Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
15.01.2014 11:24
1106
Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди ...
"Ҷоизаи Мустафо" (с) Нобели ҷаҳони Ислом барои ихтироъкорони мусалмон
15.01.2014 10:58
987
"Садои Хуросон" ба нақл аз шабакаи иттилоотии "Ал-олам" хабар дод, ки ахиран Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба иқдомоте зад, ки дар таърихи ин кишвар ва ҷаҳони Ислом собиқа надошт. Маблағи ним миллион доллар барои ихтирооти донишмандони ҷаҳони Ислом ҷудо шуд, ки ҳамасола кашфиётҳои нави илмиро қадрдонӣ мекунад.
Соле, ки аз Шаҳидӣ ёд мешавад
15.01.2014 10:56
1031
Қарор аст имсол дар Тоҷикистон 100-солагии оҳангсози барҷаста, ҳунарпешаи мардумӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдуллоҳи Шаҳидӣҷашн гирифта шавад. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Ҷоизаи байналмилалии олими тоҷик
15.01.2014 10:54
1108
Додихудо Саймуддинов, донишманди шинохтаи тоҷик ба дарёфти ҷоизаи байналмилалии "Манучеҳри Фарҳангӣ" мушарраф гардидааст. 10-уми январи соли равон дар ҷараёни ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷоиза дар ҳузури олимону донишмандони кишвар ба олими варзида тақдим шудааст.
"Чак-чаки борони баҳор"-и Далеру Ҷӯрабек
15.01.2014 10:52
1179
Шояд ин хабар боварнакарданист, вале шабакаҳои интернетӣ шоҳиданд, ки ин иттифоқ уфтод. Ҷӯрабек Ҷӯраеви 6-сола бо як таронаи овозхони машҳури тоҷик Далер Назаров шуҳрати беандоза касб кард. "Чак-чаки борони баҳор", аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров бо садои як писарбачаи шашсола умри дигар ёфт.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
15.01.2014 10:50
1063
Рӯзи ҷумъаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе рафт ва навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Эълони панҷ китоби ғолиб дар озмуни соли 2013
08.01.2014 12:25
1059
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни китоби беҳтарини сол, ки ахиран ҷамъбаст гардид, 5 китобро баранда эълон кардааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
08.01.2014 12:23
1162
"Спитамен Капитал", ки пештар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд буд, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Спитамен Бонк" табдил дода шуд. Акнун дар Тоҷикистон шумораи бонкҳои низоми бонкӣ ба 17 адад расид. Ҳамзамон бо ин "Спитамен Бонк" соҳиби иҷозатномаи анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣшуд.
Чароғаки солинавии Симои Мустақили Тоҷикистон
30.12.2013 17:17
1278
Симои Мустақили Тоҷикистон ба анъанаи неки худ содиқ монд. Дирӯз ҳайати эҷодии он таҳти раҳбарии Зинатуллоҳ Исмоилов дар толори ҷаласаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барномаи солинавии хешро бахшида ба фарорасии соли 2014-уми мелодӣ бо ширкати шахсиятҳои маъруфи кишвар ...
Бисту шаш соли маҳрумият аз озодии Зайд Саидов
30.12.2013 15:53
1276
Суди олии Тоҷикистон соҳибкори шинохта ва Раиси ҳизби ҳанӯз номнавинашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидовро ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум намуд. Ҳамчуноне иттилоъ дода шуд, ин 26 солро вай бояд дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид пушти сар кунад, вале то ба марҳилаи иҷро расидани ....
Шикваи Ҳошим Гадоев аз сардиву намии манзили зисташ расонаӣ шуд
30.12.2013 15:50
1299
Ҳунарманди саршиноси тоҷик Ҳошим Гадоев аз шаҳрдории пойтахт хостааст, то дар таъмири хонааш кӯмак расонад. Ҳошим Гадоев бо ирсоли нома гуфтааст, ки манзили зисташ дар ин сардиҳои зимистон аз оддитарин шароит бархӯрдор нест, деворҳояш нам кашидаву сарданд. Вай гуфтааст, ки дар ин синну сол неруе надорад аз пайи таъмири манзилаш ....
Хайри солинавии Президент
30.12.2013 15:47
1400
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар арафаи Соли нав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе ташриф овард ва ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Манбаъ мегӯяд ин сеюмин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ин мактаб-интернат дидан мекунад.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
30.12.2013 15:32
1021
Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат ду ҷониб бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар ....
Тақозои созмонҳои журналистӣ аз Рамазон Раҳимов
26.12.2013 13:40
1055
Созмонҳои хабарнигорӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26 декабр бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум карда, аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, муҷозоти омилони онро тақозо карданд.
Мактаби зимистонаи кодикологони ҷавон
26.12.2013 12:52
1201
Дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии корманди пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ Лола Додихудоева бо ҳамкории Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAS) аз 12.12.2013 то 21.12.2013 мактаби зимистонаи кадикологон (дастхатшиносони нусхаҳои қадимаи шарқӣ...
















