13:49:33 16-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Обама: "Суханронии Нетаняҳу чизи наве надошт" Равзана ба ҷахон 05.03.2015 15:27 1210
Барак Обама дар вокуниш ба суханронии нахуствазири Исроил дар Конгресси ИМА алайҳи созиши эҳтимолии атомӣ бо Эрон гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу дар суханрониаш ҳеҷ гапи тоза нагуфт ва ҳеҷ роҳи амалиро барои ҳалли ин мушкил пешниҳод накард.
Нигаронии 21 созмон аз эҳтимоли қонунӣ шудани "облава" дар Тоҷикистон Иҷтимоъ 05.03.2015 15:25 1091
Созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ мегӯянд, тарҳи нави қонун дар бораи "ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" дар сурати тасвиб шуданаш "облава"-ро дар Тоҷикистон қонунӣ хоҳад кард. Иддаое, ки мақомот қабул надоранд.
Дусад муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ҷангҳои Сурия рафтаанд Хабар 05.03.2015 15:23 982
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, то кунун 200 ҷавони муҳоҷири тоҷик майдонҳои кор дар Русияро ба майдонҳои ҷанг дар Сурия иваз кардаанд.
Ба кӣ бовар кунем? Ба ТВ? Ба радио? Ё ба Интернет? Матбуот 05.03.2015 15:20 1426
Як пурсиш маълум кардааст, ки беш аз нисфи ҷавонон дар Тоҷикистон ба дурустии ахборе, ки аз матбуот мегиранд, чандон бовар намекунанд. Пиронсолон баръакс ба гуфтаҳои расонаҳои давлатӣ эътимод доштаанд.
Аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам карда шуд Иҷтимоъ 05.03.2015 15:19 1099
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми Шӯҳрат Қудратов - муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва вакили зиндонии Зайд Саидовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст. Қудратов моҳи январи соли ҷорӣ ба 9 соли маҳбас маҳкум шуда буд.
Шикояти ҲНИТ аз боздошти чандин узваш дар Хатлону Суғд Сиёсат 03.03.2015 09:24 1289
Ситоди ҲНИТ мегӯяд, як рӯз баъд аз интихобот дастикам 3 тан аз раҳбарони маҳаллиаш ва "чандин нафари дигар" дар вилоятҳои Суғду Хатлон дастгир шудаанд.
"Шикаст"-и ҲНИТ. Тарс аз "Давлати исломӣ" ё талоши ҳифзи қудрат? Сиёсат 03.03.2015 09:23 1230
Аз парлумон берун мондани ҲНИТ як тафовути умдаи ин кишварро аз ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ аз байн бурд ва то ҷое нишонаҳои барномаи ояндаи ҳукуматро ошкор намуд.
Натиҷаҳои интихобот мухолифинро дар ҳоли шок андохт Сиёсат 03.03.2015 09:21 1140
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, натиҷаҳои интихоботи якуми мартро қабул надоранд ва баъд аз ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбашон баҳои ниҳоии худро хоҳанд дод.
М. Ҳарасти: Фарқи ҳукумат аз ҳизби ҳоким маълум набуд Сиёсат 03.03.2015 09:20 1284
Миклош Ҳарасти, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо гуфт, дар интихоботи Тоҷикистон фарқи байни президент, ҳукумат, ҳизби ҳоким ва ниҳодҳои интихоботӣ зиёд маълум намешуд.
Нозирони САҲА: Кафолати одилона шумурдани овозҳо вуҷуд надошт Сиёсат 03.03.2015 09:17 1301
Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи Тоҷикистон дар як шароити маҳдуди сиёсӣ гузашт. Аммо нозирон аз СНГ ва созмони Шанхай ин маъракаро демократӣ номиданд.