01:20:01 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бунёдгузори шеъри нав Нимо Юшиҷ аст ё устод Айнӣ?

Рӯзи ҷумъа, 18-уми октябр дар Маҷлисгоҳи Иттиҳодияи адибони кишвар бо иштироки аҳли қалам ва мунаққидону олимон маҳфиле дар мавзӯи «Шеъри нав дар адабиёти имрӯзи тоҷик» баргузор гардид.

askar-hakimov 5448787Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон ва муовини Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар, ки ҳамчунин муҷрии ин маҳфил буд, дар оғози суҳбат дар мавриди шеъри нав гуфт, ки «вақте ки сухан, вақте ки шеър ё андешаи шоир дар қолабҳои суннатӣ намеғунҷад ва ҳамин андеша қолабро мешиканаду берун мерезад, ҳамон шеъри озод, шеъри сафед аст». Ба андешаи Камол Насрулло «ин навъи шеърӣ таъсир аз назми Ғарб  аст, агарчӣ андешаҳое ҳам ҳастанд, ки шеъри сафеду озоди мо ҳатто то ислом вуҷуд дошт. Аммо устод Лоиқ мегӯянд, ки:

Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,

Ҳамчу тифли инқилоб.

Бо саволу бо хитобу бо ҷавоб,

Захмҳои пушти Айнӣ мисраъҳои ӯ шуданд,

Оҳҳои дардолудаш нидои ӯ шуданд.»

Баъдан Камол Насрулло яке аз муваффаққтарин ва тавонмандтарин шоирони навсарои тоҷик, ки шеъраш аз ҷониби адабиётшиносони кишварҳои ҳамзабон ҳам баҳои сазовор гирифта, устод Доро Наҷотро ба минбар таклиф кард.

«Шеъри нав дар адабиёти муосири тоҷик аз зарфи солҳои бистуми қарни гузашта бо тағйири сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, ба эҷоди таҳаввул дар шеъри тоҷик ифтитоҳ гузошт. Вақте мо шеъри «Марши ҳуррият»-ро мехонем, ба ҳунари бисёр баланди  устод Айнӣ қоил мешавем. Аз ин шеър оҳанг мехезад, оҳанги мутантан. Виҷагии шеъри нав навпардозӣ дар қолабҳои суннатӣ буд ва дар ҳамин замина шеъри нав падид омад ва имрӯз он ба ду ҷанбаи аслии худ, яъне шеъри озод ва шеъри сафед мавриди шинохт қарор дорад.

Шеъри озодро дар Ирон қолаби нимоӣ гӯянд. Ин навъи шеър зодаи биниш ва идроки тозаи ҳунарист мисли шеъри суннатии вазндор, аммо мисраъҳо дар он метавонанд кӯтоҳ ё дароз бошанд, як мисраъ метавонад ба ду ё се тақсим шавад ва қофия дар ин навъи шеър ҷойи мушаххас надорад. Шоир дар ин навъи шеър метавонад аз тасвирҳо, истиораҳо, ибҳом, таркибҳо ва таносубҳои тозаи  воҷгониро рӯйи кор орад ва он чӣ дар бисоти шоирӣ дорад, матраҳ намояд»- гуфт дар оғози маърӯзаи худ Доро Наҷот.

Ба андешаи Доро Наҷот ҳам устод Айнӣ нахустин шоире буд, ки шеъри озодро ба гунаи шеърҳои инқилобӣ ба ҷавлон овард. Ӯ ҳамчунин Лоҳутиро чун намояндаи шеъри нав эътироф кард. Доро Наҷот афзуд, ки «Пайрав Сулаймонӣ шеваҳои футуристии Маяковскийро ба кор гирифта, ба андозае дар ин росто муваффақ гардид. Ғаффор Мирзо қисмате аз ашъорашро дар шакли нав иншо намуд. Ва оғоз аз солҳои шастум шеъри озоди Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ ва ҳамчунин устод Турсунзода бо «Садои Осиё» дар адабиёт бо рангу бӯйи тоза ҷавлон кард ».

Сапедсарои маъруфи тоҷик таъкид намуд, ки ин шоирон таъсирпазир аз Нимо набудаанд. Ба қавли ӯ «инҳо дар заминаи ошноиҳое, ки бо ҷараёнҳои шеъри русӣ ва ҷаҳонӣ ва баъдтар шеъри иронӣ доштанд ва албатта бо таъсирпазириҳои андак аз Нодирпур, Соя, Фурӯғи Фаррухзод ва чанд шоири дигари иронӣ, ки шеърашон дар дастрас қарор дошт, қомати шеъри озоди Тоҷикистонро рост карданд.

Аз ин рӯ мо наметавонем Нимо Юшиҷро саромади шеъри озоди тоҷик шуморем ва бо устод Айнии худамон иктифо мекунем. Шоирони дигар чун Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ҳақназар Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, Зиё Абдулло, Низом Қосим, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Фарзона, Салими Хатлонӣ, Салими Зарафшонфар, Аҳмадҷони Раҳматзод, Озарахш, Сиёвуш, Сурӯш ва дигарон дар густариши ин навъи шеър саҳми бориз ба ҷой гузоштаанд». 

Ҳамчунин Доро Наҷот аз шоирони тоҷик азҷумла хост: «ҳеҷ вақт ба шеъри ирониҳо тақлид накунед». Ба андешаи ӯ «бояд кӯшиш кунем, ки аз вуҷуди худамон, аз мағзи тафаккури худамон гапҳои тоза ёбем». Доро Наҷот афзуд, ки дар шеърҳои баъзе аз шоирони мо таркибҳои дунболадор ва иборапардозиҳои печопеч бисёр ба чашм мерасад. «Ин гуна шоирон гумон мебаранд, ки бо ин услуб тавоноии худро нишон медиҳанд, дар асл чунин услуб нишонаи нотавонии шоир аст»- афзуд ӯ.  

Муҳаммадалии Аҷамӣ, яке дигар аз щоирони дар гуфтани шеърҳои сафеду нимоӣ пешгом дар ин маврид чунин ибрози андеша кард, ки ҳанӯз аз оғози пайдоишаш инсон қадам мегузошт ба сӯйи нав шудан ва ҳамин маънӣ дар абёти Мавлонои бузург ҳам омада, ки:

Дилбариву бедилӣ асрори мост,

Кор кори мост, чун Ӯ ёри мост.

Навбати куҳнафурӯшон даргузашт,

Навфурӯшонему ин бозори мост.

Сабаби сар задани ниёз ба гуфтани шеъри навро Муҳаммадалии Аҷамӣ дар он мебинад, ки шеъри суннатӣ воқеан бисёр қолабишуда буд. Ӯ афзуд, ки мояи шеъри сафед ҳам ҳамон андешаи солим аст, на тасвирсозиву суханбофиҳои беҳуда.

Мубашшири Акбарзод, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик афзуд, ки «инҷо баҳс дар мавриди аз кӣ шуруъ шудани шеъри нав буд, ки муҳаққиқони иронӣ инро ба номи Нимо Юшиҷ мебанданд, ки  ӯ шеъри «Афсона»-ро дар соли 1920-ум гуфта буд, дар ҳоле, ки устод Айнӣ панҷ сол пеш аз ин шеъри «Марши ҳуррият»-ро дар ҳамон вазн навишта. Бинобар ин мо бо боварии том метавонем гуфт, ки  оғози шеъри нав аз устод Айнӣ аст». 

Ба андешаи ин мунаққиди тоҷик «шеъри нав гуфтан ба ҳар маънӣ сухани тоза гуфтан аст. Маҳорати шоир вақте ошкор мешавад, ки суханашро дар қолаби зебо бо оҳангу бо санъатҳои шеърӣ гуфта бошад. »

Аммо Мубашшир Акбарзода изҳори нигаронӣ кард: «мутаассифона, дар шеъри мо гапи  муфт бисёр аст. Шоирони мо шеърҳои дароз мегӯянд, аммо бардоште аз он намекунӣ. Чаро мо мисли Ҳушанги Ибтиҳоҷ камтар шоире дорем, ки мегӯяд:

Синаам садафи холи як танҳоист,

Ту чу марворид,

Гардановези касони дигарӣ.

 Ё мисли Нодирпур:

Дар шиша анкабути сиёҳи шикастагӣ,

Торе танида буд,

Алмоси чашмҳои ту дар шиша хат кашид,

Ва шиша дар сукути дарахтон шикасту рехт,

Чашми ту монду моҳ,

В-ин ҳарду дӯхтанд,

Ба чашмони ман нигоҳ.»

Ҳамчунин, Мубашшир Акбарзода илова кард, ки «мо шоирони хубе ҳам дорем, ки бо баёни андак маънии бешро ифода карда бошанд. Вале ман мехоҳам, ки бештар бошанд».

Аскар Ҳаким, Шоири Халқии Тоҷикистон, дар оғози суханронияш гуфт, ки мо бояд аввал фарқ гузорем, ки шеъри озод ва шеъри сафед чӣ аст ва ин ду навъи шеърӣ куллан аз ҳамдигар фарқ доранд.

sheru-shoiri 4585221

Дар мавриди ибтидои шеъри нав Аскар Ҳаким ин андешаро баён кард, ки «Таъриф намекунам, аммо ман дар ин соҳа омӯзиши бисёр кардаву ҷилд- ҷилд китоб хондаам. Ман мегӯям, ки пайдо шудани шеъри нав ниёзи бисёр сахти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Шеъри нав пайдо шуданаш ва инкишоф ёфтанаш дар Ирон ба вазъи сиёсиви иҷтимоии ин кишвар вобаста буд.

Шоире, ки дар замони шоҳӣ мақсадашро гуфтан мехост, рӯирост гуфта наметавонист, агар мегуфт ё лабашро медӯхтанд ё ба азоб гирифтор мекарданд. Бинобар ҳамин шоир маҷбур шуд, ки барои гуфтани мақсадаш аз рамз, аз истиора, аз ибҳом истифода барад, ки дар назари аввал дастрас нест. Бинобар ҳамин як ниёзи иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Шеъри навро шикасти  сохти иҷтимоӣ ба миён овард.

Бинобар ҳамин дар баробари шикасти сохти иҷтимоӣ сохти шеъри суннатии мо шикаста шуд. Барои ҳамин дар Ирон ин чиз ривоҷ ёфт. Аммо дар Шӯравӣ чаро ривоҷ наёфт? Ман ҳам мисли Шумо мехоҳам ифтихор кунам, ки устод Айнӣ аввалин шеъри навро гуфтааст. Аммо шеъри имрӯзаи сафед ё озод шабоҳате ба «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ дорад? Ин шеърҳо аз назари сифат ва табиат аз ҳамдигар замину осмон фарқ мекунанд.»

Ба андешаи Аскар Ҳаким шеъри ситоиш нест, ки инқилобро васф кунад ё партияи коммунистӣ ё демократиро. Яке аз муҳимтарин фазилатҳои шеъри сафед ё озод дар он аст, ки дар ӯ мадҳ нест. Аскар Ҳаким дар ин бобат таъкид дошт, ки «ин гапро пеш аз ман Фурӯғи Фаррухзод дар яке аз мақолаҳояш гуфта».

Аскар Ҳаким дар идомаи суханаш аз Гулназар, Камол Насрулло ва Доро Наҷоту Фарзона чун гӯяндагони муваффақи шеъри сафед ва озод ёдовар шуд. 

«Фарзона муъҷиза аст. Соли 2003-юм дар Хуҷанд бо номи «Қатрае аз Мӯлиён» се ҷилд китобаш нашр шуд. Ман дар асри бисту бистуяк дар адабиёти тоҷик ин хел шоирро надидам, ки ин қадар шеър гуфта бошаду ин қадар олӣ гуфта бошад.»

Дар фарҷоми суҳбат устод Аскар Ҳаким, Шоири Халқии Тоҷикистон аз ҳамагон хост, ки бо як маҳфил намешавад мавриди ҳама паҳлӯҳои шеъри нав баҳс кард. Ва ӯ аз ҳамаи иштиёқмандон даъват ба амал овард, ки бори дигар ҷамъ шаванду сари ин мавзӯъ суҳбат ороянд.

Баҳман, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+5 #1 RE: Бунёдгузори шеъри нав Нимо Юшиҷ аст ё устод Айнӣ?Guest 29.10.2013 17:01
Салом. То хамин наздикихо касе аз шоирону мунаккидони мо чуръат намекард, ки устод Айниро бунёдгузори шеъри нав муаррифи кунад. Ин харфро аввалин бор Рустами Ваххоб гуфт ва дар баробари хамлахои сангину сахмгини шуарои муосири эрон истоду дифоъ кард... Вале акнун дар ин гузориши Шумо аз махфил аз Рустами Ваххоб ва андешахои у ёде намешавад. Дар холе ки хак дошт, то андешахояш муфассал оварда мешуд.... Чаро? Ин баркасдона аст ё заъфи хабарнигор?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi