Хазина аз
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Ҷоизаи Линдгрен ба Линдгрен
Хабар
03.04.2014 20:03
973
Адиби шинохтаи швед Барбару Линдгрен созовори ҷоизаи Астрид Линдгрен шуд. Барбару Линдгрени 77-сола аз ҷумлаи шинохтатарин нависандагони Шветсия буда, асарҳояш бо беш аз 30 забони сокинони олам тарҷума ва нашр шудаанд. Моҳи октябри соли гузашта барои дарёфти ҷоизаи Астрид Линдгрен аз 68 кишвари олам 238 асар пешниҳод гардид.
Се довталаби ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ
Хабар
03.04.2014 19:59
1065
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эълон кардааст, ки адабиётшинос Атахон Сайфуллоевро барои асарҳои сеҷилдаи "Уфуқҳои тозаи наср" ва шоир Мирзо Файзалиро барои китоби "Гулхори чида-чида" ба дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод кардааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
Хабар
03.04.2014 19:57
1051
Бар асари роҳандозии як силсила амалиётҳои фаврӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафарро барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Тавре Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ниҳод ба "Рӯзгор" гуфт, дар амалиёти аввал, ки дар ноҳияи ба номи Ҷомии вилояти Хатлон сурат гирифт 5 нафар сари тиҷорати ....
Парванда алайҳи бозори "Саховат"-и Кабирӣ
Сиёсат
03.04.2014 13:18
1288
Додгоҳи иқтисодии ноҳияи Турсунзода бар асоси даъвои Оҷонсии зидди корупсия ба баррасии парвандаи бозори «Саховат», воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ, таалуқ доштааст оғоз намуд.
Афзоиши қарзҳо ва идомаи лимити "Барқи тоҷик"
Иҷтимоъ
03.04.2014 13:15
1100
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» мегӯяд, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ дубора рӯ ба афзоиш оварда, ба 409 миллион сомонӣ, муодили 82 миллион доллар расидааст.Дафтари матбуоти нерӯгоҳи обию барқии «Сангтуда-1» рӯзи 3-юми апрел ба мо гуфт ...
«Ҳемануела», Ҳасани Чилла» ва … КВН
Адабиёт ва фарҳанг
31.03.2014 11:43
2768
Азрӯзе, киҲасаниЧилла "хит"-инавбатиихудротавассутибарномаи "Ҳазлниюш"-иТВрӯикоровард, дарроҳубероҳаҳо, махсусан байни ҷавонону наврасон дар мактабҳо суруди "Ҳемануела" мӯд гаштааст. Ин албатта муваффақияти Ҳасани Чилла аст, ки "хит"-ҳояш мисли коҳи хушк дар як дам аланга мегирад-ба дили аксарияти наврасону ҷавонон роҳ меёбад.
Асолати таърихии миллат бояд таъкид ба таъкид мақола шавад
Аз ҳар мавзуъ
31.03.2014 11:38
2627
Ҳафтаи наврӯзӣ доштем ва имсол дар Тоҷикистон расман 6 рӯз истироҳат эълон шуда буд. Ва бо вуҷуди он ки мардум ҷашн доштанду сайри Наврӯз, вале боз фурсат пайдо карданд, то нома ирсол кунанд ва ё ҳаддиақал бо занги телефонӣ андешаҳои худро дар бораи муҳтавои шумора баён доранд, ки аз ин ....
Таъсиси Покистон низ дар наврӯз аст
Таърих
31.03.2014 11:35
2024
Расо 74 сол пеш 23 марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳури онвақта Ҳиндустони Британӣ (мустамликавӣ) ҳамоиши мусулмонони нимҷазираи Ҳинд баргузор шуд. Иштирокчиёни ҳамоиш якдилона ба қароре омаданд, ки дар нимҷазираи Ҳинд давлати мустақили мусулмононро таъсис диҳанд.
Мусулмонони Миянмор дар байни обу оташанд!
Равзана ба ҷахон
31.03.2014 11:31
1516
21-уми марти соли ҷорӣ Созмони афви байнулмилал бо интишори як баёния қатлу куштор ва шиканаҷаву ҳамлаҳои гуногуни будоиёни ифротгаро ва мақомоти амниятии давлати Миянмор алайҳи мусалмононро маҳкум кард. Дар баёнияи ин созмони байнулмилалӣ, ки шабакаи хабарии "Алҷазира"-и Қатар онро пӯшиш дод, омадааст ...
Пурсишеву посухе: «Пешсафии фаронсавиҳо дар таҳияи филм»
Аз ҳар мавзуъ
31.03.2014 11:28
2563
Бале, дуруст аст. Дар соли 1910 70 дар сади филмҳои ҷаҳон дар Фаронса тавлид мешуданд. Аммо дар ин солҳо дар мамолики дигар, аз ҷумла дар ИМА, Олмон ва Британияи Кабир низ санъати кино рӯ ба рушд меовард. Дар он солҳо давомнокии филмҳо на бештар аз 15 дақиқа буданд.
















