08:37:20 11-уми Октябри 2026 сол

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН: Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ба кор оғоз намуданд

Дар пойтахт марҳила ба марҳила таъминоти аҳолӣ ва иншоот бо кувваи гармӣ шуруъ шуд, ки ин иқдом ба сарфаи бузурги неруи барқ дар саросари Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

5555 TETS-SHBGDАз имрӯз дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд. Тавре маълум гардид, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт бо об пур карда шуда, барои бо гармӣ таъмин намудани тамоми 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омодаанд.

Тибқи нақша, имсол дар умум 3 ҳазору 300 бино ва иншооти гуногун дар пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд. Масъулин аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии хонаву коргоҳҳои худро бодиққат санҷида, барои қабули оби гарм омода созанд.

Сарфаи барқ ва аҳамияти стратегии лоиҳа:

- Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш меёбад. Истифодаи гармии марказӣ неруи барқро сарфа намуда, барои таъминоти устувори барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаи стратегии энергетика солҳои охир ба бунёди иқтидорҳои нав, аз ҷумла марказҳои барқу гармидиҳӣ вусъат мебахшад.

- Ин тадбирҳо барои расидан ба истиқлолияти пӯрраи энергетикӣ, сарфаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид мегузоранд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ