22:53:53 26-уми Ноябри 2026 сол

Хазина аз

Ҳабси қасру виллаи Гулнора Каримова дар Фаронса Равзана ба ҷахон 14.02.2015 22:16 1345
Мақомоти Фаронса як қасру манзил ва кӯшки Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистонро, ҳабс кардаанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуда, ки худи ӯ дар ҳабси хонагӣ дар Тошканд қарор дорад.
Обама: "Набояд касе ба хотири динаш ҳадаф қарор гирад" Равзана ба ҷахон 14.02.2015 22:14 1357
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қатли се ҷавони мусулмон дар Королинаи Шимолиро бераҳмона номид ва гуфт, дар Иёлоти Муттаҳида ҳеч кас набояд барои динаш мавриди ҳамла қарор гирад.
Тағйири кадрӣ дар Кумитаи дин, Донишкадаи Исломӣ ва ТАЛКО Иҷтимоъ 13.02.2015 20:18 1286
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки то ҳоло раёсати Донишкадаи Исломиро бар дӯш дошт, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард.
Раиси КМИР навори “ҷангу сулҳ”-и ҲНИТ-ро хилофи қонуни интихобот гуфт Сиёсат 13.02.2015 20:16 1297
​Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон навори таҳиякардаи Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро аз нигоҳи онҳо бозгӯ мекунад, хилофи қонуни интихобот донист.
Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад Иҷтимоъ 13.02.2015 20:14 1295
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣқарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.
Ҳисобҳои бонкии “Babilon-M” муваққат озод хоҳанд буд Иқтисод 13.02.2015 20:12 1540
Кумитаи андози Тоҷикистон муваққатан аз даъвояш барои бастани суратҳисобҳои ширкати "Babilon-M" дар бонкҳои кишвар гузаштааст. Додгоҳи олии иқтисодӣ аз онҳо хостааст, то анҷоми баҳс сабр кунанд.
Эрон: Поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст Хабар 13.02.2015 20:11 1267
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои ба гуфтаи ӯ "террористӣ" дар Ироқ ва Сурия, ба поёни умри худ наздик мешаванд.
Овозаҳо дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов Равзана ба ҷахон 13.02.2015 20:09 1587
Овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии Ислом Каримов ва ҳатто ба кома афтодани ӯҳадсзаниҳо дар бораи ояндаи тахти раҳбарии Узбакистонро бештар кардааст.
Аз 100 то 15 ҳазор доллар. “Ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои Тоҷикистон Хабар 13.02.2015 20:07 1159
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, бино ба таҳқиқи онҳо, “ҳаҷм”-и он дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллар будааст.
FBI ба таҳқиқи куштори 3 мусалмон дар Амрико пардохт Хабар 13.02.2015 20:06 1181
Се мусалмоне, ки дар вилояти Каролина, дар шимоли Амрико аз тири як марди 46-сола кушта шуданд, рӯзи панҷшанбе тайи як маросим, ки дар он беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доштанд, ба хок супурда шуданд.