17:33:06 16-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Салафиҳои Хуҷанд. Кистанду аз куҷо омадаанд? Иҷтимоъ 10.02.2015 07:43 1221
Додситонии вилояти Суғд дар шарҳи боздошти гуруҳи 11-нафарии пайравони ҷараёни мамнӯи “Салафия” гуфт, танҳо алайҳи ҳафт тани онҳо парванда боз шуда, чор нафарашон ба ҳайси шоҳид баромад хоҳанд кард.
Назари мардум ба қазияи "Шайх Темур" Иҷтимоъ 10.02.2015 07:41 1597
Моҷарои Саидмаҳдихон Сатторов, ё “Шайх Темур”, рӯҳоние аз водии Ҳисор, ки бино ба иддаои муаллифони филми мустанади “Ривояти “Шайх Темур”, худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва ҳатто “Пайғомбари охируззамон” эълон кардааст ...
Баҳси овозхонии занон дар Эрон Равзана ба ҷахон 10.02.2015 07:38 1207
Дар Эрон дар пайи нашри як албоми таронаҳои суннатӣ бо номи “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” баҳсҳо дар атрофи сарояндагии занҳо аз нав дар мегиранд.
З.Саидов хост, парвандаи нави ӯ дар ҳузури хабарнигорон баррасӣ шавад Сиёсат 09.02.2015 12:28 1224
Зайд Саидов - раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав аз раиси Додгоҳи олӣ хостааст, баррасии парвандаи нави ӯ дар ҳузури хабарнигорон сурат гирад, то гунаҳкор ё бегуноҳ буданаш ба ҳама ошкор шавад.
Захмӣ шудани як сарбози тоҷик аз тири "Калашников" Хабар 09.02.2015 12:27 1076
​Як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон бо автомати “Калашников” чанд тир ба худ холӣ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе бистарист. Наздиконаш мегӯянд, то худи ӯҳарфе нагӯяд, ҷузъиёти қазия барояшон номаълум боқӣ хоҳад монд.
Боздошти 11 салафӣ дар Хуҷанд Иҷтимоъ 09.02.2015 12:25 1214
Дар чанд рӯзи охир дар вилояти Суғди Тоҷикистон 11 нафар бо гумони пайравӣ ба ҳаракати мамнӯъи мазҳабии Салафия дастгир шудаанд.Манобеи мо дар мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 8 феврал хабар доданд, ки дар рӯзҳои охир 11 сокини шаҳрҳои Хуҷанду ...
Баҳси сулҳи Украина. 11 феврал дар Минск Равзана ба ҷахон 09.02.2015 12:23 1213
Раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд. Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони шарқи Украина рӯзи 8 феврал идома ёфтанд.
Метадон - ба ҷои ҳероин Иҷтимоъ 09.02.2015 12:22 1128
Роҳи нави табобат - истеъмоли метадон ба ҷои ҳероин - ҳудуди 25 нашъаманд дар вилояти Суғдро аз вобастагӣ ба ҳероин раҳо карда, дар қалби даҳҳо дигар умеди баргаштан ба зиндагии одиро бедор кардааст. Аммо роҳи табобати онҳо роҳе тӯлонӣ ва пурмашаққат будааст.
"Баҳси ғоибона" байни Донишгоҳи тиббӣ ва Сафват Бурҳонов Иҷтимоъ 09.02.2015 12:20 1248
Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон иддаои хабарнигор Сафват Бурҳонов дар бораи ба макони харидуфурӯши дипломҳо табдил ёфтани ин мактаби олиро рад мекунад. Сафват Бурҳонов аммо мегӯяд, ки даъвояш ҳақиқат дорад.
Рамзӣ Шамиров - ҷавонтарин довари дараҷаи байналмилалӣ дар дзюдо Ҷавонон ва варзиш 09.02.2015 12:17 1595
Рамзӣ Шамиров аввалин мутахассиси тоҷик аст, ки соҳиби муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба дзюдо гардидааст.