21:16:37 13-уми Августи 2026 сол

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд

11 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия баргузор гардид.

Voh-rii-vaziri-kor-oi-hori-bo-muovini-parlumonii-vaziri-kor-oi-hori-ii-oponТавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба табодули афкор доир шуд. Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Ҷопон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, инчунин ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.

Хусусан аҳаммияти иҷрои тавофуқоте, ки роҳбарони давлатҳо дар доираи Саммити «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ба даст овардаанд, инчунин татбиқи амалии онҳо бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон таъкид гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои санадҳои муштарак, аз ҷумла мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)» ва   зеристгоҳи низоми интиқоли барқи Душанбе баргузор гардид.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ