11:02:27 15-уми Сентябри 2026 сол
Сиддиқи Шабоб мегӯяд сурудаш таронаи Наврӯзи байналмилалӣ шавад 24.04.2014 12:07 1301
Аз вижагиҳои озмуни байналмилалии "Ҷило-2014" ширкати ҳунармандоне буд, ки бо пешниҳодоти ҷолиб вориди саҳна шуданд.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон 24.04.2014 12:04 1426
Габриэл Гарсиа Маркес, яке аз шинохтатарин адибони охири қарни ХХ ва аввали асри ХХI баъди бемории дурудароз аз олам даргузашт. Ҳанӯз соли 1999 табибон эълон карда буданд, ки рӯзҳои ҳаёти Маркес хеле кам мондаанд, чун адиби оламшумул гирифтори бемории саратон буд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 24.04.2014 12:00 1221
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои колумбиягии худ Хуан Мануэл Сантос дар робита ба даргузашти нависандаи маъруф, дорандаи ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Задорнов аз хонааш маҳрум мешавад? 15.04.2014 21:35 1080
Ҳаҷвнигори шинохтаи рус Михаил Задорнов барои пуштибониаш аз Путин дар мавриди Қрим метавонад аз ҳақи истиқомат дар Латвия маҳрум шавад. Рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи зеркомиссияи парламонӣ оид ба муттаҳидии ҷомеа маводҳои иқоматии Задорнов дар Юрмала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Чопи китоби дуюми "Сармаддеҳ"-и Баҳманёр дар Душанбе 15.04.2014 21:32 1211
Дар муассисаи интишоротии "Истеъдод"- и шаҳри Душанбе китоби дувуми "Сармаддеҳ"-и нависандаи шинохтаи тоҷик Баҳманёр аз чоп баромад. Китоб 25 ҳикояи нави адиби шинохтаро дар бар мегирад ва муҳтавои ҳикояҳо сарнавишти одамон ва сокинони ҳамон деҳаи куҳистониест, ки дар тахайюли адиб ҷой гирифтааст.
Ройзании фарҳангии Эрон озмуни нав эълон кард 15.04.2014 21:30 1151
Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз эълони озмуни мақолоти беҳтарин ба муносибати бузургдошти Саъдии Шерозӣ хабар дод. Ройзанӣ аз ҳама хоҳишмандон хостааст мақолоти худро дар ин мавзуъҳо ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 130 (дафтари ройзанӣ) ирсол кунанд...
"Авесто" дар фестивали ҷаззи Бишкек ширкат мекунад 15.04.2014 21:29 959
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сафорати Швейсария дар Қирғизистон ҳукумати Швейсрия ширкати ду гуруҳи ҳунарӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон- Meatology ва "Aвесто"-ро дар фестивали байналмилалии "Ҷазз-Бишкек-Баҳор" маблағгузорӣ кардааст. Қарор аст фестивали ҷазз таҳт шиори "Мусиқӣ бидуни марз"дар бинои Филармонияи миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 19 апрел оғоз гардад.
Дар Фархор 7 хуми бузург кашф шудааст 15.04.2014 21:27 1140
Бостоншиносони тоҷик аз кашфи 7 хуми ба андоза бузург дар қаламрави ҷамоати деҳоти Саксанохӯри ноҳияи Фархор хабар доданд. Гуфта мешавад, ки ин хумҳо то як метр дарозӣ дошта, дар дохилашон ашёҳои ороишӣ, устухонҳои инсон ва зарфҳои хурде, ки эҳтимол меравад обгирӣ буданд, ёфт шудааст. Тахмин меравад, ки ин хумҳо шояд ....
Интиқоди Ватикан аз "Нӯҳи набӣ" 15.04.2014 21:24 1009
Ватикан филми "Нуҳи набӣ"-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод ва онро "то ҳадди зиёде аз ривояти китоби муқаддас дар бораи ҳазрати Нӯҳ (а) фосила гирифта" хонд. Ба гузориши Hollywood Reporter, рӯзномаи Avvenire (чопи Ватикан) чун мавзеъгирии расмии Ватикан филмро "як фурсати аздастрафта ва Нӯҳи бидуни Худо" номид.
Таъиноти нави кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон 15.04.2014 21:22 1059
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон баъди зуҳри рӯзи 10-уми апрели соли равон Сардори давлат як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Вазорати тандурустӣ, Хадамоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовар, Академияи илмҳо ва дигар идораю муассисаҳо ворид карда шуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 15.04.2014 21:19 1143
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли равон 2,4 фоизро ташкил дод ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ зиёд аст. Таҳлили тағйирёбии ин нишондиҳанда баёнгари он нукта аст, ки дар 12 моҳи охир сатҳи таваррум 4,8 фоизро ташкил карда, дар ....
Ҷашни Наврӯз дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон 11.04.2014 09:19 1087
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 9 - уми апрели соли равон дар қароргоҳи ин Сафорат воқеъ дар Теҳрон барномаи наврӯзиеро бо ширкати сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон, мақомоти баландпояи эронӣ, донишҷӯён ва тоҷикони муқими Эрон баргузор намуд.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон 10.04.2014 20:50 1100
Президенти академияи маорифи Русия ва президенти донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, адабиётшинос Людмила Вербитская бар ин назар аст, ки аксари кулли сокинони ин кишвар аслан китоб намехонанд. "Тибқи як назарсанҷӣ соли 2012 35 дар сади сокинони Русия китоб ба даст нагирифтаанд.
Барзу "Дон Жуан"-ро ба саҳнаи қирғиз овард 10.04.2014 20:45 983
Рӯзҳои 18-20 апрели соли равон дар театри давлатии русӣ-драмавии ба номи Чингиз Айтматови шаҳри Бишкек нахустнамоиши "Дон Жуан", ки аз рӯи асари ҳамноми Молйер коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов ба саҳна гузоштааст, баргузор мешавад.
600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар рӯзи забон таҷлил мешавад 10.04.2014 20:43 1506
Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми октябри соли 2014 баргузор мешавад. Бино ба иттилои кумитаи тадорукоти баргузории ҷашнвора ахиран созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро дар мавриди дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил кардани 600-солагии ин шоири нобиғаи тоҷикро пазируфта буд.