22:12:13 15-уми Августи 2026 сол

Хазина аз

Дар Симферопол фаъоли тотор Эскандер Небиев боздошт шуд Хабар 12.10.2015 22:40 1105
Шоми 9 октябр дар Қрим собиқ наворбардори шабакаи телевизионии тоторҳои Қрим ATR Эскандер Небиев боздошт шуд.Вай ҳамзамон писари гумонбар ба ҳамла ба истгоҳи ёрии таъҷилӣ дар Симферопол Бекир Набиев мебошад.
Барои маълумот дар бораи ҳамлагар ба хабарнигор дар Алмаато ҷоиза дода мешавад Хабар 12.10.2015 22:37 1327
Соҳибкори қазоқ Ерлан Нурпеисов барои маълумот дар бораи нафаре, ки журналист ва блогнавис Ботогоз Жумановаро дар Алмаато латукӯб кард, ҷоиза эълон кард. Вай дар сафҳаи худ дар шабакаи Facebook навишт, ки барои чунин иттилоъ 100 000 тенге медиҳад ва аз тоҷирони дигар даъват кард, ки «барои иттилоъ ба хабардиҳанда ҷоизаро ....
Дар Москва аз «амали нави террористӣ ҷилавгирӣ шудааст» Хабар 12.10.2015 22:35 1141
Даҳ шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Москва ба гумони омода кардани амали террористӣ боздошт шуданд. Дар ин бора «Интерфакс» ба нақл аз ниҳодҳои интизомӣ хабар додааст. Аз боздоштудагон таҷҳизоти тарканда бо иқтидори қариб панҷ килограмм тротил мусодира шудааст.
Мухолифони Асад дар Сурия аз дахолати Русия норозиянд Хабар 12.10.2015 22:33 1187
Мухолифони Сурия тасмим гирифтанд, ки аз ширкат дар музокироти сулҳ барои ҳалли бӯҳрони амиқи сиёсиву низомӣ дар ин кишвар ба далели мудохилаи Русия ба ин даргирӣдаст кашанд.
Эътирози интихобкунандагони норозӣ дар Минск Хабар 12.10.2015 22:31 1086
Дар Минск шоми якшанбе баъд аз анҷоми раъйдиҳӣ дар интихоботи раиси ҷумҳур даҳҳо нафар дар назди бинои ҳукумати Белоруссия даст ба гирдиҳамоӣ заданд.
Дар Ӯзбекистон ду муаллимаи макатаб бо шабномаҳои ДИ боздошт шуданд Хабар 12.10.2015 22:29 1166
Ду муаллимаи мактаби миёнаи №4 дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ба гумони паҳн кардани шабномаҳои «Давлати исломӣ» боздошт шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи бахши маорифи шаҳр муаллимаҳо 8 октябр дар пайи як амалиёти вижаи ниҳодҳои амниятии Ӯзбекистон ва дар телефонҳои мобилии онҳо ошкор шудани маводи талиғотии ДИ боздошт шудаанд.
Тошканд ва Ашхобод аз вазъ дар Афғонистон нигаронанд Хабар 12.10.2015 22:27 1043
Вазъ дар Афғонистони ҳамсоя мавзӯъи асосии дидори раисони ҷумҳури Ӯзбекистон ва Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 октябр дар Тошканд буд.
Гурӯҳи генерал ва адмиралҳои Амрико ба Тоҷикистон сафар мекунад Хабар 12.10.2015 22:26 1058
Гурӯҳи генерал ва адмиралҳои тозатаъини амрикоӣ тибқи барномаи омӯзишии «CAPSTONE» ба Тоҷикистон сафар кардаанд, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Душанбе.
Сокинони Оқ-Сой роҳи мошингарди Ворух-Исфараро боз карданд Хабар 12.10.2015 22:25 993
Сокинони деҳаи наздимарзии Оқ-Сойи Қирғизистон роҳи мошингарди транзитии байни Ворух ва қаламрави аслии Тоҷикистонро боз карданд. Дар ин бора сардори раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ботканди Қирғизистон Болотбек Кундузов хабар дод.
Туркия метавонад тиҷораташро бо Русия ҷиддан коҳиш диҳад Хабар 12.10.2015 22:24 912
Туркия метавонад аз харидории гази русӣ ба далели вайрон кардани ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути ҳавопаймоҳои низомии Русия даст кашида, сохтмони нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро, ки Русия месозад, қатъ кунад.