06:14:38 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дурахши офтоб

Бадахшон сарзаминест, ки ҳам аз нигоҳи мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳам сокинонаш на танҳо дар Осиёи Марказӣ балки бемуҳобот дар курраи замин мавқеъи ба худ хос дорад. Беҳуда ин нигини рӯйи заминро "Боми Ҷаҳон" наменоманд. Дар бораи сарзамини Бадахшон то ба имрӯз мақомот ва китобҳои зиёд ба табъ расида бошанд ҳам, дар хусуси сокинони ин вилояти худмухтори кӯҳсор, хосатан шахсиятҳои маъруфи он то ҳол китоби мукаммале интишор наёфтааст.

durakhshi-oftob-458777Қобили зикр ва шоистаи таҳният аст, ки фарзанди ин диёр - рӯзноманигор Оламгули Бадахшӣ ба чунин кори хайр даст зада, бо номи "Дурахши офтоб" китоби мусаввареро таҳия ва чоп кардааст. Китобро акси Президенти кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва суханронии ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни матлаъ бахшидааст, ки ин басо рамзӣ ва барҷой мебошад. Зеро сарвари кишвар ба ин сарзамини биҳиштосо таваҷҷӯҳи хоса дошта, рушду нумӯи онро аз замири дил хоста, ба Бадахшон борҳо сафар карда, ҳамаи тадбиру чораҳои заруриро аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон андешидааст ва баҳри амалӣ гаштанашон пайваста зери назорат қарор додааст. Ва ҳақ ба ҷониби муаллифи китоб аст менигорад: "Барои бадахшониён имрӯз сарвари давлат басо азизу гиромӣ аст".

Муаллифи "Дурахши офтоб" бо истифода аз жанрҳои мухталиф тавонистааст ба таври мухтасар бошад ҳам, гул кардани бахти навини бадахшониёнро, ба "Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон" табдил ёфтани Бадахшонро ва фардои боз ҳам чун офтоб дурахшон доштани ин сарзаминро ба қалам диҳад. Қисмати асосии китоби нав ба ҳаёту фаъолияти фарзандони машҳур ва хизматнишондодаи бадахшӣ бахшида шудааст.

Ин фарзандони барӯманд академик Раҳим Масов, собиқадори меҳнат Исматшо Зиннатшоев, шоир ва рӯзноманигори машҳур Басир Расо, шоираи шаҳир Шаҳрияи Адҳамзод, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев философи намоёни тоҷик Шоназар Шоисматуллоев, шоирон Ато Мирхоҷа, Нуқраи Суннатиён, сиёсатмадор Акбаршо Искандаров, Президенти академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов, соҳибкори муваффақ дар Федератсияи Руссия Муқим Майбалиев ва даҳҳои дигари соҳибони касбу кори гуногунанд.

Китоби "Дурахши офтоб" хонандаро бо ашхосе ошно месозад, ки эшон бешубҳа дар зебову пурмазмун гаштани ҳаёт барои инсон нақши мондагор дошта, боиси ибрати насли имрӯз ва оянда хоҳанд буд. Китоби мазкур бо дастгирии Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ба нашр расидааст, ки муаллиф аз ӯ сипосгузор аст.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi