12:17:14 16-уми Сентябри 2026 сол
19 медали мактаббачагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ 29.01.2014 12:44 1163
Толибилмони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалии Қазоқистон, ки аз 11-ум то 18-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, бо 19 медал баргаштанд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд.
Нахустин филми тасвирии формати 3D бо ҳудудан 60 ҳазор доллар рӯи кор омадааст 29.01.2014 12:43 987
Синамогарони тоҷик аввалин филми тасвирии худро дар формати 3D бо сарфи 60 ҳазор доллари амрикоӣ рӯи кор овардаанд.
Китоби Эмомалӣ Раҳмон то Димишқ расид 29.01.2014 12:42 1466
Бино ба гузориши хабаргузории давлатии "Ховар" ду нусха аз тарҷумаи арабии китоби Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" дар 4 ҷилд тавассути Сафорати Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Китобхонаи миллии ал-Асад дар шаҳри Димишқ тақдим шуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 29.01.2014 12:41 950
24 январи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Сафорати ИМА кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро омӯзиш медиҳанд 27.01.2014 12:39 935
Муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Райан Эванс бисту се (23) корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Роҳандозии парвандаҳои махсусан муҳим», табрик намуд.
Фармондеҳи қӯшунҳои таъиноти махсуси ИМА дар Тоҷикистон 27.01.2014 11:47 1146
Имрӯз, 27 январи соли 2014 – Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Руҳонӣ хостори ваҳдати муҳаммадӣ дар мубориза барои эҳёи асолати динӣ шуд 22.01.2014 14:46 1013
Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон мегӯяд мо аз роҳҳои мухталиф ва мазоҳиби мухталиф ба дунболи як ҳақиқат ҳастем. Райиси Ҷумҳури Эрон, ки рӯзи шанбе дар дар 27-умин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон суханронӣ мекард, фармуд...
Идрорпулии ду академик ба донишҷӯён 22.01.2014 14:44 1444
Фарзандони олими шинохта, марҳум академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба гиромидошти ёду хотираи падари арҷманди худ даст ба иқдоми бесобиқа задаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд аз ҳисоби маоши худ ҳамасола барои чанд тан аз донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Айнӣ идрорпулӣ таъсис диҳанд.
Иттиҳоди журналистон осорхонаи журналистикаи тоҷикро ташкил мекунад 22.01.2014 14:41 1004
Ҳафтаи гузашта Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки барои ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик гуруҳи корӣ созмон хоҳад дод. Қарори ин ибтикор ахиран дар ҷаласаи Раёсати ИЖТ, ки бо ширкати Акбаралӣ Саттор доир шуда буд, қабул гардид.
Таъиноти нав дар вазорати мудофиа 22.01.2014 14:40 1294
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат Зариф Бобокалонов, ки кадриҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаиҶТтаъин гардид.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 22.01.2014 14:37 1227
Дар тазоҳуроти рӯзи якшанбеи Киев бештар аз 70 корманди пулис аз сангу чӯбпораи дасти эътисобгарон захмӣшуд. Дар ин гирдиҳамоӣбештар аз 100 ҳазор нафар ширкат кардан два хостори баргузории ҳамапурсӣоид ба истеъфои ҳукумат, президент Янукович, таъсиси "Радаи халқӣ"-и алтернативӣва қабули Конститутсияи нав шуданд.
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.01.2014 11:24 1106
Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди ...
"Ҷоизаи Мустафо" (с) Нобели ҷаҳони Ислом барои ихтироъкорони мусалмон 15.01.2014 10:58 987
"Садои Хуросон" ба нақл аз шабакаи иттилоотии "Ал-олам" хабар дод, ки ахиран Ҷумҳурии Исломии Эрон даст ба иқдомоте зад, ки дар таърихи ин кишвар ва ҷаҳони Ислом собиқа надошт. Маблағи ним миллион доллар барои ихтирооти донишмандони ҷаҳони Ислом ҷудо шуд, ки ҳамасола кашфиётҳои нави илмиро қадрдонӣ мекунад.
Соле, ки аз Шаҳидӣ ёд мешавад 15.01.2014 10:56 1031
Қарор аст имсол дар Тоҷикистон 100-солагии оҳангсози барҷаста, ҳунарпешаи мардумӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдуллоҳи Шаҳидӣҷашн гирифта шавад. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Ҷоизаи байналмилалии олими тоҷик 15.01.2014 10:54 1108
Додихудо Саймуддинов, донишманди шинохтаи тоҷик ба дарёфти ҷоизаи байналмилалии "Манучеҳри Фарҳангӣ" мушарраф гардидааст. 10-уми январи соли равон дар ҷараёни ҷаласаи солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷоиза дар ҳузури олимону донишмандони кишвар ба олими варзида тақдим шудааст.