09:02:22 27-уми Сентябри 2026 сол
Дар мактабҳо дарси "ахлоқи ҷинсӣ" ҷорӣ мешавад 25.02.2015 22:32 1288
Парлумони Тоҷикистон ризоият дод, ки дарси ахлоқи ҷинсӣ ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо ворид шавад. Намояндагони маҷлис мегӯянд, ҳадаф огоҳ кардани наврасон аз бемориҳои ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлҳои номатлуб аст.
Номаи тунди 4 идораи роҳдории Душанбе ба ТВ давлатӣ 25.02.2015 22:28 1232
Раҳбарони соҳаи роҳдории Душанбе аз Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон хостаанд, пахши гузоришҳои "боғараз" ва "ғайримунсифона" дар бораи роҳҳои пойтахтро бас кунад.
Қирғизистон роҳҳояшро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад 25.02.2015 22:26 1178
Бонки ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои сохтани роҳе, ки бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, 45 миллион доллар додааст.
Чоловҳо: 5 нафар дар пушти панҷара 24.02.2015 07:40 1250
Мақомоти умури дохила дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршо Чолов, бародари Қурбони Чол, фармондеҳи пешини Фронти халқиро бо гумони нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт боздошт кардаанд.
Нирӯҳои "Хосадор"-и Покистон ду тоҷикро озод карданд 24.02.2015 07:34 1143
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷумъаи гузашта барои вуруди бидуни иҷозаи ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар боздошт буданд, рӯзи 23 феврал раҳо шуданд.
Некӣ бимонад ҷовидон. Амри хайри Ситора Азимӣ 24.02.2015 07:32 1417
Овозхони тоҷик Ситора Азимӣ ташаббусеро бо номи "Некӣ бимонад ҷовидон" ба роҳ андохтааст, ки ҳадафаш бо иҷрои ягон кори амалӣ ёрӣ расондан ба пирону дармондагон аст.
Ҳероин. Дар коляска, дар бадани кӯдак ва ҳатто дар ... лонаи гург 23.02.2015 11:45 1203
Пулиси Русия аз боздошти ду зан бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Тамбов хабар дод ва гуфт, ин занон дар ин пеша кӯдакони хурдсоли худро ҳамчун сипар истифода мебурданд.
Нафси бад дар як сол сари 129 мансабдорро "хӯрдааст" 23.02.2015 11:43 1291
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдори тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақом барканор шудаанд.
Овезаҳои таблиғотии аҳзобро кӣ бармечинад? 23.02.2015 11:42 1259
Бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар шикоят доранд, ки овезаҳои таблиғотиашон дар шаҳру навоҳӣ аз сӯи афроду гурӯҳҳои номаълум пора карда мешаванд. Аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар ин росто шикояте дарёфт накардаанд.
Додгоҳи Душанбе дархости раҳоии Ҷамолиддин Маҳмудовро рад кард 20.02.2015 21:43 1323
Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси думоҳаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дуруст шумурд.
Душанбе шикояти маҳбусони афғонро рад кард 20.02.2015 21:39 1264
Як масъули баландпояи раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20 феврал дар тамос бо мо, иддаои бархе аз зиндониёни афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистонро, ки гӯё ба онҳо расидагии дуруст сурат намегирад, такзиб кард.
Боздошти сарбози пойгоҳи Русия "барои латту кӯби таксист" 19.02.2015 19:55 1247
Як сарбози пойгоҳи 201 барои латту кӯби Дилшод Хушов, сокини Душанбе боздошт шудааст. Вале масъулони пойгоҳ мегӯянд, ҳанӯз таҳқиқот ба анҷом нарасида, маълум нест, моҷароро кӣ сар кардааст.
Мансабдори тоҷик дар парвандаи никоҳи духтари ноболиғ 18.02.2015 23:04 1548
Алайҳи як мақоми давлатӣ дар Истаравшан бо иттиҳоми ба духтари ноболиғ хонадор кардани писараш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Як масъули Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоати Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан барои оиладор кардани писараш ...
Ба мардум бояд 13 соат барқ бидиҳанд. Шурӯъ аз 16 феврал 17.02.2015 07:41 1144
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал дастур дод, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии кишварро бо дастикам 13 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин кунанд.
Узбакистон роҳи оҳанашро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад 17.02.2015 07:32 1208
Бонки ҷаҳонӣ бар Узбакистон барои сохтани роҳи оҳани барқие, ки вилоятҳои водии Фарғонаро бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилоятҳои дигари он кишвар мепайвандад, 195 миллион доллар ҷудо кардааст.