22:23:57 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муҳиддин Хоҷазод: «То чизеро набинам, ба навиштани он даст намезанам»

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод соли 1938-ум таваллуд  шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ)-ро дар соли 1961-ум хатм кардааст. Солҳои дароз чун мудири шуъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст.

muhiddin-khojazod-45788Хоҷазод бештар ба тадқиқи масъалаҳои синфи коргар майл дошта, аз оғози солҳои шастуми асри гузашта то ба имрӯз дар ин росто осори марғуберо чун повести «Дилро ба дил раҳест», романҳои «Об-рӯшноӣ», «Нанг ва номус», «Ростиро завол нест», «Куҳ бе варта нест», «Сангтӯда» таълиф ва пешкаши хонандагон намудааст. Даврони Шӯравӣ Муҳиддин Хоҷазод аз зумраи маъруфтарин нависандаҳои тоҷик буд, аммо имрӯз то ҷое аз назари хонанда пинҳон монда. Барои огаҳӣ ёфтан аз он ки Муҳиддин Хоҷазод имрӯз чӣ менависаду чӣ аҳвол дорад хабарнигори «Рӯзгор» Баҳман бо ӯ суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, имрӯз саломативу аҳволатон чӣ гуна аст ва дар ин чанд соли охир чӣ чизҳои наве иншо намудед?

-Ман аз таҷрибаи худ медонам, ки моҳи Рамазон ҳарчанд каму беш заҳмат ҳам дошта бошад, лекин барои эҷодкор як файзу хосиятҳои хосса ҳам дорад. Дар ин моҳ эҷоди одам тамоман файзу шукуҳи дигар мегирад. Аслан ман дар оғоз чун ҳикоянавис машҳур шуда бошам ҳам, дар ин байн ба романнависӣ руҷуъ карда, хеле аз ҳикоя дур шуда будам. Лекин шукри Худо, ки дар 75-солагӣ, яъне имсол дар моҳи шарифи Рамазон якбора се ҳикоя таълиф кардам.

Албатта кас ҳайрон мешавад, аммо ба фикри ман дар Рамазон Худованд ба илҳом ҳам барака медиҳад. Дигар ин ки ҳанӯз аз солҳои навадуми асри гузашта пайваста мушоҳидаҳоямро аз рӯзгору ҳаводиси он рӯйи коғаз мерехтам ва қатра-қатра як чизҳои хурди минятурӣ эҷод мешуд, лекин дар анҷом ин андешаҳо он қадар зиёд шуда рафт, ки қариб сару ҳисобашро гум кардам. Шукр, ки дар ин ҳол касби драматургӣ ба ман мадад расонид ва ман ин андешаҳоро ба як тартиб, ба як мақому мартаба оварда, китоб кардам ва ин китоб бо номи "Дурри парешон ё худ лавҳаҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ" дар нашриёти "Адиб" дар арафаи чоп буда, ҳаҷми он ҳудуди чорсад сафҳа аст.

Чӣ тавре гуфтам ибтидои ин андешаҳо аз солҳои навдум оғоз ёфта. Ман ҳудуди 50- сол дар Душанбе зиндагӣ доштам ва майдоннишиниву нооромиҳоро ҳам ба чашми сар дидам. Аз ин гуна нооромиҳо албатта, беш аз ҳама шахси эҷодкор азоби руҳӣ мекашад. Дар "Дурри парешон" ҷое гуфтаам, ки:

Ҳар дам ба ёди Зулҷалол ҷону дилам гум мезанад,

З-ин бум ба фарёд омада, худро ба он бум мезанад.

Аммо саманди зиндагӣ дар лаб сулуки оҳанӣ

Нагзорадам боло равад, сум мезанад, сум мезанад, сум мезанад…

-Шумо баҳри ҷамъоварии мавод барои романи маъруфи "Об-рӯшноӣ" чанд муддат дар НБО Норак чун коргар фаъолият доштед. Ахиран романи дигари Шумо дар мавриди сохтмони неругоҳи Сангтӯда мунташир шуд. Барои омӯхтани қаҳрамонҳои "Сангтӯда" ҳам ба минтақаи сохтмонӣ сафар доштед ё…

-Барои навиштани романи "Об- рӯшноӣ" ман бо маслиҳати устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ба Норак рафта, адиб буданамро маълум накардаву мавод ҷамъ оварда будам. Лекин дар замони эҷоди "Об-рӯшноӣ" ман ният надоштам, ки романи сегона менависам. Аввал мақсадам навиштани повест ё худ қисса буд, аммо вусъати сохтмон ва рӯзгори сохтмончиён дараҷа ба дараҷа домани асарро васеъ кард.

Ҳамин тавр романи "Об -рӯшноӣ" ба майдон омад. Баъди анҷоми роман хаёл кардам, ки бо ҳамин ин мавзуъ тамом шуда, лекин баъди даргузашти чанд муддат сохтмони давраи аввали Роғун сар шуд ва дидам, ки ҳамон қаҳрамонҳои "Об- рӯшноӣ" ба кори Роғун гузаштанд ва сохтмони ин неругоҳ авҷ гирифт. Ва ман дар ин ҳол маҷбур будам, ки фаъолияти қаҳрамонҳоямро дунболагирӣ кунам. Ва ҳамин тавр романи "Куҳ бе варта нест" ба миён омад.

Аммо шамолҳои сиёсӣ аз тарафи мухолиф вазид ва шасти сохтмон то дараҷае шикаст ва бубинед, ки имрӯз, дар замони Истиқлолият сохтмони ин иншооти барои Тоҷикистон муҳим аз нав рӯйи даст гирифта шуд. Ҳамчунин, агарчӣ ба якборагӣ сохтмони Роғунро ба анҷом расонида натавонистем, дар паҳлуяш ба иқтидори камтар ҳам бошад, неругоҳҳои " Сангтӯда 1" ва "Сангтӯда 2"- ро бунёд кардем.

Вақте, ки сохтмони "Сангтӯда" сар шуд, ман ба онҷо сафар кардам. Ман аз зумраи он адибоне ҳастам, ки ҳамеша такя ба воқеияти рӯзгор доранд. Аз ин рӯ ман рафтам ба "Сангтӯда", вале дигар мадори ҷавонӣ набуд, ки чун дар даврони навиштани "Об-рӯш-ноӣ" дар сохтмон бетонрез шуда кор кунам. Ба ҳар сурат маро хуш қабул карданд ва ман навбат ба навбат ба чайлаҳои коргарон даромада, як ҳафта-ду ҳафта бо онҳо зиндагӣ карда, аз суҳбатҳои онҳо хӯша-хӯша барои романи "Сангтӯда" мавод ғун кардам.

-Аммо дар "Об-рӯшноӣ" тақдири мардуми таҳҷоии Норак ҳам ба риштаи тасвир кашида шуда буд…

-Албатта, танҳо ҳаёти коргарони сохтмон барои навиштани як роман мавод дода наметавонад, бояд донӣ ки Сангтӯда чист, мардумаш чӣ гуна ба сар мебаранд ва дар мавриди сохтмон чӣ андеша доранд. Ин паҳлӯи зиндагиро ҳам наомӯхта дар мавриди "Сангтӯда" асар навиштан имкон надорад. Мо бо мардуми таҳҷоии ин маҳал ҳам суҳбатҳои тӯлонӣ доштем, ҳаёти онҳо ҳам дар романи "Сангтӯда" ба таври лозима инъикос ёфтааст.

-Устод, неругоҳҳои "Норак", "Роғун" ва "Сангтӯда" ҳамагӣ дар дарёи Вахш бунёд ёфтаанд. Шумо дар мавриди ин неругоҳҳо романи сегона навиштаед, яъне "Об- рӯшноӣ", "Куҳ бе варта нест" ва "Сангтӯда". Аз як нигоҳ бингарем, ҷуғрофиёи маҳдуд, як соҳа, як мақсад, қаҳрамонҳои шабеҳ… Оё як роман такрори як романи дигар нашуда?

- Агар аз канор нигоҳ кунед, такрор ёфтанаш ҳам мумкин, чун сохтмон ба сохтмон ҳаддалимкон монанд аст. Лекин ин чизро ҳам ба назар гирифтан даркор, ки ҳар сохтмон аз дигарӣ 10-20 сол фосила дорад. Агар дар Норак падарҳо дар майдони сохтмон буданд, дар давраи аввали Роғун писарҳо ба арса баромаданд, дар Сангтӯда бошад, набераҳо.

Боз аҷиб, ки набераҳои ҳамон Муҳаббат Шарипову дигар персонажҳои "Об- рӯшноӣ". Ин чизҳоро мушоҳида карда, ба хулосае расидам, ки худи воқеият аз хонадонҳо силсилаи бинокоронро офаридааст. Пас чаро ман ин чизро мавриди таҳқиқ қарор надиҳам? Боз мегӯям, ки дар ман андешаи навиштани романи сегона аз ҳаёти сохтмончиёни неругоҳҳои Нораку Роғуну Сангтӯда набуд, лекин воқеияти зиндагӣ маро водор сохт, ки аз паси қаҳрамонҳо равам.

-Гумон мекунам ғояи навиштани романи "Сангтӯда" замоне ба сари Шумо зад, ки дигар давлати абарқудрати Шӯравӣ набуд ва Иттиҳодияи адибон ҳам имкон надошт, ки барои сафару иқомати Шумо дар Сангтӯда шароит фароҳам оварад, пас чӣ гуна рафтед ба ҷамъ овардани маводи романи наватон?

- Ман дар оғоз хостам бо муҳтарам Гул Шералӣ, Вазири энергетика ва саноат рӯбарӯ шавам, суҳбат кунам, каму беш мадад илтимос намоям, лекин якчанд бор рафтам, аммо дида натавонистам. Ва бисёриҳо баъде, ки роман эҷод шуд, гуфтанд, ки вай ба Сангтӯда қадам намондаасту чӣ хел дар ин бора роман навиштааст? Лекин бемуҳобот ман як бор ҳам не, панҷ ё шаш бор ба ин минтақаи сохтмонӣ сафар доштам.

-Бо мадади кӣ?

-Дар маҷлиси зиёиён Сарвари давлат муроҷиат карданд, ки сохтмонҳои азим авҷ гирифт, лекин канӣ нависандаҳо, канӣ китоби нависандаҳо? Ин сухан ба ман бисёр таъсир кард, лекин дар аввал мунтазир шудам, ки ҷавонҳо мераванду дар ин бобат асарҳо менависанд, аммо нафаре аз адибони ҷавон нарафт. Баъд бо домодам ҳамсуҳбат шудаму андешае ба сарам зад, ки ҳамин силсиларо худам тамом накунам каси дигар тамом намекунад ва тамом кардан ҳам намехоҳад.

Домоди ман мутахассиси энергетика ва дар Роғун ҳам замоне кор карда буд. Дар даврае, ки ман ба Сантӯда сафар кардам, ӯ дар сохтмони ҳамин неругоҳ чун муҳандис фаъолият дошт. Ба воситаи домодам ман ба ин сохтмон раҳ ёфтам. Ин ҷо як асрори дигар ҳам ҳаст, ки то забони русиро хуб надонӣ, ба сохтмонҳо рафта ворид шуда, аз кори онҳо огоҳӣ ёфта наметавонӣ. Зеро тоҷикон асосан чун ёрдамчӣ ё мусоидаткунанда кор мекунанд. Дар нақбҳову агрегатҳо асосан мутахассисони рус, албатта дар "Сангтӯда 2" эрониҳо.

- Шумо муддате дар сохтмони неругоҳи Норак иштирок доштед, ҳамчунин дар Роғуну Сангтӯда ҳам. Чӣ тафовутест байни бинокори Норак, ки дар замони Шӯравӣ зиндагӣ дошт ва бинокори Сангтӯда, ки имрӯз, дар айёми истиқлол ба сар мебарад? Агар қиёсан бигирем, таваҷҷуҳи коргарони Норак ба адабиёт бештар буд ё Сангтӯда?

- Аз ин нуқтаи назар нигоҳ кунем, ба ҳар ҳол хонандагони давраи Норак бештар буданд. Тамоюл ба хондану омӯхтани осори бадеӣ бештар ба назар мерасид. Лекин набояд фаромӯш кард, ки онҳоро ба ин нукта таъна зада намешавад, ки кам мехонанду мутолиаи кам доранд. Бубинед, ки онҳо бегоҳ баъди як баст кор ба хона меоянд, мадорашон расад танҳо барои як шомхӯрӣ мерасад, баъд хоҳу нохоҳ хобашон мебарад.

Дигар фурсати мутолиа аз куҷо? Чуноне ки дар боло гуфтем, дар Сангтӯда тамоман як насли нав ба сари кор омад, яъне набераҳои ҳамонҳое, ки дар Нораку Роғун кор мекарданд. Лекин ба як чиз тааҷҷуб кардам, ки онҳое, ки дар Нораку Роғун фаъолият доштанду имрӯз ба нафақа баромадаанд, бештар ба адабиёт таваҷҷуҳ доранду мутолиаашон ҳам бештар аст.

-Баъди нашри романи "Об -рӯшноӣ" атрофаш аз ҷониби мунаққидону хонандагон сару садоҳои зиёд сар зада буд, романи "Сангтӯда"-ро хонандагону адабиётшиносон чӣ гуна истиқбол карданд?

-Дар мавриди романҳои "Об-рӯшноӣ" ва "Куҳ бе варта нест" фикру ақидаҳои хонандагону мунаққидон бештар буд. Атрофи романи "Сангтӯда" андешаҳои гуногун сар назаданд, аммо ба ҳар сурат заҳмати маро қадр карданд ва ҳамин се романро ба назар гирифта, маро муносиби унвони "Нависандаи халқии Тоҷикистон" донистанд. Гумон мекунам агар "Сангтӯда" ягон камбуди ҷиддӣ медошт, албатта эрод мегирифтанд. Аз дигар тараф ҳайрон шуданд, ки ман баъди бист соли фосила Сангтӯда рафта ин романро менависам.

-Имрӯз нигоҳи Шумо ба вазъи ҳикоя дар насри мо чӣ гуна аст?

-Дар ҳикояҳои давраи аввали истиқлол нишоне аз андеша ва тафаккури нав, ё худ нишоне аз истиқлол набуд. Кас баъди мутолиаи онҳо ҳеҷ фарқ карда наметавонист, ки онро дар замони Шӯравӣ навиштаанд ё имрӯз.

Дар ҳикояҳои баъдина ба ҳар сурат нишонаҳои давраи истиқлол бештар мушоҳида мешавад. Аммо дар аксар ҳикояҳои мо задухӯрду конфликтҳои ҷолиб дида намешавад. Имрӯз бубинед, ки садҳо рӯзномаҳое ҳастанд, ки қиссаҳои моҷарои оилавӣ ва қиссаҳое аз рӯзгори мардум чоп мекунанд. Дар ин навиштаҳо конфликту задухӯрдҳое ҳастанд, ки мураккабтар аз конфликтҳои ҳикояҳои мо ҳастанд ва ин диққати мардумро бештар ба худ ҷалб мекунад.

Баъдан дар аксар ҳикояҳои мо якрангӣ дида мешавад. Инсон ҳамеша ба як роҳ равад, ҳамон роҳ ба табиататон менишинад. Раҳматӣ Толис мегуфтанд, ки баъди ҳар як асар камаш ним сол танаффус гирифтан даркор, то шасти чизи пешинаро дар чизи нават набинӣ. Ман як дафъа Матлуба Ёрмирзоеваро маломат кардам, ки тору пуди ҳама асарҳояш як чиз, номи қаҳрамонҳо дигар мешавад, вазъият бошад ҳамон як воқеа як фоҷеа, танҳо дар муҳити дигар. Ба ин дард ҳар адиб гирифтор шуданаш мумкин.

Лекин бояд муҳиту андешаро ҳар замон дигар бояд кард. Мо санъати ҳикоянависиро бештар аз нависандагони русу аврупоӣ омӯхтаем. Шояд шумо ҳам мушоҳида карда бошед, дар ҳикояҳои нависандагони Ирон нақл бештар аст, дар ҳикояҳои мо тасвиру амал. Ин бурди ҳикояи мо аст. Аз дигар тараф, ба ҳар ҳол мо аз ҷиҳати забонӣ маҳдуд будем ва чун ба адабиёти гузаштаамон дастрасии бештар надоштем, қолаби аксар ҷумлаҳои мо русӣ буд. Гӯё тоҷикӣ гап мезадем, аммо дар асл дар қолаби синтаксиси русӣ. То ҳозир ҳам ин чиз мушоҳида мешавад.

-Сипос барои гуфтугӯи ошкоро!

 

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi