Дар Душанбе беҳтарин ходимони маорифро қадрдонӣ карданд
Дар пойтахти кишвар бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди маърифати ҷомеа баланд арзёбӣ шуд.
Санаи 2 октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бошукӯҳе таҳти унвони «Мақоми омӯзгор – мақоми созандагии миллат» доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ, вазорати маориф ва ходимони соҳаи илму таълим иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ зимни баромади худ ташрифовардагонро таҳният гуфта, таъкид дошт, ки бо роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифи пойтахт ба марҳилаи сифатан нав қадам гузошт. Мавсуф бо истинод ба суханони Пешвои миллат изҳор дошт: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».
Дар хабар гуфта мешавад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла, ҳамасола устодони пойтахт барои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Тошкент ва Алмато равона карда мешаванд, ки тамоми хароҷоти сафари онҳо аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида маблағгузорӣ мегардад.
Қисмати хотимавии чорабинӣ бо супоридани ҷоизаву мукофотҳои соҳавӣ хотирмон гашт:
Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе — ба як зумра омӯзгорон ва фаъолони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди маориф супорида шуд.
Нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳо — аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар ба кормандони пешқадам супорида шуд.
Қадрдонии собиқадорон — устодони собиқадори соҳаи маорифи пойтахт низ барои саҳми беназирашон дар тарбияи насли наврас эҳтиром ва қадрдонӣ шуданд.
“Рӯзгор”
















