08:36:39 11-уми Октябри 2026 сол

Буҷети оила: Чӣ тавр бояд сарфа кард?

Бисёре аз мо дар охири моҳ бо як саволи даҳшатнок рӯ ба рӯ мешавем: «Пулҳои ман ба куҷо рафтанд?» Гӯё нав маош ё пули интиқолкардаро гирифта будем, аммо дар як мижа задан “кошелёк” холӣ шуд. Мушкилӣ бештар вақт дар камии даромад нест, балки дар набудани фарҳанги банақшагирии хароҷот аст. Сарфакорӣ — ин маънои худро аз ҳама чиз маҳрум карданро надорад, балки ин санъати дуруст ва оқилона тақсим кардани пул аст.

bujeti oila 569845124545Биёед, формулаҳои тиллоии иқтисоди хонаводаро, ки рӯзгори шуморо аз бӯҳронҳои молиявӣ наҷот медиҳанд, баррасӣ кунем.

Қоидаи «Изи пул»: Хароҷотро назорат кунед

Шумо наметавонед чизеро, ки ҳисоб намекунед, сарфа намоед. Қадами аввал дар иқтисоди оилавӣ — ин навиштани ҳар як сомонии хароҷот аст. Тӯли як моҳ ҳатто пули нон, роҳкиро ва сақичи барои кӯдак харидаатонро қайд кунед.

Имрӯз барои ин кор дафтарча ҳам шарт нест. Шумо метавонед аз барномаҳои махсуси телефонӣ (ё оддӣ дар блокноти телефон) истифода баред. Дар охири моҳ шумо ҳайратзада хоҳед шуд, ки чӣ қадар пули калон барои чизҳои майда-чуйда ва нолозим сарф шудааст. Инро равоншиносон «хароҷоти эҳсосӣ» меноманд.

Формулаи тиллоии 50/30/20

Барои он ки буҷети оила устувор бошад, иқтисоддонҳо тавсия медиҳанд, ки даромади умумии худро (маош, даромади тиҷорат ё муҳоҷират) ба се қисм тақсим кунед:

  • 50% — Хароҷоти ҳаётан муҳим: Ин пул барои хӯрокворӣ, пули барқ ва об, доруворӣ, роҳкиро ва таҳсили кӯдакон аст. Ин қисмро кам кардан хеле мушкил аст.
  • 30% — Хароҷоти шахсӣ ва хоҳишҳо: Ин маблағ барои меҳмонӣ рафтан, харидани либоси нав, тамошои синамо, тӯҳфаҳо ва дигар чизҳоест, ки зиндагиро ширин мекунанд, аммо бе онҳо ҳам зинда мондан мумкин аст. Маҳз ҳамин қисм заминаи асосии сарфакориро ташкил медиҳад.
  • 20% — Пасандоз барои оянда: Ин пулро ҳатман ҳамон рӯзи гирифтани даромад ҷудо кунед (на дар охири моҳ аз пули боқимонда). Ин "болишти амниятӣ"-и оилаи шумо барои рӯзҳои душвор (беморӣ, бекорӣ) ё сармоягузорӣ барои харидани хонаву мошин аст.

3 "лайфҳак"-и оддӣ барои сарфаи ҳаррӯза

  • Ба мағоза танҳо бо рӯйхат равед: Ҳеҷ гоҳ гурусна ба бозор ё супермаркет наравед. Маркетологҳо ҳама чизро чунон ҷобаҷо мекунанд, ки шумо беихтиёр чизҳои нолозимро мехаред. Рӯйхат шуморо аз хароҷоти зиёдатӣ ҳифз мекунад.
  • Хӯроки хонагӣ ба ҷои кафе бару ошхона: Одати ҳаррӯза кабобу фастфуд хӯрдан дар вақти корӣ буҷетро зуд холӣ мекунад. Омода кардани ғизо аз маҳсулоти хонагӣ то 3 маротиба арзонтар ва барои саломатӣ фоидаовартар аст.
  • Иқтисоди коммуналӣ: Одати оддии хомӯш кардани чароғҳои зиёдатӣ ва дуруст истифода бурдани асбобҳои барқӣ метавонад пули барқи хонаи шуморо то 15-20% кам кунад.

Роҳҳои пайдо кардани даромади иловагӣ

Агар сарфакорӣ ҳам кифоят накунад, пас бояд ба зиёд кардани даромад фикр кард. Дар асри рақамӣ имкониятҳо зиёданд:

  • Истифодаи технология: Агар шумо компютер ё телефон дошта бошед, метавонед тавассути асбобҳои зеҳни сунъӣ матнҳоро тарҷума ё хулоса кунед, нақшаҳои хӯрокро аз маҳсулоти боқимонда созед ё фарҳангҳои нави касбиро омӯхта, дар сомонаҳои фриланс кор ёбед.
  • Хизматрасонии хонагӣ: Рӯзҳои истироҳат касбҳои иловагӣ (дӯзандагӣ, пухтани шириниҳо барои тӯйҳо, омода кардани кӯдакон ба мактаб) метавонанд манбаи хуби пули нақд шаванд.

Хулосаи рӯзгор

Буҷети оила мисли киштӣ аст. Агар сӯрохиҳои хурди онро сари вақт набандед, киштӣ ғарқ мешавад. Санъати молиявиро омӯзед ва рӯзгори худро устувор нигоҳ доред...

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ