08:37:17 11-уми Октябри 2026 сол

Конференсияи Душанбе: Самтҳои нави ҳамкории эҷодии ҷавонони ИДМ муайян шуданд

Дар пойтахти Тоҷикистон масъалаҳои рушди соҳаҳои эҷодӣ, сайёҳӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар бахши фарҳанг мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

3333 2026-10-06 10-58-54Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба тариқи маҷозӣ (онлайн) суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Бозиҳои Делфӣ дар муаррифии қобилияти эҷодии ҷавонон, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозанд.

Муҳимтарин мавзуъҳои меҳварии конференсия:

- Кашф ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва роҳҳои ҷалби бештари онҳо ба фаъолияти эҷодӣ.

- Истифодаи имкониятҳои фарҳангии кишварҳои ИДМ барои рушди сайёҳии чорабинӣ ва муаррифии устувори кишвар.

- Истифодаи масъулиятноки технологияҳои муосир ва “Зеҳни сунъӣ” барои ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва густариши имконоти таълимӣ.

Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд ба рушди индустрияҳои эҷодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд. Дар ҷараёни ҳамоиш пешниҳодҳои мутахассисон барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкории эҷодӣ манзур гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ аз 6 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе идома меёбанд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ