"ХУДОЁ, ОБОД КУН ВАХЁИ МОРО"
Ин тарона, ки соли 1990 дар дили кӯҳистони Вахё, дар сафари бозгашти падари азизи мо Султони Ҳамад ба зодгоҳаш таваллуд шудааст, на танҳо як шеър, балки як эҳсоси зинда ва як орзуи ширин аст.
Вахё, ин гӯшаи ҷовидонии Тоҷикистони азиз, ки дар тӯли солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ муҳоҷират, харобӣ ва фаромӯширо дида буд, дар дили ин шеър ҷон мегирад. Султони Ҳамад бо дидаи пурмеҳр ва дили пурдарди худ, аз Ёнур то марқади ҳазрати Бурх, ҳар як деҳаро ба ном мегирад ва дарди харобию орзуи ободиро бо лаҳни ширин ба назм мекашад:
"Худоё, шод кун Вахёи моро,
Зи нав обод кун Вахёи моро.
Гирифторем дар банди ҷудоӣ,
Зи ҳаҷр озод кун Вахёи моро."
Дар ин сатрҳо ҳам дарди муҳоҷират ва ҳам умеди бозгашт бо ҳам омехта шудаанд. Аммо ин танҳо як нигоҳ ба гузашта нест, балки як дуъои самимӣ барои оянда аст. Хушбахтона, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд. Вахё, дар қатори дигар шаҳру ноҳия ва минтақаҳои кишвар, аз нав обод шуда истодааст:
"Аё марди ватандори Шпилюн,
Ҳама рӯзи ту хуш боду ҳумоюн."
Ин тарона садои дили он мардумест, ки зодгоҳашонро чун ҷон дӯст медоранд. Дӯст доштани зодгоҳ поя ва пойдевори дӯст доштани Ватан аст.Он дар асл, як эҳсос аст, ки аз хурд ба бузург мерасад: аз як гушаи хок, ба тамоми сарзамин, аз як деҳа ба тамоми кишвар. Ин муҳаббат на танҳо дар шеър, балки дар дили ҳар фарди тоҷик зинда аст.
Ватан аз зодгоҳҳои бешумори хурд иборат аст. Ҳар кас зодгоҳи худро дӯст медорад, зеро он ҷои аввалин пайванд бо хок, об, ҳаво ва инсонҳост. Ин муҳаббат таваллуд мешавад, рӯшд мекунад ва ба муҳаббати тамоми сарзамин табдил меёбад. Ба ибораи дигар, зодгоҳ "чакомаи" муҳаббати Ватан аст.
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ин таронаро таҳрир намуда, ба он завқу салиқаи баланди бадеӣ бахшидааст. Биёед ин садои покро бишносем ва якҷо бо шоир дуъо кунем:
"Худоё, обод кун Вахёи моро!
то ки ин гӯшаи биҳиштосои Ватан ҳамчун рамзи субот, ваҳдат ва зебоӣ то абад дурахшад.
Худоё, шод кун Вахёи моро,
Зи нав обод кун Вахёи моро.
Гирифторем дар банди ҷудоӣ,
Зи ҳаҷр озод кун Вахёи моро.
Маро дар сина чун нур аст Ёнур,
Қариби дил, вале дур аст Ёнур.
Касе ҳусну ҷамолашро набинад,
Ба олам то абад кӯр аст, Ёнур.
Макони кафтарӣ, Кафтаргузар, ту,
Ҷавори ахтарӣ, Кафтаргузар, ту.
Баҳорон он қадар дорӣ малоҳат,
Чу як шоҳдухтарӣ, Кафтаргузар, ту.
Фидои ту манам, Деҳи Баландам,
Адои ту манам, Деҳи Баландам.
Шаҳӣ дар мулки дигар ман нахоҳам,
Гадои ту манам, Деҳи Баландам.
Аҷаб форам ҳавои Косагардун,
Ба ҷону тан давои Косагардун.
Вафодорӣ намо боре чу фарзанд,
Бубин умре вафои Косагардун.
Замоне буд, эй марди Хулозӣ,
Ба гелосат намудӣ сарфарозӣ.
Расида вақти он к-имрӯзу фардо
Ту бо шерони майдонат бинозӣ.
Ба рӯзи сахтиҳо дидам Пашорат,
Зи яъс онҷо надидам ман ишорат.
Ҳавою обу мардуми ғаюраш,
Зи пирӯзӣ диҳад моро башорат.
Зи ҷон ман васф месозам Разакро,
Ба деги нанг ҷӯшида ҷазакро.
Ба роҳи ҳақ нагирад ҳеҷ халқаш
Адуи каҷдилу роҳи каҷакро.
Муқаддас сарзамине Ёзғанд аст,
Худоро нозанине Ёзғанд аст.
Алайҳи душманони хоки кишвар
Камоне дар камине Ёзғанд аст.
Миёни деҳаҳо боло Сағирдашт,
Бувад ҷон дар тани Вахё Сағирдашт.
Чи қашшоқ аст халқаш, вой бар мо,
Бувад ҳарчанд пуртилло Сағирдашт!
Аё марди ватандори Шпилюн,
Ҳама рӯзи ту хуш боду ҳумоюн.
Надонам, бе ватан ҳоли ту чун аст,
Ватан бошад ба ёдат синапурхун.
Пунарвоғ, эй Пунарвоғ, эй Пунарвоғ,
Муҳоҷир сокинонат, синаат доғ.
Ба нанг оянд шояд зодагонат,
Биёбони туро созанд гулбоғ.
Зиёву нури дин аз Иштиюн аст,
Ҷилову зӯри дин аз Иштиюн аст.
Бувад бисёр ҳар ҷо шайху сӯфӣ,
Вале Мансури дин аз Иштиюн аст.
Равон оби хурӯшон дора Сайёд,
Аҷаб меҳри дурахшон дора Сайёд.
Ғизолу кабки ӯ ҳар сӯ гурезон
Зи ҳоле, ки парешон дора Сайёд.
Чи ноҷӯр аст ҳоло Ҷӯри Вахё,
Замоне гарчи будӣ нури Вахё.
Бувад мӯҳтоҷи некӯ заргаронаш,
Ба олам то дурахшад дурри Вахё.
Садафмарҷони ғелон оби Юзман,
Гумонам, шаҳди резон оби Юзман.
Чу тифле аз канори модари зор,
Ба водиҳо гурезон оби Юзман.
Қади духтар сафедорони Лоҷурк,
Чу мӯи сар харидорони Лоҷурк.
Вале зору ҳақиру нотавон аст,
Куҷоед, эй ватандорони Лоҷурк?!
Сафар кардам савору ҳам пиёда,
Ба мулку қаряву деҳи зиёда.
Ба манзар дилкашу лекин валангор,
Надидам деҳае мисли Пусода.
Аё марде, ки аслат Сарха бошад,
Макони наслату бурҷу Сарха бошад.
Чӣ меҷӯӣ висоли моли дунё?
Ҳама бояд, ки васлат Сарха бошад!
Ғузоводӣ, қафои ғӯза рафтӣ,
Ғизо мондӣ, паи дарюза рафтӣ.
Ба мисли ташнае бошӣ, ки акнун
Лаби обу зи дасташ кӯза рафтӣ.
Бувад дармони садҳо дарду кулфат,
Чиварғу чукриву торуни Урфат.
Пур аз дардему з-онҳо бенасибем,
Дар ин ҷо дӯстону ёру улфат.
Скадчиро агар ёд аз Скад нест,
Талабгори Худованди аҳад нест.
Бувад меҳри Ватан як ҷузъи имон,
Ба ҷуз имон дигар чизе абад нест.
Сари ҳар санги Роға тахт бошад,
Қадам дар хоки Роға бахт бошад.
Бувад ганҷинааш дар сина пинҳон,
Чу хоби халқи Роға сахт бошад...
Ба олам шуҳра бошад дони Арзунк,
Саховатманд дастархони Арзунк.
Ватанрову раҳи ҳақро вафодор,
Бубояд буд чун эшони Арзунк.
Аё марди ғариби Сангворӣ,
Ватан гум кардаӣ, парво надорӣ.
Нашояд инчунин таҳқири модар,
Ки охир мекашӣ хориву зорӣ!
Аҷаб дашти кушоде дора Найгуфт,
Ба як кишвар маводе дора Найгуфт.
Паи ободияш бояд бикӯшад,
Агар як босаводе дора Найгуфт.
Дарахтакдеҳ дари Дарвоз будӣ,
Миёни қаряҳо шаҳбоз будӣ.
Кунун шаҳбозро болаш шикаста,
Куҷо бе мо варо парвоз будӣ?
Бирафтӣ, н-омадат чун ёди Дарғаз,
Насими фораму хушбоди Дарғаз?
Ҳаёт аз нав шавад ширини дилҳо,
Агар пайдо шавад Фарҳоди Дарғаз.
Ба хок оҳиста мондам ҳар ду пайро,
Зи сар то бар назар кардам Нусайро.
Чи тӯфоне, чи наҳсе бар сараш рехт,
Магар дидам харобиҳои дайро?
Бирав, бишнав нидои ҳазрати Бурх,
Бикун ҷонро фидои ҳазрати Бурх.
Куҷо гардад қабул ин ҳотамият,
Набошӣ гар гадои ҳазрати Бурх.
PS: Бо шарофати технологияҳои навин, имрӯз шароите фароҳам омад, ки порчае аз ин тарона тавассути ҳуши маснуъӣ бо риштаи мусиқи ороста гардад. Меҳнат хоҳем кашид, то дар оянда тамоми ин таронаро пурра ба забонҳои нотиқ оварем ва садояш ба ҳар кунҷи Вахё ва берун аз он бирасад.
“Рӯзгор”
















