08:36:29 11-уми Октябри 2026 сол

САНГ ДАР БАҒАЛ!

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ бозори гарм доранд. Фазое, ки чанд сол пеш ҷои дастрасӣ ба маводи хуби хонданӣ буд, имрӯз ба майдони таҳқиру тавҳин табдил ёфтааст. Дар бораи ТикТок ва Инстаграм ҷои гап нест; он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

sang dar baghal 45547845Фейсбукро чӣ бало шуд?! Ҳар вақте мавзӯи ба миён меояд, дарҳол аз таги замин шарҳнависон ва экспертҳои пушти экран пайдо мешаванд. Мутаассифона, аксари чунин шарҳнависону экспертҳои пушти экран бо номҳои қалбакӣ ворид шуда, мавзӯро тарк карда, ба шахсияти шахсе ҳамла мекунанд, ки дар ин мавзӯъ назари дигар дорад. Охир, эй бандаи Худо, ту назари худро гуфтӣ; касе ба он эътироз накард. Ин маънои онро надорад, ки сад дар сад ҳақ ба ҷониби туст. Пас вақте назари дигареро дидӣ, мард бошу инсон шав ва ба дидгоҳи ӯ эҳтиром гузор, ҳарчанд дидгоҳаш мухолифи дидгоҳи ту бошад. Навиштани ҳарфҳои қабеҳ зери шарҳи ӯ ва таҳқири шахсияти ӯ ва авлоду аҷдодашро касе ба ту иҷозат надодааст. Агар дар воқеъ инсон бошӣ, пас бояд мисли инсон муносибат намоӣ. Ин гуфтаҳо маҳз он андарзҳоеро ба ёд меоваранд, ки бузургони мо асрҳо пеш гуфтаанд. Саъдии Шерозӣ, ки ӯро «муаллими ахлоқ» меноманд, фармудааст:

«Биё то марази бадӣ тарк кунем,

Ба некӣ саранҷом тартиб кунем».

Ӯ дар «Гулистон» хислатҳои хуби инсониро ситоиш карда, хислатҳои бади инсониро танқид ва маҳкум менамояд. Ҳамон хислатҳои бад, ки имрӯз дар шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё ба «қаҳрамонӣ» табдил ёфтаанд. Аз ҳама дардовартару аламовараш ин аст, ки садҳо, шояд ҳазорҳо нафар ҳамин комментарияро хонанд ва яке нест, ки бигӯяд: «Бародар, аз ҳад нагузар, ба ҳарими шахсии касе ворид нашав». Баръакс, онро лайк мегузоранд ва худи он шахсро масхара мегардонанд.

Омадани ҳаҷвнигор Галустян далели ин гуфтаҳост. Дидем, ки баъзе ба ном «псевдопатриотҳо» чунон худро ҳомии Ватан мегиранд, гуё ба ҷуз онҳо касе ин Ватанро дӯст намедорад. Аммо ба гузаштаву имрӯзаи онҳо назар кунем, мебинем, ки танҳо дар даҳон ватандӯстанд, санг дар бағал; дар амал бошанд, сифр.

Ҳаким Фирдавсӣ дар ин бора огоҳӣ додааст:

«Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

Дусад гуфта чун ними кирдор нест».

Ва боз таъкид мекунад:

«Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем».

Яъне ватандӯстӣ фидокорӣ ва амал мехоҳад, на танҳо гуфтору даъво. Фирдавсӣ худаш бо «Шоҳнома»-и худ намунаи олии ватандӯстиро нишон дод. Ӯ дар тарбияи ватандӯстии кӯдакону ҷавонон нақши оила ва падару модарро омили асосӣ мешуморад.

Баъди дидани чунин манзараҳо одам ба фикр меафтад: мо ба куҷо равон ҳастем?! Оё ин наметавонад дар оянда ҷомеаро пароканда ва вазъиятро ноором созад?! Сад дар сад метавонад. Носири Хусрав дар ин бора ҳушдор медиҳад:

«Ҳон, аз он гурӯҳ мабош, ки дар ҷаҳон,

Чун гов мехӯранду чу гургон ҳамедаранд».

Ин маъно дар асарҳои аксарияти шоирони мо дида мешавад. Онҳо халқро аз парокандагӣ ва бадбинию бадгумонӣ барҳазар медоранд. Пас, вақте ки ин метавонад ҷомеаро пароканда созад, чӣ бояд кард?!

Ҷавоб хеле оддӣ ва содда аст. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классикии тоҷик, панду андарзҳое дорад, ки то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардидани дилҳо хизмат менамоянд. Ӯ мефармояд:

«Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ».

Профессор Фарҳод Раҳимӣ дуруст таъкид кардааст, ки «тамоми ашъори Рӯдакӣ панд, ахлоқ ва зебоипарастӣ буда, ҳеҷ гоҳ дар ягон давру замон кӯҳна намешавад». Ба гуфтаи ӯ, бадтарини мушкилоти имрӯзи ҷаҳон мушкилоти ахлоқӣ мебошад, ки рӯз аз рӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вусъат гирифта, таҳдиде ба худи инсоният аст. Дар ин замина ҳар панду ҳикмати Рӯдакӣ сармашқи кори ҳар як инсони соҳибдилу соҳибақл бояд бошад.

Аз ин рӯ, аз Худо битарс ва аз доираи инсонӣ берун набаро. Дониста бош: ҳар амале, ки анҷом додӣ, хоҳ-нохоҳ мунтазири подошаш бош!!! Ҳамон тавре ки Саъдӣ фармудааст:

«Ба ҳар кор дар пеша кун ростӣ,

Чу хоҳӣ, ки нангзарадат костӣ».

Субҳиддини Султон, “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ