09:20:05 11-уми Октябри 2026 сол

Тоҷикистону Кувайт тарҳҳои муштараки хайриявиро амалӣ мекунанд

Дар Давлати Кувайт вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо ва инчунин амалисозии тарҳҳои хайриявии муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

3 tajikistan Quveyt 1245789Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири авқоф ва умури исломии ин кишвар Муҳаммад Иброҳим Ал-Васмӣ вохӯрӣ намуд.

Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар ин вохӯрӣ роҳҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳо байни ниҳодҳои дахлдори ду мамлакат дар заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Самтҳои асосии ҳамкории Душанбе ва Кувайт:

- Густариши ҳамкориҳо дар заминаи амалисозии лоиҳаҳо ва ибтикорҳои хайриявӣ.

- Баргузории конфронсҳо ва ҳамоишҳои муштараки илмӣ.

- Муаррифии саҳму нақши бузурги донишмандони тоҷики Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ.

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат ба аҳаммияти пойбандӣ ба усули миёнаравӣ ва эътидол дар ислом махсус таъкид карданд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ