Нилуфари тоҷик боз дар маркази таваҷҷуҳи озмуни дигари синамо дар Русия
12.06.2014 21:08
964
Филми "Она"-коргардони рус Лариса Садилова, ки моҳи августи соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии "Окно в Европу" беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуда буд, имсол ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии "Сталкер" дар шаҳри Курски Русияро оғоз кард.
Президент бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот кард
12.06.2014 21:07
942
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Муқбили Усмониро ба ҳузур пазируфт. Бино ба хабари дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
12.06.2014 20:54
916
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Покистон Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар 17-уми июни соли равон бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд. Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо масоили муҳими дохилӣ ва барои ҳар ду ҷониб афзалиятноки минтақаиро мавриди баҳс қарор хоҳанд дод.
Хайруллоев: "Коргардонҳои ҳодисаҳои Хоруғ дар Душанбе ҳастанд"
07.06.2014 10:51
977
Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ гуфтааст, ки коргардонҳои асосии ҳодисаҳои Хоруғ, дар Душанбе ҳастанд. Шералӣ Хайруллоев афзуд, он сенарияе дар майдон шуда ва он бозиҳое, ки дар шаҳри Хоруғ шуда гузашт ...
Маҳдуд шудани сафари дипломатҳои хориҷӣ ба Бадахшон
04.06.2014 16:05
950
Дипломатҳои ғарбӣ аз маҳдуд шудани тартиби сафари намояндагони созмонҳои хориҷиву байналмилалӣ ба Бадахшон хабар медиҳанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон инро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардааст.
Панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳалок шудаанд
31.05.2014 23:06
1210
Дар фоҷиае дар яке аз ноҳияҳои Перми Русия панҷ муҳоҷири тоҷик бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуди ангишт ҷон додаанд.Панҷ муҳоҷири тоҷик дар яке аз ноҳияҳои вилояти Перми Русия ба эҳтимоли ғолиб бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуди ангишт ҳалок шудаанд.
"Сирқати маблағҳои будҷа" - иттиҳоми нав алайҳи Зайд Саидов
30.05.2014 12:03
1152
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов, ки барои 26 сол маҳкум ба зиндон шудааст, иттиҳоми нав эълон кард. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 30 май дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки муфаттиши Оҷонсӣ дар таърихи 28 май вакилони ...
Додситонӣ ба Бадахшон кадрҳои нав мефиристад
30.05.2014 11:56
1149
Бино ба гузоришҳо, Додситонии кулл гуфтааст, мумкин аст, ки теъдоде аз кормандони додситонии вилояти Бадахшонро барои кор ба дигар минтақаҳои кишвар бифиристанд ва ба ҷойи онҳо муфаттишони навро ба кор бигиранд.
Навҷувонов бо эътирозгарони Ишкошим мулоқот кард
27.05.2014 23:07
1012
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ки тайи ним соат мулоқоти Абдуллоҳ Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ бо мардуми эътирозгар доир шуд. Маҳмадсахӣ Азизхонов, раҳбари дастгоҳи раиси ҳукумати ...
Ҷавоби "муҷоҳидини тоҷик дар Сурия" ба Ҳоҷӣ Мирзо
27.05.2014 11:11
1724
Нафаре аз ин ҷавонон, ки зоҳиран раҳбари гурӯҳ аст, бо лаҳни тунд Ҳоҷӣ Мирзоро интиқод кардааст, ки гуфтааст, дар Сурия ҷиҳод нест: «Гуфтаст, ки дар ин ҷо ҷиҳод нест, хондем суханҳояшро.
Хоруғ. Эътирози "ҷомеаи шаҳрвандӣ" аз матолиби расонаҳои давлатӣ
27.05.2014 11:09
1022
Намояндагони «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Хоруғ мегӯянд, ки онҳо имрӯз дар вокуниш ба нашри мақолаву гузоришҳои интиқодӣ дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ доир ба ҳодисаҳои Бадахшон, эътироз хоҳанд бурд.
Додгоҳи олӣ ҳукми Зайд Саидовро бетағйир монд
24.05.2014 09:43
1062
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 23-юми май ба мо гуфт, ки Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи мувақатӣ ё худ СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) мурофиаро баргузор кард ва ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидовро бетағйир гузошт.
Душанбе ҳамла ба дипломати тоҷик дар Қундузро тасдиқ кард
17.05.2014 12:38
1024
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона ба як дипломати тоҷик дар шимоли Афғонистонро таъйид кард. Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 17 май дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳамла ба ҷони Рустам Маҳмудӣ ...
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Китобҳое, ки амрикоиҳо бояд нахонанд
15.05.2014 17:13
1070
Дар ИМА рӯйхати китобҳои баҳсталаб интишор шуд ва чанд китобе шомили он гардид, ки амрикоиҳо бояд нахонанд. Аммо имсол қатори чанд асари дигар китоби барандаи ҷоизаи Нобел низ ба ин рӯйхат дохил карда шудааст.
Иди Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
09.05.2014 08:49
1398
Имрӯз дар сар то сари ҷаҳони мутамаддин иди Рӯзи Ғалабаи халқи советӣ бар Германияи гитлериро ҷашн мегиранд. Дар ҳамин рӯз расо шасту нуҳ сол муқаддам Ливои зафар ба лонаи фашистон Рейхстаг афрошта шуд. Ин ғалаба ба осонӣ ба даст наомада буд. Ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар он саҳим буданд.
















