

Ва (Ҷунайд) гуфт: Худои таъоло ҳаргиз соҳибҳимматро уқубат накунад, агарчи маъсият равад бар вай.

***

Ва гуфт: иҷмои чаҳор ҳазор пири тариқат аст, ки ниҳояти риёзат ин аст, ки ҳар гоҳ дили худ талабӣ, мулозими Ҳақ бинӣ.

***

Ва гуфт: вақт чун фавт шавад, ҳаргиз натавон ёфт ва ҳеҷ чиз азизтар аз вақт нест.

***

Ва гуфт: сӯҳбат бо фосиқони некхӯ дӯсттар дорам аз он ки бо қуррои бадхӯ.

***

Аз Ҷунайд пурсиданд: фарқ миёни дили мӯъмин ва мунофиқ чист? Гуфт: дили мӯъмин дар соате ҳафтод бор бигардад ва дили мунофиқ ҳафтод сол бар як ҳол бимонад.

Абусаъиди Харроз

Ва Абусаъиди Харроз гуфт: Чун Ҳақ таъоло хоҳад, ки дӯст гирад бандаро аз бандагони худ, дари зикри бар вай гушода гардонад. Пас ҳар кӣ аз зикр лаззатёфт, дари қурб бар ӯ гушода гардонад. Пас ӯро дар саройи фардоният фуруд орад ва маҳалли ҷалолу азамат бар вай макшуф гардонад. Пас ҳар гоҳ ки чашми ӯ бар ҷалол ва азамати Ӯ афтад, боқӣ монад Ӯ, бе ӯ дар ҳифзи Худой афтад.

***

Ва гуфт: зикр се ваҷҳ аст: зикре, аст ба забон ва дил аз он ғофил ва ин зикри одат бувад ва зикре аст ба забон ва дил ҳозир, ин зикри талаби савоб бувад ва зикре аст, ки дилро ба зикр гардонад ва забонро гунг кунад. Қадри ин зикр кас надонад ҷуз Худои таъоло.

Буусмони Хайрӣ

Ва Буусмони Хайрӣ гуфт: аломати саъодат он аст, ки мутеъ мебошӣ ва метарсӣ, ки набояд, ки мардуд (рондашуда) бошӣ.

***

Ва гуфт: аломати шақоват он аст, ки маъсият мекунӣ ва умед дорӣ, ки мақбул бошӣ.

***

Ва  гуфт: муваффақ он аст, ки аз ғайри Худой натарсад ва ба ғайри Ӯ умед надорад ва ризои Ӯ бар ҳавои нафси хеш баргузинад.

***

Ва гуфт: адаб эътимодгоҳи фуқарост ва ороиши ағниё.

Ибн Ато

Ва Ибни Ато гуфт: бузургтарин ғафлатҳо он ғафлат аст, ки аз Худо ғофил монад ва аз фармонҳои Ӯ ва аз муъомилоти Ӯ.

***

Ва гуфт: ботин ҷои назари Ҳақ аст ва зоҳир ҷои назари халқ, ҷои назари Ҳақ ба покӣ сазовортар аз аз ҷои назари халқ.

***

Нақл аст, ки яке бо вай  (Ибн  Ато) гуфт: Узлате хоҳам гирифт: Гуфт: ба кӣ хоҳӣ пайваст, чун аз халқ мебурӣ? Гуфт: пас чӣ кунам? Гуфт: Ба зоҳир ба халқ мебош ва ба ботин бо Ҳақ.

Юсуфи Исбот

Шиблӣ гуфт: аз Юсуфи Исбот пурсиданд: ғояти тавозӯъ чист? Гуфт: он ки аз хона берун ойӣ, ҳар киро бинӣ, чунон донӣ, ки беҳтар аз ту аст.

***

Ва Юсуф Исбот гуфт:  сидқро 6 аломат аст: дил бо забон рост доштан ва қавл бо феъл баробар доштан ва тарки талаби маҳмадати (ситоиш) ин ҷаҳон гуфтан ва раёсат ногирифтан ва охиратро бар дунё гузидан ва нафсро қаҳр кардан.

Абуяъқуб-ал-Наҳҷурӣ

Ва Абуяъқуб-ал-Наҳҷурӣ гуфт: дунё дарё аст, канораи ӯ охират аст ва киштии ӯ тақво ва мардумон ҳама мусофир.

Абуяъқуб

Аз Абуяъқуб пурсиданд: тариқ ба Худой чӣ гуна аст? Гуфт: дур будан аз ҷуҳҳол ва сӯҳбат доштан бо уламо ва истеъмол кардани илм ва доим бар зикр будан.

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад бини Фазл

Ва Абӯабдуллоҳ Муҳаммад бини Фазл гуфт: ислом ба чаҳор чиз аз шахсе муфорақат (ҷудоӣ аз ҳамдигар) кунад: яке он ки амал накунад бад-он чи донад, дуввум, он ки амал кунад бад-он чи надонад, саввум, он ки наҷӯяд он чи надорад, чаҳорум, он ки мардумонро манъ кунад аз омӯхтан.

***

Ва гуфт: илм се ҳарф аст: "ъайн" ва "лом" ва "мим" "ъайн" илм аст ва лом амал ва мим мухлиси (ихлосманди) Ҳақ аст дар амал ва илм.

Абулҳасани Бушанҷӣ

Ва Абулҳасани Бушанҷӣ гуфт: ҳар кӣ худро хор дошт, Худои таъоло ӯро рафеъ улқадр гардонад ва ҳар кӣ худро азиз дошт, Худои таъоло ӯро хор гардонад.

Абубакри Варроқ

Ва Абубакри Варроқ гуфт: мардумон се гуруҳанд: яке умаро ва дуввум уламо ва саввум фуқаро. Чун умаро табоҳ шаванд, маъош ва иктисоби (ба даст даровардан) халқ табоҳ шавад ва чун уламо табоҳ шаванд, дини халқ рӯй ба нуқсон ниҳад ва чун фуқаро табоҳ шаванд, зуҳд ва ҳиммат дар миёни халқ табоҳ шавад. Табоҳии умаро ҷавру зулм бувад ва табоҳии уламо майли дунё бувад ва мутобиъати ҳаво ва табоҳии фуқаро тарки тоъат ва мухолифати ризо.

***

Ҳам ӯ мегуяд: яке аз бузургон гуфт: шайтон мегӯяд: ман бад-ин аблаҳӣ наям, ки аввал бор мӯъминеро ба кофирӣ васваса кунам, ки аввал ӯро ба шаҳавоти ҳалол ҳарис кунам, чун бад-ин ҳарис шуд, ҳаво дар вай чира гардад ва қувват гирад, он гоҳ ба маъосӣ васваса кунам, то маро осонтар бувад, он гоҳ ба кофирӣ васваса кунам.

***

Ва гуфт: бомдод бархезам халқонро бинам, бидонам, ки кист, ки луқмаи ҳалол хӯрдааст ва кист, ки ҳаром хӯрдааст. Гуфтанд: чӣ гуна? Гуфт: ҳар кӣ бомдод бархезад ва забонро ба лағву ғайбат фаҳш машғул кунад, бидонам, ки ӯ ҳаром хӯрдааст ва ҳар кӣ бомдод бархезад ва забон ба зикру таҳлил ("Ло илоҳа иллаллоҳ" гуфтан) ва истиғфор машғул дорад, бидонам, ки ҳалол хӯрдааст.

Абдуллоҳи Мағрибӣ

Ва Абдуллоҳи Мағрибӣ гуфт: хортарини мардумон дарвеше бувад, ки бо тавонгарон мудоҳанат (чоплусӣ, хушомадгӯй) кунад ва азимтарини халқро тавозуъ кунад.

***

Ҳам ӯ гуфт: дарвешони розӣ аминони Худоанд дар замин ва ҳуҷҷати Худоанд бар бандагон ва ба баракати эшон бало аз халқ мунқатеъ гардад.

Абӯалии Ҷузҷонӣ

Ва Абӯалии Ҷузҷонӣ гуфт: се чиз аз ақди тавҳид аст: хавф ва риҷо ва муҳаббати зиёдатӣ. Хавф аз тарки гуноҳ аст ба сабаби ваъиди дидан ва зиёдатии риҷо аз амали солеҳ бувад ба сабаби ваъдаи дидан ва зиёдатии муҳаббат аз бисёрии зикр бувад ба сабаби минат дидан. Пас хоиф (тарсанда) ҳеҷ наосояд аз ҳараб (гурехтан) ва роҷӣ (умедвор) ҳеҷ наосояд аз талаб ва муҳиб (б) ҳеҷ наосояд аз тараб ба зикри маҳбуб, пас хавф норе мунаввар аст ва риҷо нуре мунаввар ва муҳаббат ва муҳаббат нуруланвор аст.

***

Ва гуфт: бадбахт касест, ки маъосӣ зоҳир гардонад, ки бар ва фаромӯш гардонидааст.

***

Ва гуфт: ба тан дар дунё бош ва ба дил дар охират.

***

Ва гуфт: чун аз Худой тавфиқ хоҳӣ, ибтидо ба амал кун.

***

Ва гуфт: Худойро боде аст, ки онро боди сабеҳа хонанд, ки он бод махзун (дар хазина маҳфз дошташуда) аст дар зери Арш. Вақти саҳар вазидан гирад ва нолаҳо ва истиғфор баргирад ва ба малики Ҷаббор расонад.

Иброҳими Хаввос

Ва Иброҳими Хаввос гуфт: илм ба ҷумлагӣ дар ду калима муҷтамеъ (фароҳамоварда) аст: яке он ки Худои таъоло андешаи он чи аз дили ту бардоштааст, дар он такаллуф (саъю кӯшиш) накунӣ, дигар, он чи туро мебояд кард ва бар ту фариза аст, онро зоеъ нагардонӣ.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ ишорат кунад ба Худой ва сукунат гирад ба ғайри Ҳақ таъоло, ӯро мубтало гардонад ва агар аз он ба Худо гардад, ҳар бало, ки дорад аз ӯ дур кунад ва агар бо ғайри Ӯ сукунати ӯ доим шавад, Ҳақ таъоло раҳмат аз дили ҳақ бибарад ва либоси тамаъ дар ӯ бипӯшад, то пайваста халқро мутолабат мекунад ва халқро бар ӯ раҳмату шафқат набувад, то кораш ба ҷое расад, ки ҳаёти ӯ ба сахтӣ ва нокомӣ бувад ва марги ӯ ба душворӣ ва ҳайрату ранҷу бало ва охирати ӯ пушаймонӣ ва таасуф.

***

Ва гуфт: доруи дил панҷ чиз аст: Қуръон хондан ва андар ӯ нигоҳ кардан ва шикам тиҳӣ доштан ва қиёми шаб ва тазаррӯъ (илтиҷо) кардан ба вақти саҳаргоҳ ва бо некон нишастан.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi