02:12:16 27-уми Ноябри 2026 сол

Хазина аз

Олимпиадаи Сочи: машъали олимпӣ фурӯзон шуд Ҷавонон ва варзиш 12.02.2014 12:57 1588
Рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал дар шаҳри Сочи маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ барпо гардид. Ин маросими пуршукӯҳро, ки бо ҳузури беш аз 40 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи "Фишт" баргузор шуд, зиёда аз 3 миллиард одамон тавассути телевизион тамошо карданд.
Дар Конибодом ансамбли "Мақомхонони наврас" эҳё шуд Хабар 12.02.2014 12:55 969
Бо ташаббуси номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд ансамбли "Мақомхонони наврас" муҷаддадан эҳё шуд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар Минск китоби Ато Ҳамдам муаррифӣ шуд Хабар 12.02.2014 12:54 1080
Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон, дабирхонаи марказии ИДМ ва вазорати иттилооти Беларус дар шаҳри Минск ҳамоиши Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистону Беларус доир шуд Дар ин бора ба "Рӯзгор" журналисти тоҷики муқими Белорус Абдулғаффори Камол, ки барандаи ин ҳамоиш буд, хабар дод.
Боғшоҳи Лашкарбек дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд Хабар 12.02.2014 12:51 961
Боғшоҳи Лашкарбек, як тан аз олимон ва забоншиносони барҷастаи тоҷик, ки ахиран бар асари беморӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашта буд, дар зодгоҳаш деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим бо ҳузури густардаи мардум, ҳамкорони собиқ, ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукумати вилоят ба хок супурда шуд. Ҷанозаи ӯро 5 феврал ба ....
Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ бо Милош Земан мулоқот кард Хабар 12.02.2014 12:48 952
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан дар Сочӣ иттилоъ дод.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт Хабар 12.02.2014 12:45 1028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дафтари матбуоти сарвари давлат хабар дод, ки дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Муҳокимаи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ Хабар 08.02.2014 15:16 1260
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини гурӯҳи якҷояи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ доир гардид.Дар ибтидо раиси гурӯҳ, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Аз нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар Сиёсат 08.02.2014 12:31 1340
Соли 2013 дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7176 бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 198 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, гуфта шуд дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 6-уми феврали соли 2014 роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ барпо кард.
HRW хостори раҳоии Зайд Саидов ва таҳқиқи бетарафона шуд Сиёсат 08.02.2014 12:26 1134
Созмони ҳуқуқи башар рӯзи 7-уми феврал бо интишори як баёния, маҳкумияти Зайд Саидовро нақзи озодии баён ва демократия хонда, даъват кардааст, ки ин соҳибкор бояд бидуни таъхир раҳо шуда ва дар қазияи ӯ таҳқиқи бетарафона сурат бигирад.
Теғи ҷарроҳӣ ба дасташ дод… Иҷтимоъ 07.02.2014 15:47 1322
Он рӯз пушти дари ҳуҷрае қарор доштам, ки дохили он амалиёти ҷиддие мерафт. Яъне табибон дар талоши наҷот додани ҳаёти як нафар ҳамдиёрамон буданд. Аз хоҳари шафқат фаҳмидам, ки масъулияти асосиро дар ин амалиёт ҷарроҳи дараҷаи олӣ Раҳмоналӣ Алимардонов ба уҳда дорад.