22:07:50 26-уми Ноябри 2026 сол

Хазина аз

А.Антонов: "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон расидааст Сиёсат 11.04.2015 10:32 1384
Ноиби вазири дифои Русия аз ҳузури нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, Маскав барои муқобила бо ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ёрӣ дода, Русияро ҳимоят хоҳад кард.
Зайд Саидов дар додгоҳ: "Ақаллан як гуноҳи маро исбот кунед..." Сиёсат 11.04.2015 10:30 1487
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чанд вақти танаффус ва иваз шудани додрасҳо, ба баррасии парвандаи навбатии Зайд Саид - соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав шурӯъ кардааст.
Рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст Иҷтимоъ 11.04.2015 10:28 1341
Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, бино ба гузориши созмони "Social Progress Imperative" миёни 133 кишвар ҷойи 96-умро гирифта, назар ба соли гузашта як зина поин рафтааст.
Тағйироти бесобиқаи кадрӣ. Ротатсияи маъмулӣ ё азми мубориза бо ришвахорӣ? Сиёсат 09.04.2015 11:03 1492
Коршиносон мегӯянд, тағйироти бесобиқаи кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ дар се рӯзи пеш, аз як сӯ ротатсия ё ҷойивазкунии маъмулӣ бошад, аз сӯи дигар як бахши мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ришвахорӣ низ ҳаст.
Ҷамъоварии имзо барои лағви сафари Эрдуғон ба Эрон Равзана ба ҷахон 06.04.2015 09:32 1396
Бархе аз намояндагони маҷлиси Эрон бо имзогузорӣ зери як нома хостори лағви сафари президенти Туркия ба Теҳрон шудаанд. Онҳо мегӯянд, Эрдуғон бояд аз Эрон барои иҳонати кардааш узр пурсад.
“Истиқлол” – ғолиби панҷкаратаи Ҷоми олии Тоҷикистон Ҷавонон ва варзиш 06.04.2015 09:30 1626
Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, ки бар "Хайр"-и Ваҳдат аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд, барои бори панҷум Ҷоми олӣ ё Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Имсол 50%-и зоирони тоҷикро ширкатҳои Саудӣ то Каъба хоҳанд бурд Иҷтимоъ 06.04.2015 09:29 1167
Мақомоти Арабистони Саудӣ ин шартро пеш гузоштаанд, ки панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои онҳо ва панҷоҳ дарсади дигарро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёрати Каъба бубаранд.
Боздошти 2 тоҷик дар марзи Туркия бо Сурия Хабар 06.04.2015 09:27 1199
Мақомоти вилояти Ғозиёнтеппаи Туркия гуфтанд, ду шаҳвранди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки қасди сафар ба Сурия ва нияти пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доштаанд.
70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман ба Маскав расиданд Иҷтимоъ 06.04.2015 09:26 1229
70 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон 14 кӯдак низ ҳаст, бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав омаданд. Қарор аст, бархе аз онҳо рӯзи якшанбе ба ватан биёянд.
Файзобод: Таъзияи Раҳмон. Як мард зинда аз зери хок берун оварда шуд Иҷтимоъ 04.04.2015 01:04 1646
Ба манзури рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Яккабеди Файзобод, ки боиси марги инсонҳо шудааст, комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷои ҳодиса дидан кард.