Ташаббусҳои Тоҷикистон дар СММ баҳои баланд гирифтанд
Дар шаҳри Женева масъалаҳои мубрами рӯзномаи Шурои ҳуқуқи инсон ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Намояндаи доимии кишвар дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид Сидҳарто Реза Сурёдипуро мулоқот намуд.
Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни ин вохӯрии расмӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи Шурои ҳуқуқи инсон табодули афкор анҷом доданд. Аз ҷумла, раванди баррасии масъалаҳои афзалиятнок ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи сохторҳои дахлдори СММ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Нуқтаи муҳими ҳамоиш:Дар рафти мулоқот ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Президенти Шуро ба чорабиниҳое, ки кишвари мо дар доираи иҷлосияҳои Шурои ҳуқуқи инсон дар давоми соли 2026 баргузор намудааст, баҳои баланд дод.
“Рӯзгор”
















