Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 118,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,2 миллион сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 12 август Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Шумораи корхонаю коргоҳҳои саноатӣ аз 191 адад дар аввали соли ҳисоботӣ ба 207 адад дар ҷамъбасти шаш моҳи соли 2026 расонида шуд. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар ҳудуди вилоят 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, 105 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ин шумора то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зиёд мегардад»,–иттилоъ дод раиси вилоят.
Шарифхон Сафарзода гуфт, ки дар вилоят ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол шумораи корхонаю коргоҳҳои нав афзоиш меёбад.
АМИТ «Ховар»
















