02:11:13 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Агар аз ту ёд ояд...

7 -уми январ зодрӯзи сарояндаи маҳбубу нотакрор Муқаддас Набиева.

Ман ӯро ба баҳор монанд мекунам, ба баҳори суруд. Шумо тааҷуб накунед. Суруд ҳам баҳор дорад. Баҳори сабзу шукуфон, баҳори гулафшон.Баҳоре, ки танҳо як бор меояд, як бор ҳама ошиқаш мешаванд, як бор ба дилҳо шӯру шавқи фузун мемонад.

muqaddas nabieva 212145Ӯ баҳоре буд зеби "ГУЛШАН", баҳоре буд ,ки ҳама гулҳои хушрангу хушбӯи эҳсоси дили пуртабу тобашро ба мардум бахшида, баҳоре буд ба қашангӣ ва рангу бӯи тоза беназир. Баҳори нотакрор ва пурфасонае буд Муқаддас дар дунёи суруд.

То умр боқист, магар ёди чунин баҳор аз ёд меравад? Шарораи хотираҳо ёд аз ӯ меоранд . Шарораҳо гарми медиҳанду чеҳраи ошнову пуртабассуми ӯ пеши назар меояд. Шарораҳо нур мепошанду аз қаъри шоми сокит, аз дунёи афсаронаҳо, аз дуродур овози ҷонбахши ӯ буррою ҷозиб акс мешавад : "Шарораи хотираҳо..."

Хотираҳо, хотираҳо. Онҳо магар гузаштаю имрӯзаро намепайванданд? Онҳо магар наҷобату некиро дар дилҳо зинда намедоранд? Чӣ хуш, ки дар шуури мо, дар эҳсоси мо хотираҳо ҳастанд. Ва бигзор мудом бошанд ...

Ӯ баҳори суруд буд. Баҳори гулоғӯш, баҳори хуштаровату нотакрори суруд. Баҳоре буд ки ба олами ҳунар дигар намеояд лек дар дунёи дилҳо ҳама умр сабзу покиза маҳфуз монда .

Аз ин баҳор хушрангтарин гулҳои хотира ба ёдгоранд.

Ӯ Муқаддас буд , Муқаддас монд бо сурудҳои дилошӯб ,овози фораму ҷозиб, хулқу атвори нек , фазилатҳои наҷибаш. Ба рӯзи марги нобаҳангоми ӯ даҳ баҳор пур мешавад , вале ӯ ҳамон баҳори суруд аст ба ҳусну нафосат ягона ва беназир. Суруде ,ки аз умқи дил буруд омаду ба дилҳо роҳ ёфт, намемирад, соҳиби он ҳам.

Агар Аз Ту Ёд Ояд

Дар ҷои кор мудири хоҷагӣ Зоя Константиновна калидро доду таъкид намуд;

- Ошёнаи дуюм. Хонаи нӯҳум.

- Баъди хӯроки нисфирӯзӣ каме вақт доштам. Кӯчаи Свириденко наздик буд. Пеш аз овардани кӯчу бор хонаро дидан хостам.

Ин бинои истиқоматӣ собиқ радио будааст. Ду хонаашро хобгоҳ кардаанд, ки яктои он хонаи нӯҳум буд.

Ба ошёнаи дуюум баромадам. Дари хона қулф буд. Қулфро кушода вориди хона шудам. Он хурдакак буд. Як сӯ кати хоб. Пушт ба дар шифонери сетабақа меистод. Рӯи фарш шолчаи оддии рах -рах густурда ,як табақи тиреза нимроғ насими аввали баҳор тури сафеди онро сабук алвонҷ медод. Дар кунҷ рӯи курсичае оинаи на онқадар калоне меистод. Назди оина чашмам ба шона , қуттичаи зард ва як сурати духтараки шаҳлочашму хуштабассум афтод. Беихтиёр суратро ба даст гирифтам "Муқаддас! " ба забон овард дил. Ӯро ғоибона мешинохтам. Бо суруди шевою машҳури мардумияш "Чакра".

- Ана ман омадам, - бегоҳи пас аз салому алейк гуфтам ба Муқаддас,ки аз бору бухчаи остонаи дар шояд мақсади омаданамро алакай фаҳмида буд.

- Ҳа,ин шумоен. Марҳамат,будроен, - каме мушавваш таклиф кард ӯ.

- Ҳозир ёри медиҳам.

"Таъбаш хира. Шояд норозӣ бошад" фикр кардам. Хаёли ноҷоям дере нагузашта пароканда шуд.

- Мабодо ман шуморо нороҳат накардам? ким чӣ хел бастаи ҳиҷолати беасос пурсидам.

- Не, не, табассуми нозуке дар лабонаш дамид. Хуб кардед, ки ҳозир омадед, ҳамааш фаромӯш шуд. Имрӯз дар ҷои кор каме хафа шудам...

- Ана ҳамин хел, - баъди ҳамаро ҷо ба ҷо карда шуданамон рӯи диван як паҳлу нишаст Муқаддас ва як зарбулмасали русиро ба забон оварду дар тарҷумааш душворӣ кашид, саволомез ба ман нигарист.

- Яъне, ки дар танги бошему ....чӣ?

- Ҷангӣ набошем, - фавран шӯхиомез гуфтам .

- Рост! - якбора аз таҳти дил хандид Муқаддас. Хандаи ӯ аҷаб хушсадо буд.

- Ба ҳар ҳол инҷо аз иҷора беҳтар не?

- Албатта. Аққалан барои он ,ки моҳе се сӯм хонапулӣ медиҳию халос, - нимҳазлу нимҷиддӣ ӯро санҷидани шудам.

- Наздикияш чӣ?   Ба ту... - Муқаддас якбора каме изо кашиду зуд худро ислоҳ кард. -Ба шумо на троллейбус савор шудан лозиму на автобус...

Муқаддас ба давоми гапаш чизе илова карданӣ буд , вале лаҳзае ба сукут рафта беихтиёр пурсид :

- Мебахшед, Шумо чанд сола?

- Соли таваллудам 1950.

- Аҷоиб. Пас ҳарду ҳамсолем , - ба шавқ омад ӯ. - Ин хел бошад якдигарро "ту-ту" гӯем чӣ? - рӯирост баён кард ӯ. - Ба ман "шумо-шумо" гуфтан маъқул не.

Ман бо нимтабассум самимияти ӯро тарафдорӣ кардам.

- Майлат.

Ин моҳи марти соли 1975 буд.

Аз китоби "ШАРОРАИ ХОТИРАҲО" - ЛАТОФАТ КЕНҶАЕВА. Душанбе, Адиб 1992.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi