23:14:23 26-уми Ноябри 2026 сол

Хазина аз

Сокинон дар Хатлон: Ба "бечораҳо" замин намерасад Иҷтимоъ 23.01.2015 19:39 1266
Дар ҳоле, ки даҳҳо тан аз сокинони Хатлон аз мавориди ришваситонӣ ва фасод дар тақсими замин аз сӯи масъулон сӯҳбат мекунанд, мақомоти Кумитаи заминсозӣ дар ин минтақа ин иддаоҳоро рад мекунанд.
Тоҷикистон даргузашти шоҳи Саудиро тасаллият гуфт Равзана ба ҷахон 23.01.2015 19:38 1397
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргузашти подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ бин Абдулазиз Оли Саудро тасаллият гуфт. Малик Абдуллоҳ шаби гузашта пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 90 дар Риёз даргузашт.
Эътирози тоҷирони Кӯлоб дар назди бинои ҳукумат Хабар 23.01.2015 19:36 1116
Ҳудуди 50 нафар тоҷирони фурӯшгоҳиқисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар маркази савдои “Лола”-и Кӯлоб ба нишони эътироз аз амалкарди раҳбарони ин бозор, аз ҳукумати шаҳр хостори мусоидат шуданд.
Боздошти як муаззин дар Панҷ бо гумони таҷовузи духтари 6-сола Хабар 23.01.2015 19:35 1385
Як муаззини 73-сола аз ноҳияи Панҷ бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 6-сола дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ин иттиҳом ҷузъи ба ном маъракаи бадномкуниии рӯҳониён нест, балки воқеият дорад.
Марзбонони тоҷик: Ҳамлаи "Давлати исломӣ" як воҳима аст Иҷтимоъ 22.01.2015 11:11 1162
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон таҷаммӯи гурӯҳҳои гӯё марбут ба “Давлати исломӣ” дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро “хатари ҷиддӣ” намедонанд. Дастикам дар марҳалаи кунунӣ. Мақомҳои баландпояи Афғонистон мегӯянд, дар Бадахшони Афғонистон...
Амирулло Асадулло: "Аз бекорӣ ба Сурия мераванд" Иҷтимоъ 22.01.2015 11:09 1340
Мақомоти қудратии вилояти Хатлон сабаби пайвастани ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ ва ҷангидани онҳо дар Сурияро дар ноогоҳӣ аз Ислом ва “роҳгум задан” мебинанд, аммо Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа гуфт, ки як омили ба Сурия рафтани ҷавонони хатлонӣ набуди ҷои кор аст.
ВКД истирдоди "дасти рост"-и У.Қувватовро рад мекунад Иҷтимоъ 22.01.2015 11:07 1104
Мақомоти Тоҷикистон истирдоди Мақсуд Иброҳимов, яке аз ёрони раҳбари “Гурӯҳи 24” УмаралӣҚувватов аз Маскав ба Душанберо рад мекунанд. Аммо наздикони Иброҳимов иддао доранд, ки ӯро шаби 20 ба 21 январ ба Душанбе бурдаанд.
Муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст? Муҳоҷират 22.01.2015 11:06 2096
Русия, ки ин шабу рӯз бо таҳримҳои ҷорикардаи Ғарб дасту панҷа нарм мекунад, бо қабули қонунҳои нав дар оғози соли ҷорӣ кори муҳоҷиронро низ мушкилтар кардааст. Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, акнун барои кор ба Қазоқистон мераванд...
Бераҳмӣ... Мӯи сари Шабнамро кӣ тарошид? Иҷтимоъ 22.01.2015 11:04 1294
Мижгона Латипова, як сокини 25-солаи Ёвон ба рабудан, латтукӯби бераҳмона ва ҳатто тарошидани мӯи сар ва абрӯвони дугонааш "аз рӯи хусумати шахсӣ" айбдор мешавад.Вақте овоза шуд, ки Шабнам гум шудааст, касе гумон намекард, ӯро шиноси худаш латту кӯб кардаву ...
7 акси Э.Раҳмон дар саҳифаи аввали "Женмин Жибао" Сиёсат 22.01.2015 11:03 1167
Бино ба як "раддабандӣ", аксҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта 7 бор саҳифаи авввали "Женмин Жибао" - рӯзномаи асосии Чинро "зеб" додаанд.