21:19:17 13-уми Августи 2026 сол

Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд

Дар Теҳрон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири додгустарӣ (адлия)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Аскар Ҷалолиён баргузор гардид.

Safir-vazorati-adliyaТавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои муҳими равобити дуҷониба, аз ҷумла таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, пайгирии иҷрои санадҳои баимзорасида байни мақомоти дахлдори ду мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони тарафҳо ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷониба баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъдаи ду мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ