04:00:02 16-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» 3 ҳазор занон ва кудаконро бо ҷурми ҷодугарӣ ба қатл расонданд Хабар 05.07.2015 23:12 894
Ҷангиёни «Давлати исломӣ» 74 кӯдакро, ки ба ҷодугарӣ гумонбар дониста мешуданд, ба қатл расониданд.
Султони Ҳамад: “Шикасти сулҳ дар Тоҷикистон бар зарари минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд” Сулҳ, оштӣ, ваҳдат 02.07.2015 00:26 2899
Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри Кароматулло бо СултониҲамад, муовини пешини раҳбариҳайати баландпояи низомиву сиёсии Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон (ИНОТ) оид ба татбиқи Протоколи Хустдеҳ.
Стратегияи нави Аврупо барои Осиёи Марказӣ: Авлавият ба ҳамкориҳои дуҷониба Сиёсат 02.07.2015 00:20 1448
Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои минтақа бо ҳазинаи беш аз 1 миллиард евро, ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақаро дар авлавият қарор додааст. Қаблан сиёсати Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо иҷрои стратегия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) бештар ҳамкориҳои минтақавӣ, яъне муштарак бо ҳама кишварҳоро дар назар дошт.
Дахолати генерал Шералӣ Мирзо ба қазияи марги як сарбози қаторӣ Иҷтимоъ 02.07.2015 00:18 1455
Вазири дифои Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд фармондеҳони қисми низомии 04080 дар ноҳияи Конибодомро иваз кардааст. Як моҳ пеш дар ин қисми низомӣ як сарбоз бар асари латукӯби ҳамхидматонаш ҳалок шуда буд.
Тақозои 18 соли зиндон барои "Шайх Темур" Иҷтимоъ 02.07.2015 00:16 1249
Айбдоркунандаи давлатӣ ва ё додситони парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба Шайх Темур аз додгоҳ хостааст, ин рӯҳониро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба 18 соли зиндон маҳкум кунад.
Чаро Бонки миллӣ аз 200 кормандаш даст мекашад? Иқтисод 02.07.2015 00:15 1643
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷаласаи рӯзи 25 июни раёсати ин бонк, сохтори нав қабул гардид, ки ихтисори 197 нафарро дар назар дорад. Сохтори таҷдидшудаи Бонки миллӣ аз 1 сентябри соли равон бо 492 корманд дар дастгоҳи марказӣ ва 306 корманд дар шӯъбаҳои минтақавӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Ҷанги ду авлод дар Қумсангир: як куштаву се захмӣ Иҷтимоъ 02.07.2015 00:12 1299
Дар пайи ҷанги ду хонавода дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ"-и ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон пардохти электронии андоз ҳатмӣ шуд Иқтисод 02.07.2015 00:10 1900
Сар аз рӯзи чоршанбеи 1-уми июл ширкатҳо дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, танҳо тариқи электронӣ ба Кумитаи андоз дар мавриди падохти молиёт аз арзиши иловашуда ва ё НДС гузориш бидиҳанд.
Н.Қосим: "Дар 5 сол назму насри назаррас надидам" Адабиёт ва фарҳанг 30.06.2015 23:28 1721
Насли нави нависандагони Тоҷикистон аз Низом Қосим ислоҳоте дар фаъолияти Иттиҳоди нависандагон - ин ниҳоди маъруф ба "созмони кӯҳансолон” интизоранд.
Ҳукми "Шайх Умеди Салафӣ" ва сирри пулҳои салафиҳои тоҷик Иҷтимоъ 30.06.2015 23:26 1688
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Умед Ҷабборов, маъруф ба “Шайх Умеди Салафӣ”-ро бо ҷурми барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ба панҷуним соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.